Неругоҳи офтобӣ дар нуқтаи баландтарини Осиёи Марказӣ

№146 (4729) 27.11.2023

Неру — копия

Дар зарфи 32 соли соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон раванди ободонию созандагӣ дар ҳар як гӯшаю канори Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон ба таври назаррас мушоҳида мегардад. Ноҳияи Мурғоб, ки яке аз дурдасттарин ноҳия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон ба ҳисоб меравад, бо дастуру ҳидоятҳои Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон рӯз аз рӯз рушд ёфта, дар ин минтақаи баландкӯҳи кишвар иншооти таъиноти гуногун сохта, мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шудаанд.

Имрӯзҳо ноҳия ба рӯйхати минтақаҳои афзалиятноки мамлакат шомил гардида, дар доираи сафари Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон 10 иншооти аҳамияти иқтисодию иҷтимоидошта мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуданд. Бунёд ва ба истифода додани майдони Нишони давлатӣ, Парчами давлатӣ, Боғи фароғатию истироҳатӣ, Маркази тавонбахшӣ аз ҷумлаи онҳо мебошанд.

Таъмини аҳолии деҳаҳои дурдаст бо «неруи сабз» мавқеи устувор дошта, ба беҳбудии сатҳу сифати зиндагии сокинони деҳот ва рушди дигар бахшҳои иқтисодии ноҳия такони хубе хоҳад бахшид.

Ноҳия иқлими ба худ хос дошта, зимис­тонаш қаҳратун мебошад. Аз ин сабаб Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон барномаи бо «энергияи сабз» таъмин кардани ноҳияро тарҳрезӣ намуда, дар чанд соли охир муваффақ ҳам гашт. Ба ин васила, садҳо иншооти таъиноти иқтисодию иҷтимоидошта бунёд гардида, шароити хуби кор муҳайё шудааст.

Дар баробари ифтитоҳи як зумра иншоот, аз қабили Неругоҳи барқи обии «Тоҷикис­тон», бахшида ба ҷашни Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳия бо дастгирии Ҳукумати мамлакат ва шарикони рушд неругоҳи офтобӣ бо тавоноии 600 кВт мавриди баҳрабардорӣ қарор дода шуд. Лоиҳакаш ва пудратчии иншоот ҶДММ «Памирэнергосервис» буда, корҳои сохтмонӣ дар иншоот аз моҳи апрели соли 2023 оғоз гардиданд. Ин неругоҳи офтобӣ дар Осиёи Марказӣ дар нуқтаи баландтарин сохта шуда, ҳамто надорад.

Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади пурра бартараф намудани мушкилоти норасоии неруи барқ дар деҳаҳои дурдасти ноҳияи Мурғоб бо харҷи маблағи беш аз 1 миллиону 379 ҳазор доллар дар ҳамдастӣ бо шарикони рушд ба бунёди неругоҳи офтобӣ шурӯъ намуд. Ба ин мақсад дар деҳоти ноҳия 1060 панели офтобӣ васл гардид. Бо васлу насби панелҳои офтобӣ таъминоти неруи барқ ба сокинони ин ноҳия ба тадриҷ беҳтар гардида, фаъолияти коргоҳу корхонаҳои нави саноатӣ беҳбудӣ хоҳад ёфт.

Неругоҳи барқи офтобии «Мурғоб» нахус­тин лоиҳаи саноатӣ дар миқёси кишвар мебошад, ки метавонад аз ҷониби ширкатҳои энергетикӣ ва ташкилотҳои донорӣ дар дигар соҳаҳо истифода шавад.

Имрӯз бо боварӣ бояд гуфт, ки Ҳукумати мамлакат дар солҳои минбаъда ноҳияи Мурғобро бо барқи устувор таъмин карда, ба рушду пешрафти минбаъдаи иқтисодиёту иҷтимоиёти ин минтақаи баландкӯҳ ва умуман вилоят шароити васеъ фароҳам хоҳад овард. Аз таҷрибае, ки дар натиҷаи бунёди Неругоҳи барқи офтобии «Мурғоб» ба даст омад, минбаъд метавон тибқи он, дар ҷумҳурӣ соҳаи энергияи тозаро афзоиш дод. Минбаъд ширкати «Помирэнерҷи» кӯшиш дорад, ки деҳаҳои дурдасти вилоятро бо чунин тарз бо неруи барқи офтобӣ таъмин намояд.

Баҳри дар сатҳи баланд таҷлил намудани Ҷашни 35 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Мурғоб сохтмони 107 иншооти таъиноти гуногун бо маблағи харҷномавии беш аз 125 миллион сомонӣ бомаром идома дорад.

Дар муддати кӯтоҳ дар маркази ноҳия — шаҳраки Мурғоб ва ҷамоати деҳот бунгоҳҳои тиббӣ, инфрасохтори соҳаи сайёҳӣ, муассисаҳои нави таълимӣ, коргоҳу корхонаҳои саноатӣ ва иншооти ҳаётан муҳим бунёд гардида, мардуми шарафманду сарбаланди ноҳия зери сиёсати оқилона ва хирадмандонаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зиндагии осудаҳолона доранд. Сокинони баландкӯҳи Мурғоб аз рушду пешрафти ноҳия дар замони соҳиб­истиқлолии мамлакат изҳори қаноатмандӣ намуда, ба Ҳукумати кишвар ҷиҳати таъмини зиндагии шоиста ва рушду пешрафти тамоми бахшҳои ҳаётан муҳим, хоса таъмини аҳолӣ бо «неруи ­«сабз»-и офтобӣ, арзи сипос баён менамоянд.

Ш. ШОҲҚОСИМОВ,

ноҳияи Мурғоб