Ҳарчанд оиладорӣ амали муқаррарӣ намояд, аммо масъулияти зиёд доштани онро фаромӯш набояд кард. Шахсе, ки аз оилаи солим маҳрум мемонад, на танҳо дар ҷомеа мавқеъ намеёбад, балки мушкилоти онро афзунтар мекунад.
Аслан хонадоршавӣ набояд аз рӯи ҳавою ҳавас бошад ва барои барпо кардани оилаи мустаҳкаму устувор интихоби ҳамсар муҳим аст, то дар мушкилоти зиндагӣ дастгири ҳамдигар бошанд. Дар ин ҷода падару модар нақши муҳим дошта, намуна дар зиндагӣ ба ҳисоб мераванд. Ин нукта дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) низ баён шудааст: «Бояд гуфт, ки масъалаҳои маърифати оиладорӣ, баланд бардоштани масъулияти падару модарон дар таълиму тарбияи фарзанд, омода кардани фарзандон ба ҳаёти мустақилона ва пойдории оила аз ҷумлаи проблемаҳое мебошанд, ки диққати доимии тамоми мақомоти давлатӣ, муассисаҳои таҳсилотӣ ва кулли аъзои ҷомеаро тақозо мекунад».
Ҷудошавиро умуман бемаврид донистан ва онро манъ кардан қобили қабул нест, зеро ҳолатҳое ҳастанд, ки инсон маҷбур мешавад ба ин васила зиндагии худ ва дигаронро сабук созад. Вале гуфтан зарур аст, ки чунин ҳолатҳо шарту шароитҳои хос доранд. Дар ин маврид зиёд ба мақомоти судӣ муроҷиат менамоянд. Сабабу омилҳои ба суд муроҷиат кардани шаҳрвандон гуногунанд.
Тавре таҳлилҳо нишон медиҳанд, дар оила асосан ҳуқуқҳои занҳое поймол мешаванд, ки маърифати ҳуқуқии онҳо паст аст. Чунончӣ, баъди бекор шудани ақди никоҳ доир ба рӯёнидани алимент мушкилӣ ба миён меояд. Мард бо ҳар баҳона аз додани алимент саркашӣ мекунад. Ҳол он ки мувофиқи талаботи Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон, сарфи назар аз набудани созишнома дар бораи пардохти алимент, то расидан ба синни балоғат барои нигоҳубини фарзанд алимент муайян карда мешавад. Ба шаҳрвандони бо ин мушкилот муроҷиатнамуда дар доираи талаботи қонунгузорӣ кумак расонида мешавад.
Мавриди баҳсҳои судӣ қарор гирифтани масоили оилавӣ низ гуногунанд. Хушбахтона, қисме аз онҳо таври мусбӣ ҳал мешаванд. Баъзе волидон сабабҳои ҷанҷол ё норозигии писару духтари худро дуруст нафаҳмида, аз кибру ғурур ё сари ҷаҳл тақозои ҷудошавии онҳоро мекунанд. Баъди муқаррар намудани муҳлати оштӣ, ки мутобиқи муқаррароти Кодекси оилаи Ҷумҳурии Тоҷикистон пешбинӣ шудааст, тарафҳо камбудиҳои худро фаҳмида, ба мувофиқа меоянд.
Ҳолатҳои зиёде ба назар мерасанд, ки ҷавонон ба зиндагии мустақилона омода нестанд.
Сабаби дигари вайроншавии оилаҳои ҷавон паст будани маърифати оиладорӣ ва надонистани муқаддасоти он мебошад. Биноан, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар Паёми худ ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (23 январи соли 2015) чунин пешниҳод намуданд:
«Бо дарназардошти аҳамияти масъала, мувофиқи мақсад аст, ки дар синфҳои болоии мактабҳои таҳсилоти умумӣ курсҳои махсуси таълими маърифат ва одоби оиладорӣ ба роҳ монда шавад».
Амалӣ шудани ин дастури Сарвари давлат имкон медиҳад, ки дар барпо намудани оила ва таъмини пойдории он муносибат ҷиддитар гардад.
Мавҷуда Қосимзода, судяи Суди ноҳияи Фирдавсии шаҳри Душанбе