Аз ҷониби Академияи илмҳои кишоварзии Ҷумҳурии Тоҷикистон даҳ намуд ниҳоли мевадиҳанда, ҷамъ 1200 бех ниҳол, ба Вилояти Мухтори Кӯҳистони Бадахшон фиристода шуд. Ниҳолҳо бо супориши Сарвари давлат ба сокинони ВМКБ, ки аз офати табиии тобистони имсола зарар дидаанд ва дар ҷойҳои нав истиқомат доранд, таври ройгон тақсим шуд.
Мулкамон Назаралиев — сардори Раёсати ҳифзи муҳити зисти вилоят иттилоъ дод, ки айни ҳол ниҳолшинонӣ дар қитъаҳои наздиҳавлигии 82 хонаи навбунёди хоҷагиҳои аз офати табиӣ зарардида идома дорад. Номбурда афзуд, ки бо супориши Сарвари мамлакат шурӯъ аз фасли баҳор намудҳои гуногуни гулу буттаҳо низ барои шинондан ва парвариш ба ин мавзеъ оварда мешаванд. Бо дастури муовини Раиси Маҷлиси миллии маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, раиси вилоят Шодихон Ҷамшед корманди Институти биологии Помир, доктори илмҳои биологӣ Саидмир Шоҳмансуров ҷиҳати парваришу нигоҳубини ниҳолҳо ба аҳолӣ маслиҳату тавсияҳои судманд пешниҳод кард.
Ба гуфти Ҷамол Камолиддинов — муҳандиси заминсози деҳоти «Сучон»-и ноҳияи Шуғнон, дар ниҳолшинонӣ кормандони идораву муассисаҳои вилоятӣ, ки зимни сохтмони хонаҳо барои зарардидагон саҳм гирифта буданд, ширкат меварзанд. Ба ҳар як хоҷагии деҳаи навбунёди Раҳмонобод 12-бехӣ ниҳоли мевадиҳанда дастрас шудааст.
Ш. Шоҳқосимов, «Садои мардум»