Чанде пеш иҷрокунандаи вазифаи раиси шаҳри Ҳисор Ҷаббор Носирзода дар деҳоти Сомони шаҳр бо фаъолияти кишоварзон шинос шуданд.
Ҷаббор Носирзода аз боғи «15-солагии Истиқлолият» боздид намуд. Тавре мушоҳида гардид, дар боғи мазкур қоидаҳои боғдорӣ ва маданияти истифодаи замин умуман риоя нагардида, вазъият ташвишовар аст.
Боғи гелос ба хушкшавӣ расида, дар анбӯҳи алафҳо токзори хоҷагӣ нопадид аст. Роҳбари шаҳр ба боғдорон ва мутахассисони раёсати кишоварзии шаҳр барои дар кӯтоҳтарин муддат рафъ намудани камбудиҳо супоришҳои мушаххас дод.
Маврид ба ёдоварист, ки солҳои охир соҳибкорон барои бунёди гармхонаҳои замонавӣ ҳавасмандӣ зоҳир карда, дар ин замина чандин гармхона бунёд ёфтааст. Дар деҳаи Чаманистон раиси шаҳр аз хоҷагии деҳқонии «Фаррух», ки тасмим гирифтааст дар 2,0 гектар гармхонаи замонавӣ бунёд намояд, боздид намуд.
Дар ин деҳа, ҳамчунин, аз боғи интенсивӣ, плантатсияи марминҷон ва олузори хоҷагии деҳқонии «24-солагии Истиқлолияти Ҷумҳурии Тоҷикистон» дидан намуданд.
Сайидо НАЗАРОВ,
«Садои мардум»