Аз қадимулайём роҳҳои рушду шуҳратёбӣ, муаррифию сарбаландии афроду миллатҳо ва умуман инсоният илм буду ҳунар, далерию мардонагӣ, хайрхоҳию некӣ. Имрӯз Муҳиддин Кабирӣ, раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ҳама ин арзишҳоро канор партофта, ақидаи худро расонаӣ кард: — «Агар хоҳем, ки моро ба ҳайси миллати сарбаланду пешрафта шиносанд, бояд шиканҷаро бартараф кунем», — эълом дошт ӯ зимни мизи гирде, ки бо ташаббуси худаш ва дар дафтари ҳизбаш бо унвони «Шиканҷа дар Тоҷикистон» доир гардид. Мантиқан агар мо «шиканҷа»-ро бартараф накунем, ҳеҷ гоҳ моро ҳамчу «миллати сарбаланду пешрафта» нахоҳанд шинохт. Албатта, манзур аз нашиносандаҳо, М.Кабирӣ қабл аз ҳама, Ғарбро дар назар дорад. Ҳамонҳоеро, ки асосгузори марказҳои офарандаи шиканҷаи воқеӣ чун «Гуантанамо», «Абуғурайб» ва «Бағлон» ҳастанд. Вале ҳеҷ кас сарбаландию пешрафти ин миллату давлатҳоро инкор накарду намекунад.
Кабирӣ аз афзоиши ҳолатҳои шиканҷа дар Тоҷикистон нигаронӣ карда, изҳор доштааст, ки «шумораи парвандаҳои марбут ба шиканҷа дар давоми се соли охир аз марзи даҳҳо убур кардааст». Вале дар бораи яке аз ин «даҳҳо» мушаххасан маълумот надодааст. Чун дар асл чунин парвандаҳо мавҷуд нестанд. Ҳама бофтаи тахаюлоти афроди алоҳида, ташкилотҳои ғайриҳукуматию байналмилалие мебошанд, ки ин мавзӯъро ба манбаи пулёбӣ табдил додаанд. Миллионҳо ҷудо мешаванду дар ҷайбҳо ғайб мезананд. Ин маблағҳо агар барои беҳбудии маҳбусини зиндонҳо сарф мешуданд, ҳоҷат ба мизи гирдҳое дар мавзӯи «шиканҷа» намемонд. Вале мақсад ҳамин аст, ки ҳаст. Аз «шиканҷа» гуфтану соҳиби он маблағҳо шудан.
Кабирӣ, албатта, дар бораи ин маблағҳо нагуфту намегӯяд. Ӯ нагуфт, ки Иттиҳоди Аврупо бо ливои ба истилоҳ «мубориза бар зидди шиканҷа» иловатан 1 миллиону 156 ҳазору 690 евро ҷудо кардааст, ки махсусан барои «Иқдомҳои зидди шиканҷа дар Қазоқистон ва Тоҷикистон» пешбинӣ шудаанд. Агар дар ин бора мегуфт, ҳама дарк мекард, ки мақсад аз рӯ овардани ҲНИТ-у Кабирӣ ба ин самт маҳз ҳамин маблағҳоянд, на тақдири У. Тоҷиеву Ҳ.Икромзода, ки ба роҳи хато рафтаву даст ба ҷиноят заданд ва оқибат гунаҳгори марги хеш гаштанд. Вале аз ҳама сахттараш, он ҳақиқатест, ки ашхосу гурӯҳҳои муайян гирди номи онҳо бозиҳои сиёсию манипулятсияи тиҷоратӣ анҷом дода, ҳам маблағи муайян ба даст меоранд, ҳам дар ҷомеа тухми норизоиву навмедӣ кишт мекунанд.
Муҳиддин Кабирӣ дар рафти суҳбаташ изҳори ташвиш намудааст, ки қабл аз баргузории мизи гирд дар телевизони ҷумҳурӣ қазияи Маҳмадулло Холов, узви ҲНИТ-ро бо иттиҳоми таҷовузкорӣ намоиш додаанд. Ин иқдомро ӯ «антинаҳзатӣ» ном бурдааст. Хеле мавқеи аҷиб. Ривоятҳои бофтаеро дар мавзӯи «шиканҷа» паҳн кардан ҷоиз будаасту ҷинояти мудҳиши собитшударо намоиш додан не.
Магар барои Кабирию ёронаш роҳи беҳтар он нест, ки аз давиданҳо пушти бегонагон барои чанд пайсае даст кашанду шариати асили исломиро (на ақидаҳои бо сиёсат махлутгаштаро) ба аъзои ҳизбашон фаҳмонанд. Он гоҳ итминони комил аст, ки роҳи ҷинояту ҷинояткорӣ дар миёни онҳо баста мешаваду дигар ба чунин «мизҳои гирд» ҳоҷат намемонад. Танҳо ба шарте ки саркардагони ҳизб ба ин манфиатдор бошанд.
Мансури Акбар