ҲНИТ интихоботи дунявиро ба «имтиҳони динӣ» табдил медиҳад

№98 (3244) 21.08.2014

Ягон ҳизб ва ё ҳаракати иҷтимоию сиёсӣ барои расидан ба қудрат набояд аз эҳсосоту эътиқодоти динӣ, мазҳабӣ, қавмӣ ва маҳаллии мардум истифода барад. Ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ бояд ба принсипи асосии демократия, ки интихоби фардӣ аст, такя кунанд, на интихоби ҷамъӣ (қавмӣ, маҳаллӣ ва ё мазҳабӣ), ки принсипи авторитарӣ мебошад. Барои ҳамин, ҳизбу ҳаракатҳои характери динидошта, аз он ҷумла Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон бояд аз саҳнаи сиёсӣ берун карда шаванд. Чунки ин гуна ҳизбу ҳаракатҳо аз номи дину Худо ва дигар рамзҳо ва арзишҳои динию мазҳабии оммаи мардум суиистифода карда, аз ин роҳ имтиёз меёбанд. Дар ҳоле ки талаботи демократӣ аз он иборат аст, ки ҳизбу ҳаракатҳои сиёсӣ мардумро тавассути барномаҳои корию стратегие ҷалб намоянд, ки зиндагии онҳоро беҳбуд мебахшанд ва роҳҳои берун шудан аз буҳронҳои иқтисодӣ, иҷтимоӣ ва фарҳангиро нишон медиҳанд.

Дар баромадҳои матбуотии худ раиси Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон Муҳиддин Кабирӣ беш аз пеш аз «пешвои рӯҳонӣ»-и ҳизб – Абдуллоҳи Нурӣ ёдовар мешавад («Имрӯз Нюс», 25 июни соли 2014 №113 (878), саҳ. 1-2). Истифода аз шахсият ва обруву мақоми иҷтимоии он дар сиёсат яке аз муҳимтарин механизмҳои авторитаризм мебошад. Барои ифшои то чӣ ҳад авторитарӣ будани усули муборизаи сиёсии Ҳизби наҳзати исломии Тоҷикистон ин ҷо мехоҳем ба марҷаъ – шахсият ва андешаи сиёсии Абдуллоҳи Нурӣ муроҷиат кунем. Бубинем, ӯ чӣ пешниҳод ё барномаи сиёсӣ, иҷтимоӣ, иқтисодӣ ва фарҳангӣ доштааст. Дар асоси он то чӣ андоза ҲНИТ метавонад алтернативаи сиёсии кишвар бошад.

Бо ин мақсад ба омӯзиши баъзе осори насрӣ ва видеоии Абдуллоҳи Нурӣ пардохтем. Инак, ба таври фишурда як «дарси қуръонӣ» -и ӯро, ки бо унвони «Ҷаҳолати сиёсӣ» ва дар шакли видео (40 дақиқа) дар сомонаи интернетии www.nuri.tj (http://nuri.tj/530-video-aolati-sies.html) мавҷуд аст, аз назари таҳқиқ гузарондем, ки ин ҷо пешкаш мегардад. Ба қавли худи Нурӣ, ин «дарс дарси асосии ҳизбӣ буд, дарси асосии як мусалмон буд, на танҳо як аъзои ҳизб, балки ҳар як мусулмон…».

Нурӣ ин «дарси қуръонӣ»-  ро зоҳиран бо аъзои ҷавон ва фаъоли ҳизб дар арафаи интихоботи парлумонӣ мегузаронад. Камера фақат ба ӯ нигоҳ мекунад, вале ягон дафъа аудиторияро нишон намедиҳад. Ӯ дар курсӣ муддати 40 дақиқа нишаста, аз шеваҳои муборизаи пешазинтихоботӣ суҳбат мекунад. Дар рафти суҳбат чанд дафъа ангушти таҳдиду накӯҳиш ба сӯйи ҳамсангарони собиқ, ки имрӯз «ба хотири манфиат» аз ҳизб ҷудо шудаанд, равона мекунад. Ҷолиби диққат он аст, ки «пешвои рӯҳонӣ» аксаран на дар бораи барномаи густурдаи пешазинтихоботӣ ва роҳҳои ба мардум пешкаш кардани идеяҳо ва стратегияҳои рушди кишвар гап мезанад. Яъне, он чизе, ки дар ҷомеаи мутамаддин ва демократӣ аз ҳизбҳои сиёсӣ талаб карда мешавад.

Баръакс, тамоми баромад ҳамагӣ иборат аз савганд додани аъзоёни ҳизб аст. «Пешвои рӯҳонӣ» дар чанд маврид таъкид мекунад, ки аъзоёни ҳизб «ҳуқуқи гражданӣ» доранд, ки баробар бо намояндагони дигар ҳизбҳо ба муборизаи пешазинтихоботӣ ворид гарданд. Аз ин рӯ, зарурат вуҷуд надорад, ки аъзоёни он аз доираи қонунҳои мавҷуда берун бароянд. Боз таъкид мекунад, ки ҲНИТ фақат дар доираи қонунҳои давлатӣ ва дигар санадҳои ҳуқуқии байналмилалӣ амал мекунад. Мутаассифона, дар партави муҳтавои суҳбат ин пешниҳод ваъдаи ҳавоие беш нест.

Барои аудитория ва барои ҳар як бинандаи ин навори видеоӣ ошкор аст, ки «пешвои рӯҳонӣ» аъзоёни ҳизбашро ба номи Худо ва дигар рамзҳои исломӣ қасам медиҳад. Ҳизби наҳзати исломиро «ҳизбуллоҳ», «ҳизби Худо», «пойбанд бар асоси исломӣ» меномад. Дар муқобил ҳизбҳои дигарро ҳизбҳои зидди Худо эълон мекунад. Таъкид мекунад, ки дар пушти аъзоёни Ҳизби наҳзат ҳам «қонуни давлат» ва ҳам «қонуни Худо» меистад. Намояндагони ҳизбашро «муъмину мусулмон» ва «аҳли Ло Илоҳа иллаллоҳ Муҳаммадан расуллулоҳ» ва намояндагони дигар ҳизбҳоро «фосиқ» меномад. Мантиқан, ӯ намояндагони дигар ҳизбҳо ва умуман ҳамаи онҳоеро, ки аъзои Ҳизби наҳзат нестанд ва дар интихобот ба ҷонибдории он овоз намедиҳанд, «аҳли Ло Илоҳа иллаллоҳ…» намедонад. Дар интихобот ба ҷонибдории ҲНИТ овоз доданро Нурӣ ҳамчун нишонаи муъмину мусулмон, ҷонибдори Худо ва Пайғамбар будан муқаррар мекунад.

Гаштаву баргашта муқо-иса байни «ҳизби исломӣ ва эътиқодӣ» ва «ҳизбҳои ғайриисломӣ ва ғайриэътиқодӣ» ва интихоботро чун «рӯзи нангу номус, рӯзи ҳимоя аз обруйи Ислом… ва ҳизби исломӣ» муаррифӣ кардан дар зеҳни ҷавонон чунин догмаеро ба вуҷуд меорад, ки агар онҳо аъзои ҲНИТ нашаванд, пас, мусулмон нестанд ва аз номуси исломии худ дифоъ накардаанд. Дар натиҷа, ин гуна зеҳни догматикӣ муборизаҳои пешазинтихоботиро «як рӯзи нангу номус, рӯзи ҳимоя аз обрӯйи Ислом» меҳисобад ва аз ин рӯ, бечунучаро ба «ҳимоя аз ҳизби исломӣ» бармехезад. Вагарна, «пешвои рӯҳонӣ» таҳдид мекунад, ки: «Агар дар рӯзи интихобот, агар дар рӯзи ҳимоя аз нангу номуси исломӣ…, шумо агар Ислому мусулмонро тарафдорӣ накунед, ин рафтан аз ақиби номаҳои шайтонӣ аст». Ба қавли ӯ, ҳизбро дастгирӣ накардан, натарсидан аз Худо ва аз бандаи Худо шарм надоштан аст. Дар мавриди дигар мегӯяд, ки ҳар касе, ки аз узвияти Ҳизби наҳзат даст кашид ва ё дар интихобот бетарафӣ кард, бар зидди он овоз дод ва таблиғ кард, пуштибонии ҳам Худо ва ҳам бандаҳои муъминашро аз даст медиҳад.

«Пешвои рӯҳонӣ» на бо барнома ва стратегияи хоси рушди миллӣ дар саҳнаи сиёсат баромад мекунад ва ба мухолифони худ ҷавоб медиҳад. Аз ин дарс бармеояд, ки Нурӣ барномаи стратегии ҲНИТ-ро иборат аз баланд гуфтани азон дар масҷидҳо, сохтани масҷиду мадрасаҳо, ҷалб намудани тамоми наврасону ҷавонон ба тадриси динӣ, намозхон кардани ҳамагон, ба расмиёт даровардани қонуни шариат ва монанди инҳо медонад. Яъне, сохтани давлати исломӣ барномаи стратегии ҲНИТ аст. Аз ин зиёд пешниҳоде ҳам надорад. Бо зеҳни содалавҳонааш пешво эътиқод дорад, ки соҳибахлоқ шудан ва «хубро аз бад фарқ кардан», ки гӯё дар давлати исломӣ ба даст меояд, роҳи ҳалли ҳамаи мушкилоти печидаи ҷомеаи инсонӣ аст. Дар ҳоле ки мушкилоти ахлоқӣ ва иҷтимоии давлатҳои исломӣ амиқтар ва чигилтар аз ҷомеаҳои дунявӣ мебошад.

Ба ҷойи пешниҳоди барномаи ақлонӣ, роҳбари Ҳизби наҳзат аз «пуштибонии Худо ва бандаҳои Худо» суиистифода карда, бо мухолифони худ меҷангад. Онҳоро, пеш аз ҳама, тарафдорони шайтон меномад. Ӯ махсусан бо ҳамсангарони собиқи худ, ки аз пайи манфиатҳои дунёии худ аз ҳизб ҷудо шудаанд, меҷангад ва онҳоро ба он муттаҳам мекунад, ки аз Ислом ҳимоя намекунанд ва «барои иззату номуси мусулмононро баланд бардоштан» ҳамроҳ нестанд. Ӯ таълим медиҳад, ки «муъмину мусулмон будан» фақат намоз хондану рӯза гирифтан нест, ҳатто бо китоби арабӣ хондан ва фарзандони худро таълими динӣ додан ҳам мусулмонӣ тамом намешавад ва дари ҷаннат кушода намегардад.

Нурӣ таълим медиҳад, ки аз Ҳизби наҳзати исломӣ ҳимоя кардан ва дар рӯзи интихобот ба он овоз додан кафолати ягонаи ба ҷаннат рафтани мусулмони тоҷик аст. Ба ин хотир, ӯ ба Ҳизби наҳзати исломӣ пайвастан ва дар муборизаҳои интихоботӣ ба он овоз доданро «эҳёи калиматуллоҳ» меномад. Ӯ мекӯшад, ки дар зеҳни ҷавонон чунин фаҳмиши хатоеро ҷойгир кунад, ки интихобот рӯзи имтиҳон аст: «…Шумо дар ҳамин лаҳзаи имтиҳон Ислома тарафдорӣ кардед, ҳизби исломира тарафдорӣ кардед, марди мусулмона тарафдорӣ кардӣ, марди мутааҳҳида тарафдорӣ кардӣ… ҳизби Худора тарафдорӣ мекунӣ…». Ба ҳама ошкор аст, ки «рӯзи имтиҳон» мафҳуми динӣ аст ва ба маънои рӯзи сахтӣ ва мушкилие мебошад, ки инсон аз ду – Худо ва шайтон якеро бармегузинад. Дар ин зимн, дар рӯзи интихобот ду интихоб вуҷуд дорад: овоз додан ба тарафдории Худо, яъне Ҳизби наҳзат ва ё ба тарафдории шайтон, яъне ҳизбҳои ғайринаҳзатӣ.

Мафҳуми «имтиҳон»,ки борҳо дар Қуръон ва дигар сарчашмаҳои исломӣ ёдоварӣ мешавад, ба маънои пардапӯшонаи ҷангу ҷиҳод мебошад. Барои он ки ҷанговарони исломӣ ба ҷиҳод ва азобҳои он омода бошанд, ҳамин мафҳум сохта шуд. Яъне, Худо шуморо дар рӯзҳои мушкили ҷанг, маҳрумият аз чизу мол, гуруснагӣ ва ҳатто марг меозмояд ё худ имтиҳон мекунад. Агар аз имтиҳон гузаштед, ба ҷаннат меравед. Агар не, ба ғазаби Худо дар охират мубтало мешавед.

Агар пардаро аз рӯйи ин «дарси қуръонӣ» бардорем, маълум мешавад, ки он даъват ба ҷанг аст. Ҳамин гуна Абдуллоҳи Нурӣ бо руҷӯъ ба Қуръон интихоботро ҳамчун «имтиҳон», яъне ҷиҳоди исломӣ тафсир мекунад. Магар аз номи Худо ташвиқ кардани «хавфу гуруснагию нуқсони ҷоҳу нуқсони тиҷорат…» ба маънои даъват ба ҷиҳод нест?

Дар сураи «Инсон», оятҳои 1-2 (саҳ. 579) дар мавриди «имтиҳон» чунин омадааст: «Мо одамиро…биёфаридем, то ӯро имтиҳон кунем». Сипас, дар тамоми сура дар бораи роҳе гуфта мешавад, ки ба сӯйи биҳишт, ҳарир, ҷом, шароби покиза, кофур, чашма…мебарад. Шарт ин аст, ки инсон сипосгузор, нек, вафодор ба назр, тарсу аз Парвардигор, собир дар баробари фармони Парвардигор бошад. Ин инсон бояд бомдодону шомгоҳон Парвардигорро бар забон биёварад, дар порае аз шаб саҷдааш кунад ва дар ҳамаи дарозои шаб тасбеҳаш гӯяд. Дар акси ҳол ба дӯзах меравад.

Ҳафиз Холиқзода Бобоёров, Маркази омӯзиши равандҳои муосир ва оянданигарии илмии Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон