27 майи соли 2015 дар Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон конференсияи илмӣ — амалии ҷумҳуриявӣ дар мавзӯи «Ҷойгоҳи ҳуқуқи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар низоми ҳуқуқии ҷаҳони муосир» бо иштироки намояндагони Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва муассисаҳои илмӣ баргузор гардид.
Дар конференсия масъалаҳои ҳамоҳангсозӣ, таъсиррасонӣ ва таҷассуми меъёрҳои ҳуқуқ дар қонунгузорӣ, таҳлили муқоисавӣ – ҳуқуқии низомҳои соҳаҳои алоҳидаи ҳуқуқ дар вобастагӣ ба таҷрибаи кишварҳои пешрафтаи ҷаҳон мавриди таҳлилу баррасӣ қарор гирифтанд.
Конференсияро директори Маркази миллии қонунгузории назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Раҳимзода Маҳмад Забир бо сухани муқаддимавӣ ифтитоҳ намуд.
Сипас, олимони шинохтаи кишвар, аз қабили Ваколатдор оид ба ҳуқуқи инсон дар Ҷумҳурии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ З.Ализода, устоди кафедраи ҳуқуқи байналмилалии факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон, доктори илмҳои ҳуқуқ, профессор Ш.Менглиев, муовини сардори Раёсати ҳуқуқи Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои ҳуқуқ Б.Саидвализода, муовини раиси Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон, номзади илмҳои сиёсатшиносӣ К.Каримзода ва дигарон маърӯзаҳои худро, ки ба мавзӯъҳои гуногуни соҳаи ҳуқуқ тааллуқ доштанд, ба иштирокдорон пешниҳод намуданд.
Дар доираи ин мавзӯъ баҳсу мунозира ва саволу ҷавоб сурат гирифт. Тасмим гирифта шуд, ки маърӯзаю баромадҳои баррасигардида ва таклифу пешниҳодоти қобили қабул донисташуда дар шакли китоб ва ё маҷаллаи алоҳида чоп ва мавриди истифодаи доираи васеи ҳуқуқшиносон ва мутахассисону кормандони мақомоти дахлдор қарор дода шавад.
Саттор УМАРОВ, «Садои мардум»