Биноҳои таъмирталаб, надоштани таҷҳизоти рентгенӣ, системаи обу ташноб аз мушкилотест, ки кормандони Беморхонаи деҳаи Файзободи деҳоти «Даштигуло» — и ноҳияи Ҳамадониро нигарон кардааст. Зимни вориди бинои беморхона шудан дару тирезаҳои шикаста, ҳуҷраҳои тангу торик, деворҳои кафидаю рангпарида, таҷҳизоти зарбхӯрдаю корношоямро дида, табъи кас хира мегардад. Аз бемасъулиятӣ ва хунукназарии масъулин беморхона ба чунин вазъи ноҷур гирифтор ва «лона»- и парандагон гаштааст.
Сардухтури беморхона Файзалӣ Мирзоев ҳангоми суҳбат изҳор дошт, ки муассиса ба таъмири пурра ниёз дорад. Он аз соли 1987 фаъолият намуда, ба 23 ҳазор нафар хизмати тиббӣ мерасонад. Мутаассифона, аз ҳамон сол боре рӯйи таъмирро надидааст. Зеро аз соли 1998 то соли 2008 дар тавозуни деҳоти «Даштигуло» буд. Аз соли 2008 дар тобеияти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Беморхона аз се ошёна, панҷ шуъба — кӯдакона, таваллуд, терапея, «ёрии таъҷилӣ» ва ҷарроҳӣ иборат аст.
- Соли 2019 барои таъмир аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ маблағ ҷудо нагардидааст. Бо кумаки аҳолии деҳа як қисмати биноро рангубор намудему халос. Соли 2010 барои болопӯши он, ки дар зери борон монда буду, таъсираш ба дохили ҳуҷраҳои корӣ мерасид, аз ҷониби мақомоти маҳаллӣ 52 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид. Аз ҳолати кунунии он дар Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон низ хабардоранд.
Беморхона аз маркази ноҳия 14 километр дур қарор дорад ва шояд аз ҳамин сабаб масъулон ба он мисли фарзанди «ӯгай» муносибат мекунанд?
Феълан дар он 17 табиб, ки 5 нафарашон духтурони дараҷаи олианд, фаъолият доранд.
Хиромон Ғарибмадова, ки даҳ сол боз дар шуъбаи амрози даруна ҳамчун ҳамшираи шафқат фаъолият мекунад, мегӯяд: — Норасогии обу ташноб мушкилоти чандинсола дар беморхона аст. Системаи обу ташноб солҳои зиёд аст, ки аз кор мондааст. Аз ночорӣ маҷбурем беморонро аз ошёнаи сеюм ба ошёнаи якум барои қазои ҳоҷат барем.
Доир ба мушкилоти ҷойдошта хостем бо Санифа Тағаймуродзода — муовини раиси ноҳия суҳбат намоем, вале ӯро дар ҷойи кораш пайдо накардем, ба зангҳои пай дар пайи телефонӣ ҳам ҷавоб нагирифтем.
Зимни баргузории нишасти матбуотии Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб масъулини марказу беморхонаҳои тобеи раёсат аз фаъолияти шашмоҳа ба хабарнигорон иттилоъ доданд. Мутаассифона, аз фаъолияти беморхонаи болозикр касе лаб накушод. Сардори Раёсати тандурустии вилояти Хатлон дар минтақаи Кӯлоб С. Ғаюров гуфт:
- Дар шаш моҳи соли равон барои таъмири беморхонаву марказҳои саломатии дар шаҳру минтақаи Кӯлоб фаъолияткунанда аз ҳисоби Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон 1 миллиону 439 ҳазору 109 сомонӣ, аз ҳисоби соҳибкорон 636351 сомонӣ ва аз ҳисоби буҷаи маҳаллӣ 702758 сомонӣ ҷудо гардидааст.
Сартабиби Беморхонаи маркази ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ Ҷурахон Малиқоев изҳор дошт, ки дарвоқеъ беморхонаи деҳоти «Даштигуло» таъмирталаб аст. Он соли 2005 дар натиҷаи баланд шудани сатҳи дарёи Панҷ зери об монда, як қисмати бино корношоям гардид. Он замон бо дастгирии сокинони маҳаллӣ ва соҳибкорони ноҳия як қисмати онро таъмир карда будем, вале барои таъмири пурра маблағи калон лозим аст. Ҳамчунин, мехоҳем мутасаддиён хулосаашонро пешниҳод кунанд, ки дар бинои мазкур фаъолият кардан мумкин аст ё не? — илова кард номбурда.
- Дар нимсолаи якуми соли 2019 барои таъмири беморхонаҳо аз буҷети ноҳия маблағ ҷудо нагардидааст. Танҳо барои доруворӣ ва таъмири компютерҳо каме маблағ ҷудо карда шуду халос. Барои таъмир кардани бинои беморхонаи зикршуда бошад, қариб як миллион сомонӣ лозим аст. Шояд дар оянда аз буҷети маҳаллӣ маблағ барои таъмири беморхонаҳо ҷудо гардад, — гуфт сардори молияи ноҳияи Ҳамадонӣ Қадамшо Расулов.
Пас, кӣ ба ин бесомонӣ нуқта мегузорад? Оё мумкин аст дар шароити тоқатфарсо беморонро табобат кард?
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»