Ба «садои мардум» ҷавоб омад

«Ноҳияи Ҳамадонӣ. Чаро корхонаи оҳану бетонӣ фаъолияти судманд надорад?»

№72-73 (4492-4493) 14.06.2022

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Мир Сайид Алии  Ҳамадонӣ мақолаи хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» Исломи Раҷабалиро, ки 9 апрели соли 2022 № 44  (4464) таҳти унвони «Ноҳияи Ҳамадонӣ. Чаро корхонаи оҳану бетонӣ фаъолияти судманд надорад?» ба табъ расидааст, дар машварати кории назди раиси ноҳия мавриди баррасӣ қарор дода, ба масъулин ва иҷрокунандагон ҷиҳати дуруст ба роҳ мондани рушди соҳа дас­туру супоришҳои мушаххас дода шуд.

Дар ноҳия ҷиҳати амалӣ гардидани ҳадафи чоруми стратегии мамлакат — саноатикунонии босуръати кишвар тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардида истодаанд. Дар доираи чорабиниҳо бахшида ба таҷлили ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатӣ аз соли 2018 сар карда, то ба имрӯз дар ноҳия 24 корхонаи хурду калони саноатӣ бо дарназардошти 205 ҷойи кор бунёд гардидаанд.

Бояд гуфт, ки бо мақсади татбиқи сиёсати Ҳукумати ҷумҳурӣ дар самти саноатикунонии босуръати мамлакат дар шаҳраку деҳоти ноҳия бунёди 47 корхонаву коргоҳи нави истеҳсолӣ оид ба эълон гардидани «Солҳои рушди саноат», солҳои 2022-2026 ба нақша гирифта шудааст.

Инчунин, дар семоҳаи якуми соли 2022 се корхонаи саноатӣ, як корхонаи ордбарорӣ дар деҳоти «Панҷрӯд» бо 6 ҷойи кор, корхонаи парандапарварӣ бо 9 ҷойи кор дар деҳоти «Қаҳрамон ва корхонаи истеҳсоли намак бо 10 ҷойи кор дар деҳоти «Меҳнат­обод» ба истифода дода шуданд.

Илова бар ин корхонаи оҳану бетонии ҶСК «Заводи ЖБК Московский» фаъолиятро ба истеҳсоли тахтасангҳои бетонӣ ва сутунпояҳои оҳану бетонӣ ба роҳ монда, айни ҳол фаъолият карда истодааст. Маҳсулоти истеҳсолнамудаи он дорои сифати баланд буда, соҳибкорони ноҳия онро пурра истифода намуда истодаанд. Аз ҷумла, бо корхонаҳои соҳаи барқи минтақа шартнома баста, тибқи дархост корхонаҳоро пурра бо маҳсулот таъмин менамояд.

Дар корхонаи мазкур 35 сокини маҳаллӣ бо ҷойи кори доимӣ таъмин буда, музди миёнаи маош 1800-2000 сомонӣ муқаррар гардидааст. Инчунин, корхона дар майдони 2 гектар боғи интенсивӣ ташкил карда, сехи истеҳсолиро аз таъмири асосӣ баровардааст.

Корхонаи мазкур дар чор моҳи соли ҷорӣ ҳаҷми истеҳсоли маҳсулотро ба 635,9 ҳазор сомонӣ расонид, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 436,1 ҳазор сомонӣ зиёд ё ин ки суръати афзоиш 21,6 фоизро ташкил дод.

Масъалаи мазкур таҳти назорати Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия қарор дошта, ҷиҳати дар оянда дуруст ба роҳ мондани фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тадбирҳои зарурӣ амалӣ гардонида мешавад.

Б. ОДИНАЗОДА,

раиси ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ