Ноҳияи Ҳамадонӣ. Нуҳ моҳи соли 2021-ум 846 нафар ба нафақа баромаданд

№ 23.11.2021

Дар ин бора аз Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақаи ноҳия маълумот дода, аз ҷумла гуфтанд, ки аз онҳо нафақаи пиронсолӣ – 588, маъюбӣ — 95, маъюбӣ то синни 18-сола 68 нафар, бесаробонӣ – 85, ятими кул2 ва бозҳисобӣ 8 нафарро ташкил медиҳад

- То якуми октябри соли 2021 дар Раёсати агентии суғуртаи иҷтимоӣ ва нафақа дар ноҳияи Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ 14 ҳазору 110 нафақахӯр ба қайд гирифта шудааст, ки талаботи нафақаи онҳо дар нуҳ моҳи соли равон ба 42891873 сомонӣ баробар аст. Талаботи миёнаи моҳонаи нафақахӯрон дар ноҳия 4765764 сомониро дар бар мегирад, — гуфт сардори Раёсати зикршуда Неъмат Акбаров.

Бино ба иттилои ӯ, ки музди миёнаи нафақа дар ноҳияи Ҳамадонӣ 337 сомонӣ буда, аз рӯйи категорияҳои гуногун ба нафақахӯрон нафақа тайъин гардидааст.

         — Айни замон дар ноҳия 217 маъюби гурӯҳи якум, 1334 маъюби гурӯҳи дуюм, 755 маъюби гурӯҳи сеюм ва 560 нафар маъюби аз синни 18-сола боло ҳамчун нафақахӯр дар қайди агентӣ мебошанд, — афзуд Неъмат Акбаров.

Зикр гардид, ки тайи нуҳ моҳи соли ҷорӣ аз тарафи Раёсат ба 135 оилаи камбизоати нафақахӯроне, ки фавтиданд, ба маблағи 161 ҳазору 360 сомонӣ кумакпӯлӣ барои дафн расонида шудааст.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»