Ноҳияи Ховалинг. Аз норасоии ҷойи нишаст то мизу курсиҳои фарсуда…

№56 (4476) 10.05.2022

20220128_110040Бо сабаби хунукназарии масъулон, баъзе аз муассисаҳои таълимӣ дар навоҳии дурдаст ба ҷойи пешрафт ба харобӣ рӯ оварданд.

Метавон муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23-и деҳаи Ҷонбахти ноҳияи Ховалингро мисол овард. Он аз маркази ноҳия дар масофаи се километр ҷойгир аст. Ҳангоми боздид маълум гардид, ки мактаб аз ду бинои таълимӣ, яке бинои куҳна ва дигаре нав, иборат мебошад. Бинои куҳна аз соли 1991 фаъолият намуда, аз чор синфхонаи таълимӣ иборат аст. Бо сабаби зиёд шудани аҳолӣ, норасоии ҷойи нишаст ва дар ҳолати садамавӣ қарор доштани бинои муассисаи таълимӣ соли 2009 дар паҳлуи он, мактаби нав сохта шуд, ки аз 9 синфхонаи таълимӣ иборат мебошад. Мутаассифона, баъд аз 13 соли фаъолият бинои муассисаи нав таъмирталаб мебошад. Роҳрав ва фаршҳои дохили синфхонаҳо шикаста, деворҳо кафидаю корношоям гаштаанд. Ҳангоми боридани борону барф аз болои бом об ба дохили синфхонаҳо мерезад.

Парвиз Наимов, ки ба ҳайси мудири таълимгоҳ ду моҳ аст дар он фаъолият мекунад, гуфт, ки агар шаш синфхонаи дигар сохта мешуд, норасоии ҷойи нишаст бартараф мегардид.

Бино ба иттилои номбурда, бинои мактаби куҳна умуман ба талабот ҷавобгӯ нест. Дар як синфхонаи тангу торик 24 — нафарӣ менишинанд. Ҳоло дар мактаб 38 омӯзгор ба таълиму тарбияи 378 хонанда машғул мебошанд. Таъминот бо компютер низ «бо ҳар ду по мелангад».

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Муҳаммадназар Амирсаидов зимни суҳбат гуфт: «Аз он ки хонандагони муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №23 дар се баст таҳсил мекунанд, хабар надорам. Директор навтаъин аст, шояд собиқ директори мактаб ба ман маълумоти бардурӯғ додааст. Ин масъаларо дида мебароем. Айни ҳол дар мактабҳои ноҳияи Ховалинг 350 ҷойи нишаст намерасад. Дар бобати норасоии ҷойи нишаст борҳо ба Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг ва Вазорати маориф ва илми кишвар мактуб кардем», — гуфт ҳамсуҳбатам.

Аз Раёсати молияи ноҳия иттилоъ доданд, ки соли 2021 барои таъмири ҷории муассисаи таълимии зикршуда аз буҷети маҳаллӣ се ҳазор сомонӣ ҷудо гардидааст.

Зимни нишасти матбуотӣ, ки 15 феврали соли 2022 дар Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Ховалинг доир шуд, хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» дар минтақаи Кӯлоб аз раиси ноҳия пурсид, ки боре аз вазъи муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии № 23 хабар гирифтед? Раиси ноҳия Маҷиди Муҳтадӣ ба саволи хабарнигор ҷавоби дақиқ нагуфт ва онро ба мудири шуъбаи маорифи ноҳия ҳавола кард.

Ҳоло аз раиси ноҳия пурсиданием, ки агар нисфи маблағе, ки барои таъмири хонаи хизматии худ (350 ҳазор сомонӣ) ҷудо кардааст, барои харидории мизу курсӣ сарф кунад, чӣ мешавад? То ба кай хунукназарӣ нисбат ба муассисаҳои таълимии ноҳия идома меёфта бошад?

Исломи РАҶАБАЛӢ,

 «Садои мардум»