Кормандони Раёсати Агентии омори назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Рӯдакӣ ҷиҳати иҷрои Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 572 аз 12 октябри соли 2016 «Дар бораи тайёрӣ ва гузаронидани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2020» корҳои тарғиботӣ – омӯзиширо вусъат бахшиданд. Сардори раёсати зикршуда Саъбиддин Давлатзода зимни суҳбат иброз дошт, ки барои дар сатҳи зарурӣ доир намудани барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил дар 16 ҷамоати шаҳраку деҳоти ноҳия тартиб додани рӯйхати деҳаҳо ва хонаҳои истиқоматӣ ба нақша гирифта шудааст.
Аз рӯи талаботи барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил, бояд ҳар як шаҳрак, маҳалла, кӯча ва манзили истиқоматӣ ном ва рақами махсус дошта бошад.
То ҳол аз 81089 хоҷагӣ 47601 ё 58,7 фоиз ба рӯйхат гирифта, ба нақшаи фонди манзил ворид карда шудааст. Дар маркази ноҳияи Рӯдакӣ, шаҳраки Сомониён барӯйхатгирии аҳолӣ ва фонди манзил 90 фоиз, ҷамоати шаҳраки М. Турсунзода — 60, Навобод — 65, ҷамоатҳои деҳоти «Сарикиштӣ» — 80, «Чоргултеппа» — 65, «Зайнабобод — 80, «Чимтеппа» — 50, «Лоҳур» -70, «Гулистон» — 75, «Эсанбой» — 65, «Россия» — 70 ва дар ноҳия 75 фоиз иҷро гардид. Таҳлилҳо нишон доданд, ки на дар ҳама шаҳраку деҳот лавҳа ва рақами хонаҳо мавҷуданд.
Мушкилоти дигаре, ки ҷой дорад, зиёд будани шумораи бӯстонсаройҳо мебошад. Алҳол дар онҳо 25 ҳазор нафар доимӣ умр ба сар мебаранд, ки дар дафтари хоҷагидорӣ ба қайд гирифта намешаванд. Барои ҳалли ин масъала раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот бояд чораҳои зарурӣ андешанд.
Кормандони идора ҷиҳати иҷрои қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти № 291 аз 31 майи соли 2018 «Дар бораи таъмини мақомоти худидоракунии шаҳрак ва деҳот бо китобҳои баҳисобгирии хоҷагӣ барои солҳои 2018 -2022» ва гузариш ба китобҳои электронии баҳисобгирии хоҷагиҳо, аз соли 2018 дафтари ҳар хоҷагиро ба шакли электронӣ гузаронида истодаанд. Ҳангоми гузариш ба барнома, сари вақт дастрас намудани маълумоти оморӣ ва баррасӣ намудани муроҷиати шаҳрвандон осонтар мегардад.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»