Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ фаъолиятро ҳамчун мақомоти ваколатдор, ҳамоҳангсози муносибатҳои меҳнатӣ барои рушди устувори соҳа, ҷамъоварандаи маълумот барои ҳифзи меҳнати кормандон ва пардохти саривақтии музди меҳнат дар сатҳи хубу сифати баланд ба роҳ мондааст. Инчунин, дар идораву ташкилоту муассисаҳои ноҳия вохӯрӣ баргузор намуда, муҳтавои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», ҳуқуқи конститутсионии шаҳрвандон ҷиҳати бастани шартномаҳои меҳнатӣ бо корфармоён, пардохти музди меҳнат ва музди меҳнати иловагӣ барои кори шабона, изофакорӣ, кор дар рӯзҳои истироҳат, таъсис додани китобҳои бақайдгирии ҳодисаҳои нохуш дар истеҳсолот ва таъмин намудани онҳо бо либоси махсуси корӣ дастуру маслиҳатҳои муфид медиҳад.
Сардори он Холназар Баротзода зимни суҳбат гуфт, ки барои амалӣ намудани «Барномаи давлатии шуғли аҳолӣ барои солҳои 2020-2022» ва иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ҳифзи меҳнат», аз рӯи нақша мунтазам ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озодро ташкил менамоянд. Соли 2020 дар ноҳия 1432 сокини бекор ба қайд гирифта шуд, яъне нисбат ба соли қаблӣ 32 нафар камтар.
Ҳамчунин, дар асоси шартномаи дутарафа бо намояндагони шаҳраки «Сомониён», деҳоти «Чоргултеппа» ва «Зайнабобод», Хоҷагии ҷангал, КВД «Хоҷагии манзилию коммуналӣ», МД «Нигоҳдории роҳҳои автомобилгард», МД «Ободонии ноҳия», Шуъбаи маориф, Беморхонаи марказӣ, Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ ва корхонаҳои саноатии ноҳия 115 шахси бешуғл ба корҳои муваққатӣ сафарбар гардиданд.
Соли 2020 корхонаву муассисаҳои мавҷуда 130 ҷойи холии кор пешниҳод намуданд. Ин имкон дод, ки беш аз 70 шахси бекор бо ҷойи кори барояшон мақбул таъмин гарданд.
Баргузории ярмаркаи ҷойҳои холии кор дар соли 2021 даҳ маротиба муайян шудааст. Дар семоҳаи аввал 1174 шаҳрванд бо масъалаҳои гуногун муроҷиат карданд, ки аз онҳо1095 кас ҳамчун корҷӯй ба қайд гирифта шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 82 нафар зиёд мебошад. Дар ин давра ба 803 нафар расман мақоми бекорӣ дода шуд.
Барои бо ҷойи кори доимӣ таъмин намудани муроҷиаткунандагон Раёсат дар асоси талаботи Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 2 апрели соли 2009 таҳти №205 аз корхонаву ташкилотҳо маълумоти ҷойҳои кори ишғолнашударо ҷамъоварӣ намуда, моҳе ду маротиба тавассути тахтаи эълонҳо ба корҷӯён пешниҳод менамояд. Дар натиҷа, 457 шаҳрванди бекор бо ҷойи кор таъмин гардиданд, ки 28,6 фоизи солонаи барномаро ташкил менамояд.
Тӯли се моҳи аввали соли равон Раёсати Агентии меҳнат ва шуғли аҳолӣ дар ноҳияи Рӯдакӣ се маротиба ярмаркаи ҷойҳои холии кор ва вазифаҳои озодро баргузор кард, ки дар ҳар яки он ба ҳисоби миёна 23 корфармо иштирок намуда, ҷойҳои холии корро муаррифӣ карданд. Дар ин замина, ба 42 кас барои омӯзиши касбу ҳунарҳои гуногун роҳхат дода, 38 нафар бо ҷойи кори доимӣ ҷалб гардиданд, ки аз ин шумора 18 кас зан мебошанд. Ҳамчунин, тайи се моҳи сипаришуда 196 шахси бешуғл барои касбомузӣ ба маркази таълимӣ сафарбар шуданд, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта зиёд аст.
Муҳаммад ЗОКИР,
«Садои мардум»