Бо мақсади дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани ҷашни 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳоло дар мамлакат бунёдкорӣ бомаром идома дорад. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ ба ин муносибат нақша-чорабиниҳо тарҳрезӣ гардида, сохтмони мактабу кӯдакистон, бунгоҳи тиббӣ, беморхонаву марказҳои саломатӣ, коргоҳи дӯзандагӣ, дӯкони ҳунармандон, марказҳои хизматрасонӣ, кошонаи ҳусн, сартарошхона, толору майдончаҳои варзишӣ босуръат идома доранд.
Бино ба иттилои раиси ноҳияи Шамсиддин Шоҳин Почохон Зарифзода, то соли 2021 бунёд ва навсозии 192 иншооти таъиноти гуногун ба нақша гирифта шудааст.
- То якуми июли соли 2020 сохтмону таъмири 61 иншоот ба анҷом расид, — гуфт ӯ.
Зикр шуд, ки «Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин барои солҳои 2016 – 2020» 138 лоиҳаро ба маблағи 159 миллиону 229 ҳазор сомонӣ дар бар мегирад. Аз оғози қабули барнома 27 лоиҳа бо харҷи 69 миллиону 275 ҳазор сомонӣ татбиқ гардид.
Почохон Зарифзода афзуд, ки дар шаш моҳи аввали соли 2020 нақшаи қисми даромади буҷет, бо дарназардошти андози иҷтимоии ғайрибуҷетӣ 91,6 фоиз таъмин гардида, ба ҷои панҷ миллиону 934 ҳазору 745 сомонӣ панҷ миллиону 433 ҳазору 405 сомонӣ ворид шуд.
Корхонаҳои саноатӣ дар ин давра ба маблағи чор миллиону 683,8 ҳазор сомонӣ маҳсулот истеҳсол карданд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта се миллион сомонӣ кам мебошад. Дар ноҳия аз даҳ корхонаи саноатӣ соли ҷорӣ танҳо шаш корхона фаъолият дошт. Ҳаҷми истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ ба 41 миллиону 55,8 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки дар қиёс ба ҳамин давраи соли сипаришуда яксаду чилу ҳашт ҳазор сомонӣ зиёд мебошад.
- Кишоварзони ноҳия, соли ҷорӣ 12 ҳазору 923 гектар кишти зироатро ба роҳ монданд, ки аз ин 10 ҳазору 924 гектар ғалладонагӣ, 305 гектар зироати техникӣ, 283 гектар картошка ва 100 гектар сабзавот мебошад.
Маблағгузорӣ дар соҳаи сохтмони ноҳия 19 миллиону 357 ҳазор сомониро ташкил дод, ки дар қиёс ба соли гузашта 38,1 фоиз зиёд мебошад.
- Маориф яке аз соҳаҳои афзалиятнок ва калидӣ ба ҳисоб рафта, ҳамеша зери таваҷҷуҳи роҳбарияти олии мамлакат қарор дорад. Дар ноҳияи Шамсиддин Шоҳин низ ба ин соҳа таваҷҷуҳи зиёд зоҳир мешавад. Чунончӣ, дар назди муассисаи таълимии №11 — и ноҳия сохтмони бинои дуошёнаи таълимӣ иборат аз ҳашт синфхона барои 180 ҷои нишаст ва сохтмони ду муассисаи таълимӣ барои 1420 ҷои нишаст дар ду баст бомаром идома доранд, — гуфт ӯ.
- Роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Шамсиддин Шоҳин ва сокинони меҳнатдӯсти он минбаъд низ дастуру ҳидоятҳои Асосгузори сулҳу ваҳдати миллӣ — Пешвои миллат, Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмонро сармашқи кор қарор дода, ба натиҷаҳои назаррас ноил мегарданд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Почохон Зарифзода.
Исломи РАҶАБАЛӢ, «Садои мардум»