Дар ноҳияи Шамсиддини Шоҳин ба муносибати сиюмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон бунёдкорӣ вусъати тоза касб кардааст. Мусоҳибаи хабарнигорамон бо раиси он Почохон Зарифзода дар ҳамин мавзӯъ ва дигар самтҳои хоҷагидории халқи ноҳия сурат гирифт.
- Омодагӣ ба 30 — юмин солгарди Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон чӣ гуна аст?
- Ҷиҳати иҷрои Амри Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 22 майи соли 2018 барои дар сатҳи баланд пешвоз гирифтани 30 — солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон нақшаи чорабиниҳо тасдиқ гардид. Дар робита, бунёд ва навсозии 191 иншооти хурду бузурги таъиноти гуногун ба нақша гирифта, то моҳи ноябри соли 2020-ум 83 адади он мавриди истифода қарор дода шуд. Аз ҷумла, бинои мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия, қасри фарҳанг барои 500 ҷойи нишаст, бинои Кумитаи иҷроияи Ҳизби халқии демократии Тоҷикистон, бахши ҳифзи муҳити зист, бозори марказӣ, муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии №1 ва 20, бинои шуъбаи Кумитаи давлатии амнияти миллӣ, Нозироти андоз, Комиссариати ҳарбӣ, шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ, филиали Бонки давлатии амонатгузории Тоҷикистон «Амонатбонк», корхонаи дӯзандагӣ, меҳмонхона ва қитъаи роҳи байналмилалии Кӯлоб — Қулма (қитъаи Шӯрообод — Шоҳон) ба истифода дода шуданд. Корҳои сохтмонӣ дар 10 муассисаи таълимӣ, 2 муассисаи фарҳангӣ, 11 майдончаи варзишӣ, толори варзишӣ, 3 муассисаи тандурустӣ, 8 бунгоҳи тиббӣ, 9 дорухона, 8 меҳмонхона, 5 сартарошхона, 3 кошонаи ҳусн, 3 ҳаммом, корхонаи коркарди шир ва 39 маркази савдою хизматрасонӣ идома доранд.
- Дар иртибот ба саноатикунонии босуръати мамлакат, ки ҳадафи чоруми стратегӣ эълон гардидааст, кадом корҳо иҷро шуданд?
- Айни замон дар ноҳия 10 корхонаи саноатӣ вуҷуд дорад, ки аз ин 5-тоаш фаъоланд. Бояд ёдовар шуд, ки дар даҳ моҳи соли 2020 ба маблағи 12 миллиону 351,6 ҳазор сомонӣ маҳсулоти саноатӣ истеҳсол гардид. Истеҳсоли маҳсулоти кишоварзӣ дар ин давра ба 246 миллиону 633,8 ҳазор сомонӣ баробар шуд, ки нисбат ба ҳамин давраи соли гузашта 20 миллиону 280,2 ҳазор сомонӣ зиёд аст.
- Омодагии соҳаҳои маориф ва тандурустӣ ба замистони имсола дар кадом сатҳ аст?
- Дар ин бобат корҳои зиёд анҷом ёфтанд. Аз ҷумла, 120 тонна ангишт, 1922 метри мукааб ҳезум барои соҳаи маориф захира ва синфхонаҳо дар масоҳати 150 метри мураббаъ шишабандӣ гардиданд.
Барои соҳаи тандурустӣ 20 тонна ангишт, 279 метри мукааб ҳезум ва 990 литр сӯзишвории дизелӣ захира шуд.
- Вазъи муассисаҳои таълимӣ чӣ гуна аст?
- Соли 1992 дар ноҳия 34 муассисаи таълимӣ амал мекарду дар ҳолати начандон хуб қарор дошт. Ҳоло 65 муассисаи таълимӣ фаъолият мекунад, ки дар онҳо зиёда аз 11 ҳазор хонанда ба таълим фаро гирифта шудаанд. Ҳолати онҳо қаноатбахш буда, умед аст, ки вазъият боз ҳам беҳбуд меёбад.
- Вобаста ба эълон гардидани «Солҳои рушди деҳот, сайёҳӣ ва ҳунарҳои мардумӣ» кадом корҳо амалӣ шуданд?
- Бо мақсади рушди соҳаи сайёҳӣ дар ноҳия ҳафт ширкати сайёҳӣ, аз ҷумла, ҶДММ «Морхӯр», ҶДММ «Сайди Тагноб», ҶДММ «М Бухорӣ», ҶДММ «М Шоҳин», ҶДММ «Сайди Роғ», ҶДММ «Муҳофиз» ва ҶДММ «Сафари Даштиҷум» фаъолият доранд. Бо вуҷуди паҳншавии бемории коронавирус дар даҳ моҳи соли 2020 ба ноҳия 1004 сайёҳ ташриф овард, ки 14 нафарашон хориҷӣ мебошанд.
Мусоҳиб Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»