Омодагии Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгард дар ноҳияи Темурмалик ба мавсими зимистон чӣ гуна аст? Доир ба ин ва чанд саволи дигар бо сармуҳандиси он Фарҳод Бухориев ҳамсуҳбат шудем.
Ӯ гуфт, ки кормандон барои гузаронидани фасли зимистон омодагии ҷиддӣ дида, 500 литр сӯзишворӣ ва 490 куб маводи зиддилағжиш захира кардаанд. Инчунин, онҳо аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар бо либосҳои махсуси корӣ таъмин шудаанд.
Муассиса 10 техника, ки 7 — тоаш коршояманд ва 41 коргар дорад.
- Соли 2021 барои нигоҳдории роҳҳои маҳаллӣ аз ҳисоби буҷети ноҳия 30 ҳазор сомонӣ ҷудо гардид, ки басанда нест. Дар тавозуни Муассисаи давлатии нигоҳдории роҳҳои автомобилгарди ноҳия 213,71 километр роҳ аст, ки аз ин 48,81 км роҳи ҷумҳуриявӣ ва 164,9 км роҳи маҳаллӣ мебошанд, — изҳор дошт ҳамсуҳбатам.
Бино ба гуфти ӯ, соли сипаришуда 1,05 км роҳ мумфарш ва 5,4 км сангфарш гардид. Соли гузашта барои нигоҳдории роҳ аз ҳисоби Вазорати нақлиёти кишвар 320 ҳазору 392 сомонӣ ҷудо гардидааст.
– Соли 2021 аз маблағи ҷудокардаи Вазорати нақлиёти кишвар барои таъмири ҷорӣ 56 ҳазору 558 сомонӣ, зимистонгузаронӣ — 27 ҳазору 367, кабудизоркунӣ — 1749, харидории қисмҳои эҳтиётӣ — 13 ҳазору 996, таъмири роҳ — 217 ҳазору 224 ва хароҷоти дигар 32 ҳазору 810 сомонӣ харҷ шуд, — гуфт дар фарҷоми суҳбат Фарҳод Бухориев.
Исломи РАҶАБАЛӢ,
«Садои мардум»