Ноҳияи Восеъ: Мушкилотро кӣ бояд рафъ созад?

№70 (4653) 26.05.2023

20230406_151824Бинои куҳна, синфхонаҳои тангу торик, норасоии мизу курсӣ, набудани толори варзишӣ, кабинетҳои фаннӣ ва хонаи омӯзгорон мушкилоти Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 — и деҳаи Дар­найчии Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ ба шумор мераванд.

Муассисаи таълимӣ аз маркази ноҳия 30 километр дур буда, аз 12 синф­хона иборат мебошад. Дар он 507 хонанда дар ду баст таҳсил менамоянд. Ба онҳо 42 омӯзгори соҳибтахассус таълим медиҳанд. Он соли 1959 бунёд гардида, то имрӯз боре пурра таъмир нашудааст. Албатта, қабл аз оғози соли нави хониш муассиса таъмири ҷорӣ мешавад, аммо он мушкили ҷойдоштаро бартараф карда наметавонад.

Аз ҳоли табоҳи муассиса масъулин, хоса раиси ноҳияи Восеъ ва мудири шуъбаи маорифи ноҳия, огоҳанд, аммо таассуфовар он аст, ки ба хотири рафъи мушкилоти ҷойдошта чораҳои зарурӣ наандешидаанд. Ин дар ҳолест, ки дар бисёре аз навоҳии кишвар чунин мушкилотро бо ҷалби соҳибкорони ватандӯсту ободгар бартараф намудаанд.

20230406_151802Тавре аз суҳбат бо директори муассиса Умед Аламов маълум шуд, соли 2018 бо кумаку дастгирии волидон ва тариқи ҳашар дар муассиса ду синфхонаи иловагӣ сохта шуд, вале ин мушкили норасоии ҷойи нишасти хонандагонро бартараф карда натавонист.

Мудири шуъбаи маорифи ноҳия Рус­там Солеҳзода дар суҳбати телефонӣ ба мо гуфт: «Сохтмони бинои нав барои Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38 ба «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» ворид шудааст ва бояд аз ҷониби Вазорати маориф ва илми ҷумҳурӣ сохта шавад».

Тибқи иттиллои дастрас, баъд аз боз­диди мо аз муассисаи мазкур, шуъбаи маорифи ноҳия 20 мизу курсӣ ва 2 тахтаи электронӣ барои хонандагони муассиса фиристодааст. Аммо мушкили мазкурро бо таъмири ҷорӣ ва чанд мизу курсӣ наметавон бартараф сохт.

20230406_151845Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни ироаи Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон чунин таъкид намуданд: «Ғамхорӣ кардан ба илму маориф, яъне ҳалли масъалаҳои дар ин самт ҷойдошта сармоягузорӣ ба хотири рушди неруи инсонӣ мебошад». Воқеан чунин аст. Ба ин хотир, бояд тамоми чораҳои заруриро биандешем, то мушкилоти дар ин самт ҷойдошта зудтар бартараф гардад.

Муассисаи таҳсилоти миёнаи умумии №38-и деҳаи Дарнайчии Ҷамоати деҳоти ба номи Худоёр Раҷабови ноҳияи Восеъ дар доираи «Барномаи давлатии рушди муассисаҳои соҳаи маорифи вилояти Хатлон барои солҳои 2022-2027» навсозӣ мешавад ё не, вақт нишон медиҳад

«Садои мардум» мавзӯъро пайгирӣ хоҳад кард.

Исломи РАҶАБАЛӢ,

«Садои мардум»