«Нобиға»

№111 (3748) 19.09.2017

Чунин ном дорад китоби навбатӣ дар бораи аллома Бобоҷон Ғафуров, ки ба 110 — солагии ин олими нотакрор бахшида ва аз ҷониби нашриёти «Меъроҷ»-и шаҳри Хуҷанд чоп шудааст.

Муаллифон — муаррихи варзида, профессор Усмонҷон Ғаффоров ва номзади илмҳои таърих, устоди Донишгоҳи давлатии Хуҷанд Аюбҷон Усмонов рӯзгору фаъолияти академик Б. Ғафуровро ҳамчун ходими давлативу сиёсӣ ва олими бузурги тоҷикшинос мавриди баррасиву таҳқиқ қарор додаанд.

Дар китоб, ҳамчунин, панду гуфтори ҳикматомӯзи модари меҳрубони аллома ба фарзанди дилбанд, фикру мулоҳизаҳои шахсиятҳои бузурги арсаи ҷаҳонӣ нисбат ба шахсияти академик Б.Ғафуров гирд оварда шудаанд. Ба китоб академики Академияи илмҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон Салимӣ Носирҷон Юсуфзода пешгуфтор навишта, оид ба қимати илмии асар чунин нигоштааст: «Муаллифон фаъолияти академик Бобоҷон Ғафуровро оид ба таҳаввули худшиносии миллӣ ва амиқрафти ҳувияти ҷомеа тадқиқ намуда, маҷмӯи гуфторҳои нодири ин донишманди тоҷикро бар асоси сарчашмаҳои мухталиф, суҳбат бо афроде, ки бевосита ҳамнишини аллома Бобоҷон Ғафуров будаанд, гирд овардаанд, ки онҳо низ дорои аҳамият буда, мероси маънавии ин фарзанди бузурги миллат маҳсуб меёбанд».

«Нобиға» дувумин китобест, ки ба ифтихори 110 — солагии аллома Бобоҷон Ғафуров нашр шудааст. Қаб­лан китобе бо номи «Тоҷикшиноси бузург» аз чоп баромада буд.

 М. МАҚСУДОВ,

«Садои мардум»