Нохонда марав ту бар сари хони касе

№111 (3748) 19.09.2017

Мардуми мо дар муқоиса бо дигар халқҳои Шарқу Ғарб дар  маросимҳои худ хароҷоти нолозим мекунанд. Хусусан, дар деҳот ва маҳаллаҳои калоне, ки ҳама якдигарро мешиносанд, баъзеҳо бе даъват меоянд. Агар маҳалла дар сари роҳи калон, наздик ба маркази ноҳия ё шаҳр бошад, раҳгузарону аробакашҳову мардикорон низ аз «оши бепул» бенасиб намемонанд. Дар ин ҳол соҳибхона ноилоҷ меҳмони нохондаи зиёдеро қабул карда, қонуни танзимро низ вайрон мекунад.

Нохонда меҳмон шудан дар маъракаҳои мо як тарафи масъала аст. Тарафи дигари қазия он аст, ки баъзе даъватиҳо ҳамроҳи худ ду-се шиносашонро меоранд. Умуман, бе даъват ба сари дастурхони касе намераванд, ҳатто уламои ислом низ ин амалро макруҳ медонанд. Шояд як сабаби асосии дар ошхонаву ресторанҳо гузаронидани маъракаҳо ҳамин бошад, ки он ҷо ашхоси бегонаву бедаъват роҳ намеёбанд.

Дар миёни мардум мақоле ҳаст: «меҳмон атои Худованд аст». Бинобар ин, фарҳанги меҳмондории мо дар рӯзгорамон ҷойгоҳи вижае дорад. Мо ҳамеша меҳмонро эҳтиром мекунем, ҳурматашро ба ҷо меорем. Аммо ин ба он маъно нест, ки аз ҳад гузаронему ба фарҳангамон ифроту тафрит ворид созем.

Хол ШАРИФ,

равоншинос