Падарам нахустписарашро дидан мехоҳад
Падари мо – Абдусамад Ниёзов ба синни 83 даромадааст ва айни ҳол ҳамроҳи модарам Сафаргул ва бародаронам дар деҳаи Камонгарони шаҳри Ваҳдат зиндагӣ мекунад. Вай аз мо — фарзандон розӣ аст, аммо баъзан бо ҳасрат аз нахустписараш, ки аз ҳамсари аввалааш ба дунё омадааст, ёдовар мешавад ва орзу дорад, ки боре ӯро бубинад.
Соли 1961 падарам бо Сайёра ном зане, ки аз ҳамсараш бо як духтар (Муҳаббати 4 — сола) ҷудо шуда буд, издивоҷ мекунад. Онҳо ду сол зиндагӣ мекунанд ва он зан аз падари мо ҳам ҷудо мешавад. Баъд падарамро ба хизмати ҳарбӣ мебаранд ва дар ин муддат Сайёра писар таваллуд мекунад, ки мутаассифона номашро намедонад. Баъди адои хизмат бо Сафаргул (модари мо) хонадор мешавад. Ҳамсари пешина ҳамон солҳо ба зодгоҳаш — ноҳияи Данғара меравад. Падарам ва бародарам Бобокалон борҳо ба суроғашон рафтанд, вале даракашонро наёфтанд.
Падарам ҳоло дар бистари беморист. Ӯ хоҳиш дорад, ки бародарамонро тавассути рӯзномаҳо ҷустуҷӯ намоем. Бинобар ин, ба идораи рӯзномаи «Садои мардум», ки онро дар тамоми ҷумҳурӣ мехонанд, омадем. Шояд ба воситаи он Сайёра ва фарзандонаш, махсусан бародари мо, аз худ дарак диҳад ва омада дуои падарро дар зиндагиаш бигирад.
Бо эҳтиром, Идигул Ниёзова,
сокини шаҳри Душанбе
Ободкорӣ самараи ваҳдату ягонагист
Симои Файзобод, ки яке аз ноҳияҳои обод ва дорои таърихи бою рангин аст, солҳои охир ба куллӣ тағйир ёфтааст. Дастгирӣ аз ташаббусҳои созанда ва бунёдкоронаи Пешвои миллат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон боиси пешрафту шукуфоии ин диёри зебоманзар гардидааст.
Ободии ноҳияро дида, бори дигар ба дурустии мақоли «Корро корфармо мекунад», итминон пайдо кардам. Имрӯз ба чароғон шудани кӯчаҳои маркази ноҳия, марказҳои деҳоти «Бӯстон»-у «Меҳробод», «Вашгирд» бо ҳавас дида медӯзем ва бовар дорем, ки ободкориҳо дар деҳоти дигар низ амалӣ мегарданд. Арчаҳои сарсабзи ду тарафи шоҳроҳ, боғҳои нав, мумфарш шудани роҳи деҳаҳои Чиноро, Заркамар ва шаҳраки Файзобод, ободии мазору қабристонҳо аз маҳорати баланди роҳбарии раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон Раҷабзода Миралӣ гувоҳӣ медиҳанд. Аз соли 2015 роҳбарии ноҳия ба зиммаи ин шахси ободкору ватандӯст вогузор аст. Маҳз аз кордонии ӯст, ки заҳматкашони ноҳия бо дили гарму рӯҳияи болида паи зиндагии осоишта ва ободонии диёру ватананд.
Меҳмононе, ки аз ноҳия убур мекунанд, аҳсант ба мардуми соҳибфарҳангу зебоипарасташ мегӯянд, зеро қаторҳои арчаю сӯзанбаргу санавбари ду ҷониби роҳ басо диққатрабову дилфиребанд.
Бо дастгирии раиси ноҳия ба истифода додани таълимгоҳҳо дар деҳаҳои Бӯстон, Кенҷаобод, Кӯлобиён, аз таъмири хушсифат баровардану ба муассисаҳои томактабӣ (ширхоргоҳ-кӯдакистон) табдил додани биноҳои куҳнаи муассисаҳои таълимии рақамҳои 2 ва 3, майдончаи варзишӣ дар деҳаи Бӯстон, маркази солимгардонии ҷавонону наврасон дар деҳаи Лолагӣ, азнавсозӣ ва таъмири толори варзишӣ дар деҳаи Хӯҷамард, майдони марказӣ ва майдонҳои футбол дар як қатор деҳаҳо далели ин гуфтаҳост. Дар бунёди ин иншоот саҳми соҳибкорон ва сокинони деҳот низ калон аст. Танҳо соли гузашта дар ноҳия, дар маҷмӯъ, 72 иншооти нави замонавӣ мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифт.
Манижаи Файзулло, донишҷӯйи
ДДЗТ ба номи Сотим Улуғзода
Хоҳед агар солим бошед, давед
Варзишро сафири сулҳу дӯстӣ, якдигарфаҳмию ҳамзистии мардуми олам меҳисобанд.
Ман аз давраи мактабхонӣ ва таҳсил дар Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ба варзиш шавқ доштам, барои тамрини бадан ҳар саҳар медавидам. Ба дарду кашишҳои мушакҳо аҳамият надода, пуртоқатӣ мекардам, зеро гуфтаанд: «Пуртоқатӣ касро ба мақсад мерасонад». Заҳмату кӯшишҳо беҳуда нарафтанд, орзуҳоям амалӣ шуданд. Аз давандаи одӣ то ба қуллаҳои баланди варзишӣ расидам. Дар давоми чанд соли иштирок дар мусобиқаҳои ҷумҳуриявӣ ва берун аз марзи кишвар таҷрибаи кофӣ гирифтам. Метавонам барои рушди варзиши пойгаҳӣ ва тарбияи шогирдони беҳтарин аз таҷрибаи омӯхтаам истифода барам.
Ҳамчун варзишгар шукрона мекунам, ки бо ташаббус ва дастгирии Пешвои миллат, Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон дар кишвар варзиш рушд карда истодааст. Аз ин рӯ, ҷавонони тоҷик дар бисёр мусобиқа соҳиби ҷойҳои ифтихорӣ шуда истодаанд. Банда иштирокчии мусобиқаҳои пойгаҳӣ дар шаҳрҳои гуногуни Федератсияи Россия будам, дар 28 мусобиқаи байналхалқӣ иштирок карда, соҳиби 17 медал, 15 диплому сертификат шудам, тоҷикону Тоҷикистонро муаррифӣ намудам. Ин дастовардҳои ман меваҳои истиқлолиятанд, зеро орзуҳоям дар ҳамин давра ҷомаи амал пӯшиданд.
Мусобиқаҳои пойгаҳӣ дар кишварҳои Россия ва Аврупо дар сатҳи баланд гузаронида мешаванд. Дар шаҳрҳои калонтарини Россия мактаб — клубҳои пойгаҳӣ ташкил шудаанд, ки дар тарбияи ҷавонон ва ҷалби онҳо ба варзиш, солимгардонии ҷомеа нақши муҳим мебозанд. Агар мо таҷрибаи давлатҳои пешрафтаро омӯхта, мактаб – клубҳои пойгаҳӣ ташкил кунем, ба комёбиҳои баланд ноил мегардем, чунки иқлими хубе дорем, ки ба ин мусоидат мекунад. Алҳол тарғиби варзиши пойгаҳӣ дар кишвар суст ба роҳ монда шудааст. Дар баъзе аз раёсат ва бахшҳои варзиши шаҳру ноҳияҳо шахсони ғайриихтисос кор мекунанд. Бо ташкили мактаб — клубҳо метавонем берун аз кишвар дар мусобиқаҳои пойгаҳӣ иштирок кунем, ҷойҳои беҳтаринро соҳиб шавем, номи тоҷикону Тоҷикистонро баланд бардорем. Тоҷикистон яке аз кишварҳои зеботарини рӯйи олам бо кӯҳҳои баланди осмонбӯс, табиати зебояш дар ҷаҳон машҳур гаштааст. Табиати Тоҷикистон диққати бисёр хориҷиёнро ба худ ҷалб намудааст. Мо метавонем дар мавзеъҳои зеботарини Тоҷикистон — дараҳои Ромиту Варзоб, Искандаркӯл, Кӯли Аловуддин, Хоҷаобигарм, Чилучорчашма мусобиқаҳои пойгаҳи кӯҳии байналхалқӣ гузаронем, таваҷҷуҳи мардуми хориҷиро ба табиати зебои кишвар ҷалб намоем ва дар самти сайёҳӣ чун кишварҳои дигар пешсаф бошем.
Амонбек Неъматуллоев,
сокини ноҳияи Айнӣ
Мо аз дигарон кам нестем
Зимни таҷлили Рӯзи байналмилалии муҳофизати кӯдакон дар Сафорати Ҷумҳурии Туркия дар Тоҷикистон, баъд аз муборакбодӣ, сафир бо тифлакон суҳбати самимӣ намуда, аз камбуду норасоиҳои онҳо пурсида гуфт, ки ба шумо чӣ намерасад? Дар ҷавоб тифлаки 7 — сола Абдулло Дурмуш: «Ҳама чиз мерасад, фақат дар ин ҷо метро нест». Сафир табассум карда, ҷавоб дод, ки ин кор аз доираи салоҳияташ берун аст.
Падару модари Абдуллои хурдсол аз вилояти Трабзони Туркия мебошанд ва дар ин вилоят метрополитен вуҷуд дорад. Таърих гувоҳ аст, ки Туркияи имрӯза собиқ империаи Византия ва пойтахти ин кишвар — Истанбул Константинополи қадима буд. Аз даврони Искандари мақдунӣ дар ин сарзамин аз тамаддуни порсҳои қадима, аниқтараш, аз китоби «Вусто»-и порсҳои қадима, истифода бурда, ба худ тамаддун сохтаанд.
Моро месазад, ки замони истиқлолияти давлатамон дар пойтахти кишвар сохтани метрополитенро ба роҳ монем. Метрполитен воситаи нақлиёти аз ҷиҳати экологӣ тозаву безарар мебошад. Қатораҳои метроро аз давлати Куриёи ҷанубӣ харидорӣ менамудем, беҳтар мебуд, чунки суръати онҳо аз 500 то 700 км/соатро ташкил медиҳанд.
Коршиносони ҷаҳонӣ Тоҷикистонро «уқёнуси энергетика» ном ниҳодаанд. Аз ин рӯ, хуб мебуд, ки дар пойтахти мамлакат бо истифода аз неруи арзони барқ нақлиёти зеризаминиро ба роҳ монем. Бо пешравии ҷомеа шароиту имконияти харидории аҳолӣ беҳтар мегардад, аз ин ҷост, ки солҳои охир тамбашавии нақлиёт дар кӯчаҳои шаҳр зиёд мушоҳида мешавад. Кӯчаву хиёбонҳои пойтахт дар солҳои 35 — 40-уми асри гузашта тарҳрезӣ шудаанд ва ба замони муосир ҷавобгӯ нестанд. Аз як гӯша то гӯшаи дигари пойтахт 15 километр роҳ аст. Имрӯз барои сохтани метро дар кишвар шароит муҳайёст. Табиату релеф барои нақбҳои зеризаминӣ бисёр мусоид аст. Аз ҳама муҳим, роҳбарони бунёдкору созанда, мардуми меҳнатдӯсту боору номус дорем. Умед дорем, ки солҳои наздик шаҳри зебои Душанбе соҳиби метро низ мешавад.
Раҳмат Шералиев,
омӯзгор аз ноҳияи Восеъ
Масъули гӯша Б. КАРИМЗОДА,
«Садои мардум»