Ба маълумоти шумо мерасонем, ки кӯчаи мо яке аз мавзеъҳои куҳанбунёду калонтарин ба ҳисоб меравад. Соли 2010 дар натиҷаи офати табиӣ — сел талафоти ҷонию молӣ дидем.
Саҳми ҷавонони кӯча дар рушду нумӯи варзиши шаҳр муассир буда, аз ҳисоби онҳо чеҳраҳои варзишро дарёфт намудан мумкин аст. Дар даврони Ҳокимияти Шӯравӣ дар ҷои Муҷассамаи 2700 — солагии шаҳри Кӯлоб боғи «Пионерон» вуҷуд дошт. Дар он ҷавонон ба намудҳои варзиш — футбол, баскетбол, волейбол ва гӯштин машғул мешуданд.
Аммо ҳоло мо — ҷавонон майдону толори варзишӣ надорем, ки машқ намуда, маҳорати хешро сайқал бахшем. Дар ин хусус ба Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон низ муроҷиат кардаем.
Бинобар ин, аз шумо эҳтиромона хоҳиш менамоем, ки баҳри ҳалли ин қазия кумаки худро дареғ надоред.
А. Абдуллоев, Ҳ. Аминов, А. Азизов, Ҷ. Бозоров, Н. Бобоев, М. Зарифов, Л. Исоев, С. Одинаев, С. Маҳмадиев, Б. Раҷабов ва дигарон
Аз идора. Баъди нашри ин нома умед бар он мебандем дар Соли ҷавонон, ки бо ибтикори Президенти мамлакат эмомалӣ раҳмон эълон гардидааст, масъулон роҳи ҳалли масъаларо пайдо хоҳанд кард.