Пешниҳод

Номи ноҳияи панҷуми пойтахт Чағониён шавад

№102 - 103 (4208 - 4209) 22.08.2020

64e5336cbc0f27fd8d65157362a72c39Пойтахти кишварамон шаҳри Душанбе сол то сол дар баробари ободу зебо шудан васеъ ва сераҳолӣ мегардад. Чанде пеш дар иҷлосияи дуюми Маҷлиси вакилони халқи шаҳри Душанбе даъвати шашум қарори раиси шаҳри Душанбе «Дар бораи тағйир додани сарҳади ноҳияҳои Шоҳмансур, Фирдавсӣ, Сино ва Исмоили Сомонии ҳудуди шаҳри Душанбе» аз ҳисоби заминҳои ноҳияи Рӯдакӣ дар майдони 7659, 25 гектар ва ба масоҳати умумии 20318, 25 гектар муқаррар намудани ҳудуди маъмурии шаҳри Душанбе тасдиқ гардид.

Аз ин рӯ, бо мақсади самаранок  идора кардани воҳидҳои маъмурии пойтахт зарурати таъсиси ноҳияи нав ба миён омадааст.

То ин дам дар баъзе аз расонаҳо вобаста ба номгузории ноҳияи нав фикру мулоҳизаҳо ба табъ расидаанд. Ман ҳам  хостам дар ин мавзӯъ андешаамро баён намоям. Дар замони истиқлолият дар кишвар баъзе аз номҳои таърихӣ, ба монанди Хуҷанд, Бохтар, Кӯшониён, Леваканд, Хуросон, Ҷайҳун дубора эҳё шуданд, ки шоистаи дастгирист. Раванди мазкур боис ба  баландшавии худшиносии миллии насли наврас мегардад. Вобаста ба ин хуб мешуд, агар ба ноҳияи нав яке аз номҳои таърихиро гузорем.

Дар давраи ҳукмронии  сулолаи Сомониён Душанбе тобеи ҳокимони Чағониён буд. Ба гуфти олимони муътабар Саид Нафисӣ ва академик Абдулғанӣ Мирзоев, «Чағониён дар он вақт водии имрӯзаи Сурхондарё ва Ҳисоротро ифода менамуд». («Муосирони Рӯдакӣ», Сталинобод, с.1958, с. 324). Ба гуфти доктори илмҳои филология Амирбек Ҳабибзода, ҳудуди Чағониён аз вилоятҳои Қашқадарё ва Сурхондарёи Ӯзбекистони ҳозира шурӯъ гардида, водии Ҳисорро то ноҳияи Оби Гарми Тоҷикистон дар бар мегирифт. Ҳокимони Чағонӣ дар дарбор доираи  адабиеро сарпарастӣ мекарданд, ки шоирони маъруфи форсу тоҷик  ба он шомил буданд. Чунончӣ, дар китоби «Муосирони Рӯдакӣ» (саҳ. 324) таъкид шудааст: «Амир Абуяҳё Абулаббос… ибни Муҳтоҷи Чағонӣ дар замони салтанати Сомониён ҳукмрони Чағониён будааст. Тоҳир дар баробари  маъмурияти  мамлакатдорӣ, бо сароидани шеър низ машғулият доштааст. Дар ҳузури Тоҳири Чағонӣ доираи адабие ташкил шуда буд, ки шоирони асри X Мунҷики Тирмизӣ, Дақиқӣ, Маъруфӣ, Лабибӣ низ чанде дар он иштирок доштанд».

Ҳамин тариқ, Чағониён дар асрҳои X-XI яке аз марказҳои инкишофи адабиёт ва забони адабии тоҷик ба шумор мерафт.

Аз ин рӯ, ба ноҳияи панҷуми шаҳри Душанбе гузоштани номи Чағониён арҷгузории навбатӣ ба таърихи ғании миллат хоҳад буд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»