Ба «САДОИ МАРДУМ» ҷавоб омад

«Норак: Чаро дар маркази саломатӣ интизоми меҳнат риоя намешавад?»

№117 (4700) 29.09.2023

Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак мақолаи танқидии дар рӯзномаи «Садои мардум» аз 21-уми июли соли 2023 №94 (4677) зери сарлавҳаи «Норак: Чаро дар маркази саломатӣ интизоми меҳнат риоя намешавад?» чопшударо мавриди муҳокима қарор дод.

Бояд қайд намуд, ки дар муассисаи мазкур басти воҳидҳои корӣ 378 нафарро ташкил дода, шумораи маълумоти олидор 56 нафар, ҳамшираҳои тиб 238 нафар, кормандони хурд 52 нафар ва дигар кормандон 32 нафар мебошад.

Ба зикри хабарнигори рӯзномаи «Садои мардум» гӯё роҳбарият ва масъулини КАТС-и шаҳри Норак барои ҳифзи саломатии мардум бепарвоӣ зоҳир намуда, бар хилофи талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таъмини интизоми меҳнат» амал намуда, сари вақт ба ҷойи кор ҳозир нагардида, интизоми меҳнатро вайрон намудаанд.

Мавриди зикр аст, ки дар асоси хабари телефонии Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон аз 21-уми июни соли 2023 таҳти № 7/169 оид ба ҷаласаи якҷояи мақомоти намояндагии маҳаллӣ оид ба интихоботи узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҳбари КАТС-и шаҳр Т. Қаҳорзода бо сафари хидматӣ ба маркази вилоят — шаҳри Бохтар рафта буданд. Ҳангоми ҳузур надоштани роҳбар тамоми ваколатҳои роҳбарӣ, аз ҷумла интизоми меҳнат, бар зиммаи муовини ӯ — Нурмаҳмад Ализода вогузор мегардад. Мақсад аз ҳузур надоштани Нурмаҳмад Ализода далели гуфтаҳои боло шуда метавонад. Муовини дигари ӯ Сунатулло Тағоев бинобар сабаби вазъи оилавӣ, яъне даргузашти тағояш аз роҳбари муассиса иҷозати рухсатии якрӯза гирифта будааст.

Ҳангоми бо телефони мобилӣ аз ҷониби хабарнигор Муҳаммад Зокир расонидани камбудиҳои маркази саломатӣ ба роҳбари муассиса Т. Қаҳорзода ва аз наздик ҳамсуҳбат шудан бо муовини якуми раиси шаҳри Норак Ш. Азимзода гурӯҳи корӣ аз ҳисоби кормандони Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак таъсис дода шуда, давоми як ҳафта фаъолияти муассиса ва интизоми меҳнати кормандон мавриди санҷиш ва назорат қарор дода шуд.

Масъулини шаҳри Норак барои беҳтар намудани хизматрасонии тиббӣ, бунёду азнавсозии бунгоҳҳои саломатӣ, муҷаҳҳазгардонии муассисаҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ ва риоя намудани талаботи Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таъмини интизоми меҳнат» амал намуда, минбаъд низ барои бартараф намудани камбудиҳои дар соҳаи тандурустӣ ҷойдошта тамоми чораҳоро меандешад.

З. ҲАКИМЗОДА,

муовини раиси шаҳри Норак

 

P.S. Агар мақолаи мазкур хуб таҳлил шуда, сипас дар Мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳри Норак мавриди баррасӣ қарор мегирифт, шояд вокуниш яктарафа намешуд.

Дар мақола сухан дар бораи вайрон гардидани муқаррароти моддаи 60-и Кодекси меҳнати Ҷумҳурии Тоҷикистон «Таъмини интизоми меҳнат», ки дар набудани роҳбари муассиса муовинон, масъулон, кормандони қаторӣ ва кормандони техникии марказ ба ҷои кориашон сари вақт ҳозир намешаванд, интизории беморон, аз ҷумла кӯдакони хурдсол мерафт. Магар ин бепарвоӣ нисбат ба саломатии мардум нест? Дар сурате, ки иҷрокунандаи мудири шуъбаи кадрҳо Зилола Зоидова ва ҳамшираи калони шафқати марказ Сабоҳат Тағойбекова дар куҷо будани роҳбариятро намедонанд, ин айби кист?

Китобҳои бақайдгирии омадурафти ҳама категорияҳои кормандони марказ, ки дар даромадгоҳ гузошта шудааст ва навбатдор ҳар нафари ба кор ҳозиршударо бо имзояш ба қайд мегирад, магар далелу исботи ин гуфтаҳо нест?

Наход аз шумораи воҳидҳои корӣ дар Маркази саломатии шаҳрӣ то соати 0840 ҳамагӣ ду нафар табиб ва шаш нафар ҳамшираи шафқат ҳозир гарданд.

Хабарнигор дар асоси Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи матбуоти даврӣ ва дигар воситаҳои ахбори омма» ва дигар қонунҳои амалкунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон мақолаю хабарҳои худро на аз рӯи ғараз, балки мувофиқи талаботи касбӣ аз рӯи дид ва мушоҳидаҳо инъикос менамояд. Вокуниш ба мақолаҳои танқидию таҳлилӣ дар асоси Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон таҳти №622 аз 7-уми феврали соли 2009 «Дар бораи вокуниши шахсони мансабдор ба мақолаҳои танқидӣ ва таҳлилии ВАО» бояд воқеъбинона бошад.

Муҳаммад ЗОКИР,

«Садои мардум»