Ташаббус

Норвегия. Фурӯши мошинҳои бо бензину дизел ҳаракаткунанда манъ мешавад?

№4 - 5 (3798 - 3799) 09.01.2018

автомашинаТибқи иттилои рӯзномаи «Dagens Naevingsliv», дар Норвегия як гурӯҳ депутатҳо ва роҳбарони чор ҳизби сиёсӣ пешниҳод кардаанд, ки аз соли 2025 ҳукумат фурӯши автомобилҳои бо бензину солярка ҳаракаткунандаро  манъ намояд.

Ҳоло 20 дарсади парки автомобилии Норвегияи аҳолиаш панҷмиллионнафараро электромобилҳо ташкил  медиҳанд. Моҳи майи соли гузашта Норвегия дар ҷаҳон чорумин кишваре шуд, ки шумораи электромобилҳояш аз 100 ҳазор гузашт. Соҳибони электромобил дар ин кишвар аз андоз барои харид ва бақайдгирӣ  озоданд. Онҳо аз нуқтаҳои нерупуркунии бепул истифода мебаранд ва дар  хатти барои нақлиёти ҷамъиятӣ ҷудошуда ҳаракат мекунанд. Дар мошинсаройҳо аз электромобил пул намегиранд.Ташаббуси Норвегияро  дар Нидерландия, Шветсия ва Ҳиндустон низ ҷонибдорӣ карда истодаанд. Азбаски қариб тамоми неруи барқ дар Норвегия тавассути неругоҳҳои обӣ тавлид мешавад, рӯ овардан ба нақлиёти барқӣ арзон ва аз лиҳози экологӣ бехатар мебошад.

Ҳукумати Шветсия низ тасмим гирифтааст, ки аз соли 2030 аз нақлиёти бензинӣ ва бо солярка ҳаракаткунанда даст кашад. Ин тасмим боиси рақобатпазирии иқтисодиёт  ва тозагии муҳити зист мегардад.

Вазири энергетикаи Ҳиндустон Пиюш Гоял изҳор  намудааст, ки мумкин  аст то соли 2030 парки автомобилии Ҳиндустон пурра аз электромобил таркиб ёбад. Пешниҳод шудааст, ки хоҳишмандон барои харидани электромобил маблағи онро на якбора, балки ҳармоҳа супоранд.

Ҳоло Ҳиндустону Хитой бузургтарин харидорони мошин  дар Осиё ба ҳисоб  мераванд. Ин ду кишвари сераҳолитарини ҷаҳон бо мушкилоти тамбашавии роҳ ва  баландшавии сатҳи ифлосшавии ҳаво мувоҷеҳанд.  Аз ин рӯ, бо гузаштан ба истифодаи электромобил мехоҳанд мушкилоти мавҷударо рафъ намоянд.

С. СУННАТӢ,

«Садои мардум»