Нософиҳои софӣ ва суханҳои Пучи Кучӣ

№ 18.01.2017

ба ҳарзаҳои Умар Софӣ, раиси собиқи вилояти Қундузи Афғонистон  ва Абдулқаюми Кучӣ, сафири Афғонистон дар Маскав

Мардуми Шарқ, бо ҳама пастзанию туҳматҳои бадхоҳон, хислатҳои наҷиберо, аз қабили меҳмоннавозӣ ва эҳтиром ба ҳамсоя соҳиб ҳастанд, ки ҳатто ҳасудони бе рӯю риё низ инкор карда наметавонанд. То ҳадде ки меҳмонро атои Худо, ҳаққи ҳамсояро ба Худо баробар ва ҳамсояро беҳ аз хеши дур медонанд. Бо ҳукми тақдир сарзамини замоне паҳноваре бо номи Хуросон аз фасоду ифрот сирояту таназзулёфта тика – тика ва бо иқдоми абарқудратҳо ба давлатҳои хурду бузурге тақсим гардид, ки Тоҷикистону Афғонистон мисоли барҷастаи он мебошанд. Тоҷикистон ҳам тӯлонитарин сарҳадро бо Афғонистон дорост. Мутаассифона, дар ин табартақсим ба тоҷикон қисмати хеле хурди он ҳам 97 фисад иборат аз кӯҳҳо насиб гардида бошад, масоҳати Афғонистон бамаротиб зиёд аст. Қисмати минбаъдаи онҳо мухталиф сурат гирифтанд. Тоҷикистон ба ҳайати собиқ Итиҳоди Шӯравӣ дар қатор дигар 14 ҷумҳурӣ шомил гашт. Афғонистон аз ин иттиҳод канор монд. Бо шарофати ин иттиҳод муддати беш аз ҳафтод сол Тоҷикистон дар фазои амну осоишта қарор дошта, хеле пеш рафт. Баръакси ин, Афғонистони ҳамсоя ба майдони тохту този абарқудратон ва озмоишгоҳи  силоҳҳои нав ба нави қатли оми онҳо табдил ёфт. Инак, ҷангҳои пешинаи қавмиро ба инобар нагирем, қариби сӣ сол мешавад, ки ҷангҳои даҳшатбор дар ин сарзамини ҷангзада идома доранд ва охири он ҳам маълум нест. Аз лиҳозе сад офарин ба  сабру тоқати мардуми бечораи заҳматкашу азияткашидаи ин кишвар, ки дар ин бадбахтӣ ҳаргиз гунаҳкор нестанд. Ҳарчанд дар бадбахтии онҳо аҷнабиён ҳам даст доранд, вале  манфиатбардории ашхос, гуруҳу доираҳои алоҳидаи афғон аз идомаи ҷанг намегузоранд, ки дар ин сарзамин сулҳу оромиш бақарор гардад. Аслан, афғон гуфтанӣ миллат набуда, тоҷикҳо, паштунҳо, узбекҳо, туркманҳо, ҳазораҳоро дар умумият бо ин ном мебаранд. Ҷанг барои доираҳое манфиатҷӯи афғон ба тиҷорат табдил ёфтааст. Сармояе, ки дар баҳои хуни ҳазорон одамони бегуноҳи осоишта, аз ҷумлаи занону кӯдакон ба даст меояд. Барои ин тоифа ҷанг  обро лой кардану моҳӣ доштан аст. Ба ин хотир дар ҳоли парокандагию нотифоқӣ, қавму мазҳабгароӣ барин иллатҳо нигоҳ доштани нигоҳ доштани мардуми бечора барои онҳо манфиатовар аст. Аз нигоҳи шаръӣ маънои ба савдо задани имонро (агар дошта бошанд) дорад. Мусалмони асил ҳаргиз ба ҳарому макруҳ даст намезанад. Ҳолати ҷангӣ барои ривоҷи фисқу фасод мусоидат менамояд. Аз ҷумла, ҳамон ҷангу маводи мухаддире, ки бо фарёди «ҷонгудозона» аз ватану миллати худ Умар Софӣ ва Абдулқаюми Кучӣ аз дил берун карда, дар ҳамаи ин бадбахтиҳо Тоҷикистони ҳамсояро гунаҳкор карданӣ шудаанд. Тоҷикистони, наздиктарин, пайвандтарин,дӯсту хайрхоҳтарин ба Афғонистонро. Тоҷикистонеро, ки бештар аз ҳама дар ҷаҳон хоҳони қатъи ҷанг дар Афғонистон ва тантанаи сулҳу оромӣ дар он мебошад. Тоҷикистонеро, ки сарвараш аз минбарҳои бонуфузи ҷаҳонӣ ҳамвора даъват аз дастгирӣ ва пуштибонии Афғонистон менамояд.Тоҷикистонеро, ки дар доираи имкониятҳои худ пайваста дар густариши муносибатҳои неки ҳамсоягӣ бо Афғонистон буда, дар ҳалли чанде аз масъалаҳои мушкили кишвари ҳамҷавор кӯшишҳо дорад, ёрию дастгириашро дареғ намедорад. Тоҷикистонеро, ки гоҳо мардуми худро бебарқ монда, ҳамсояи худро бо барқ таъмин менамояд ва ин ҳама на аз рӯи миннат, балки ҳаққи худовандии ҳамсоягӣ сурат мегирад, зеро  мардумони ин ду кишвар аз қадим ҳамеша дастгиру мададгори ҳамдигар мебошанд. Онҳоро таърих, забон, дину мазҳаб, фарҳанги умумӣ бо ҳам мепайванданд..

Имрӯз, ки Тоҷикистон дар фазои сулҳу Ваҳдати миллӣ пеш рафта истодааст, бештар аз ҳама манфиатдори хатми ҷанг дар кишвари ҳамсоя мебошад. Тинҷию осудагии Афғонистон, ободию пешрафти он ин пеш аз ҳама тинҷию пешрафти Тоҷикистон, ҳамчунин, минтақа мебошад. Он манфиате, ки мардумони ҳарду ҷониб аз пешрафту додугирифти солим мебинанд, дар муқоиса аз фоидаи ба гуфтаи Умари Софӣ «аз таъмири гӯё танкҳо барои Толибон» ва гуфтаи Кучӣ тиҷорати маводи мухаддир тавассути «мафияи Тоҷикистон»  ҳазорон маротиб бештару савобтар аст.

Умар Софӣ  дар сӯҳбат ба радиои паштузабони «Spogmai» иддао карда буд, ки танкҳо ва васоили вазнини ҷангии гурӯҳи Толибон, аз тарафи муҳандисони рус дар хоки Тоҷикистон таъмир мешаванд. Ба фикрам   посухи додаи Раиси вилояти Хатлони ҳаммарз бо Қундузи Афғонистон Давлатшоҳ Гулмуҳаммадзода, «танк чизе нест, ки дар киса гузошта гузаронӣ» аз беҳтаринҳо ба ин сафсата мебошад.

Кучии «ватандӯст» бошад,бешармона»маводи мухаддир дар Афғонистон кишт мешавад, вале иловаи «пушти он Шумо ҳастед (русҳо), пушти он мафияи Тоҷикистон аст»-ро ба забон меорад. Аҷаб хулосаи бемантиқу ботиле! Он чӣ бо пошхӯрии шӯравӣ интиқоли маводи мухаддир аз Афғонистон ба дигар кишварҳо оғоз шуду қувват гирифт ва то ба имрӯз ҳолатҳои интиқоли он аз тарафи доираю гурӯҳҳои алоҳидаи ҷиноятпеша давом дорад, гапи нав нест. Мисле ки бо  касофати героини бо тамғаи «Марги кофар» — и гӯё ба хотири маҳви «кофарон» истеҳсолшуда, садҳо нафар аз ҷавонони мусалмони  тоҷик қурбон, кӯдакон ятиму оилаҳо вайрон шудаанд. Ба якборагӣ мегуфтанд, ки ҷанги бисёрсолаи Афғонистон, фаҳшу фасод дар он ҷо,таҷовузҳои чанддаъфаина, таъсиси Толибон, ДИИШ, бомбаборонкунии самолётҳои бесарнишини амрикоӣ ба сари мардуми осоишта ҳам кори  дасти Тоҷикистон аст. О, ин қадар, ки дилатон ба миллату Ватанатон сӯзад, ин қадар номусу имон, ки дошта бошед, ҳеҷ набошад, ба мардуми худ тараҳҳум кунеду кору роҳи савобро пеш гиред, мухаддир парваршиу истеҳсол накунед, ба ҷанг хотима бахшед. Чаро гиребони дигаронро медоред?Дар ҳоле, ки Тоҷикистон ва миллати тоҷикро «кӯчак» ном мебарад, мантиқ куҷост, ки як кишвар ва миллати «кӯчак» давлати аз худаш даҳ маротиб калонро ба ин ҳол гирифтор карда метавонистааст?

Аслан, Кучиро парвои ғами мардуми дар ҳоли зори афғон ҳам нест. Кучӣ ва кучимонандҳо бо алами худ меноланд. Вагарна, бо  фаҳмишу фаросате чунин ғайриихтиёр ва бемантиқона мақсади аслиашро фош карда намемонд, ки даъвои баъдӣ  аввалиро мантиқан рад мекунад ва соҳибдаъворо  дурӯғгӯ мебарорад, ба забон намеовард.»Тоҷикистон як кишвари бисёр кӯчак аст, ҳатто панҷ миллион аҳолӣ надорад ва як миллиони он ҳам рус аст. Фарҳанг ва забони расмиашон русӣ аст. Ҳақ надоранд, забони худро бинависанд ва ҳатто алифбои дариро тағйир додаанд. Мафия дар ин кишвар бисёр фаъол аст.»

Бояд гуфт, ки ин ҳама ташаббусу тасмимҳо аз худи Кучӣ сар назадаанд ва идомаи ҳамон сиёсати пуштунии тоҷикбадбинӣ, бад нишони додани симои тоҷикон дар назари мардуми Афғонистон, танг кардани мавқеи тоҷикони Афғонистон ва баланд бардоштани нуфузи паштунҳои қудратхоҳ аст, ки Абдуқаюми Кучӣ, коко ё худ амаки  Президенти Афғонистон Ашраф  Ғанӣ мутааллиқанд. Тарафи Афғонистон бо худсафедкунӣ изҳор медоранд, ки ин назари шахсии Кучӣ буда, ба роҳбарият ва мардуми Афғонистон дахл надорад. Шояд, вале назари шахсӣ на дар симмати сафири кишвар гуфта мешавад ва ҳеҷ вазиру сафире бидуни маслиҳату машварат ва ҳатто иҷоза бо роҳбари давлат тасмимеро пеш намегирад. Дигар ин ки мо на кучиему на кӯчак. Масоҳати  ҷумҳуриамон на «кӯчак», балки хурд ҳам бошад, онро ба ҳар ҳол соҳибӣ дорему обод нигоҳ доштаем. Аз лиҳози  шумора аҳолии Тоҷикистон ба 10-миллион расидагирӣ дораду  на русҳо, балки тоҷикон дар Россия шояд 1-миллионро ташкил кунанд. Дар ҳамон Афғонистон ҳам тоҷикон ҳудуди 15-миллион, дар Узбекистон 14 миллионро ташкил мекунад. Бе ҳисоб кардан дар дигар давлатҳо.

Тоҷик чун миллати қадима, тамаддунсоз, маърифату сулҳпарвар кайҳо боз эътироф гардидааст ва маҳз барои ҳамин хислатҳои шоён номи волоеро мушарраф шудааст.Тоҷик, фарҳангу забони он  на як бору ду бор дучори фишору тазйиқҳои нотавонбинона гардидаю хушбахтона, на танҳо худро нигаҳ доштааст, балки забони давлатии ҳокимияти Султон Маҳмуди Ғазнавӣ, Амир Темур ва манғит боқӣ мондааст.   Дар Афғонистон ҳам ба кӯшишҳои тангназарона нигоҳ накарда, бо рисолати азалиаш устувору бегазанд хоҳад монд.

Беҳтар мебуд, ки давлат ва миллати дар ҳақиқат бузург ва ба мо, тоҷикон дӯсту ҳамсояи Афғонистон, ба дассисаҳое зайл дода нашуда, аз заковату хиради баланди азалии давлату миллате ба ибораи Кучӣ «кӯчак, забону асолатгумкарда», аз таҷрибаю Сулҳи тоҷикон бо роҳбарии Пешвои хирадманди он муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон ибрат гирифтаю пайравӣ мекарданд ва сулҳу осоишро дар кишвари худ фароҳам меоварданд. Магар айб нест, ки миллате бо нуфуси «5 миллион» Пешво дошта бошаду миллате бо нуфуси бамаротиб зиёд не?

Мавриди фарҳангу забон, умуман асолат гум кардани тоҷикон, ки Кучӣ изҳор доштааст, гуфтаниам, ки ҳанӯз дар даҳсолаҳои аввали ҳокимияти шӯравӣ, давраҳои ҳуҷуми мӯру малахвори пантуркистҳо ба тоҷикон на дигар миллатҳо, ҳатто русҳо, балки тоҷикон бо ҷасорати бузурги фарзанди фарзонаи тоҷик аллома Бобоҷон Ғафуров бо дастгирии И.В. Сталин китоби «Тоҷикон» — ро аз чоп баровард. Асарҳои беназири устод С. Айнӣ, Лоҳутӣ, Мирзо Турсунзода бо забони тоҷикӣ нашр ва ба забонҳои дигар тарҷума мешуданд. Бо забони тоҷикӣ дар замони шӯравӣ мактабҳо, донишкадаю донишгоҳҳо, пажуҳишгоҳҳо, нашрияю чопхонаҳо фаъолият доштанду доранд.Ҳатто дар ҳамон замони ба қавли Кучӣ барин гӯё мусалмонон «бехудоӣ» — и шӯравӣ, масҷидҳо амал мекарданду мардум ибодати худро ба ҷо меовард ва дину мазҳаб дар муқоиса бо вазъи феълӣ бо ҳимояти сахти давлат аз ҳар гуна равияҳои иртиҷоӣ эмин буд.

Тоҷикон имрӯз бо сари баланд метавонанд рӯйхати хеле ва хеле ҳам калони нобиғаҳояшро бо шумули  Рӯдакӣ, Фирдавсӣ, Сино, Ҳофизу Саъдӣ, Мавлоно Балхӣ, Имоми Аъзам, Айнӣ, Бобоҷон Ғафуров, Лоҳутӣ, Улуғзода Турсунзода ва бисёр – бисёр дигарон ба ҷаҳониён пешниҳод намоянд. Пас, кӣ забон, фарҳангу асолатгумкарда будааст?

Аз шеъри «Фархунда» -и дар ҳолати эҳсосу алам навиштаи устод Бозор Бозор, ки аслан, оҳанги на таҳқир, балки  нафрату маззаммат на ба мардум афғон, балки тӯдае аз ҷоҳилонро дошт, бародарони афғон малӯл ҳам гашта буданд. Иштибоҳ намекунем, агар гӯем, ки Сулаймон Лоиқ, шоири паштунтабори Афғонистон ҳам бо ин сатрҳои худ, на кулли  мардуми афғон, балки онҳоеро дар назар дорад, ки бо мусалмонтарошии худ халқу мамлакатро ба ин ҳол гирифтор кардаанд:

Дар оташи ин қавм талоши шараре нест,

Дар синаи ин тӯда дили бохабаре нест.

Дар соқаи ин мӯзаву дастору чапанҳо,

Як унсури шӯридаву соҳибназаре нест.

Дар сояи ҳар риш ду-се ҷӯраи бериш,

Дар риш зи тақвою диёнат асаре нест…

 Мирзо РУСТАМЗОДА, «Садои мардум»