Дар ноҳияи Тоҷикобод барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани ҷашни 70-умин солгарди Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 омодагӣ дида истодаанд. Дар тамоми муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия аз ҳисоби хонандагони фаъол гурӯҳҳое ташкил шудаанд, ки оид ба рӯзгори мардуми ноҳия дар замони ин ҷанги хонумонсӯз ва корномаҳои ҷавонони тоҷикободӣ дар майдони набард маълумот ҷамъ овардаанд. Дар синфхонаҳои муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия газетаҳои деворӣ ба чашм мерасанд, ки маводи онҳо мавзӯи корномаи ҷанговаронро дар бар мегирад.
Бо қарори раиси ноҳия ситод ташкил шудааст ва аъзои ситод дар асоси нақшаи чорабиниҳо як сол аст, ки дар ҳудуди Тоҷикобод маҳфилҳои гуногун доир менамоянд.
Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия тибқи дастуру супоришҳои Роҳбари давлат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон нисбат ба собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ пайваста ғамхорӣ зоҳир менамояд. Ба ин раванд ташкилоту муассисаҳои ноҳия ва соҳибкорони саховатманд ҷалб шудаанд, ки мунтазам аз аҳволи ҷанговарон хабар мегиранд ва дар доираи имконот кумаки молиявӣ мерасонанд.
Хонандагони синфҳои болоии муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии ноҳия ба рӯзгори онҳо мадад мерасонанд.
Сарварии Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнатро дар ноҳияи Тоҷикобод марди фозилу кордон Абдусамад Идрисов ба уҳда дорад.
Аз суҳбат бо мавсуф маълум гардид, ки солҳои ҷанг ноҳияи Тоҷикобод бо номи Қалъаи Лаби Об маъруф ва тобеияти вилояти Ғарм буд. Аз Қалъаи Лаби Об 3500 нафар ҷавонони ватандӯст ба ҷанг рафтанд. Аз майдони ҷанг 1700 нафари онҳо барнагаштанд. Танҳо соли 1943- юм 394 нафар ҷанговарони тоҷикободӣ дар корзорҳои зидди фашистон қурбон шуданд.
Аз 63 нафар Қаҳрамонони Иттиҳоди Шӯравӣ аз Тоҷикистон, ки танҳо 14 нафари онҳо тоҷик ҳастанд, ду фарзанди ҷасури ноҳияи Тоҷикобод — Ҳайдар Қосимов ва Қудрат Қаюмов ба ин унвони олӣ сазовор гардиданд. Қудрат Қаюмов ҳангоми иҷрои супориш қаҳрамонона ҳалок гардидааст. Қаҳрамони Иттиҳоди Шуравӣ Ҳайдар Қосимов бошад, баъди ба анҷом расидани ҷанг ба ноҳияи Вахш баргашт ва то охири умр дар ободонии кишвари азизамон саҳм гузошт.
-Бовар дорам, ки баргузории ҳама гуна чорабиниҳо дар мавзӯи Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар тарбияи ватандӯстӣ ва инсонпарварии ҷавонони ноҳия таъсири калон мерасонад,- гуфт дар хатми суҳбат раиси Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати ноҳия Абдусамад Идрисов.
Диловари МИРЗО, «Садои мардум»