Ҷашни пуршукӯҳи 70-солагии Ғалаба бар фашизми Германия дар арафаи таҷлилёбист. Ин ғалабаи бузурги мардуми шӯравӣ, ки тавассути сиёсати дурусти ватанпарварӣ, кӯшиши дастаҷамъӣ, якдиливу ҳамзабонӣ, муттаҳидии мардуми саросари ин давлати бузург ба даст омад, тақдири мардуми сайёраро ба таври мусбӣ ҳал кард.
Дар рӯзҳову моҳҳои аввали саршавии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки душман масоҳати зиёди қисмати ғарбии Иттиҳоди Шӯравиро забт намуд, вазъи иқтисодии ин мамлакати бузург ба мушкилиҳо рӯ ба рӯ гардид. Аз ин рӯ, фаъолияти онҳое, ки дар ақибгоҳ заҳмат мекашиданд, танҳо таҳти як шиор – «Ҳама барои фронт, ҳама барои Ғалаба!» сурат мегирифт.
Дар он шабу рӯзҳо ҳар фарди баору номус қувваю ғайраташро барои таъмини ҷанговарон, мардони майдони муҳориба бо озуқа ва сару либоси гарм равона карда буд…
Аҳтам Аҳмадов соли 1928 дар деҳаи Нилуи ноҳияи Ҳисор ба дунё омадааст. Падараш – бобои Аҳмад ба деҳқонӣ – ғаллакорию боғу токпарварӣ ва чорводорӣ машғул буд. Ӯ аҳли хонаводаашро аз ҳамин ҳисоб мехӯронду мепӯшонд. Писари калониаш Абдураҳим соли 1937 ба хизмати ҳарбӣ даъват шуд. Худи ҳамон сол ҷанги байни Иттиҳоди Шӯравӣ ва Финландия сар шуда буд ва Абдураҳимро ба майдони ҷанг бурданд. Ӯ бар зидди финҳо то соли 1939 ҷангида, онҳоро аз хоки шӯравӣ бароварда, саломат ба Ватан баргашт.
Вале дере нагузашта Германия ба муқобили Иттифоқи Советӣ аҳдшиканона ҳуҷум кард ва ихтиёран ба ҷанг рафту дигар барнагашт. Соли 1942 дар қисмати ғарбии давлати Иттиҳоди Шӯравӣ ҷангҳои шадид идома дошт. Моҳи ноябри ҳамон сол писари дуюми бобои Аҳмад Абдуҳаким бо даъвати Комиссариати ҳарбии гарнизони шаҳри Душанбе ба ҷанг рафт ва низ дар майдони муҳорибаҳо шаҳид шуд.
Моҳи марти соли 1944 Артиши Шӯравӣ хеле пурқувват шуда, бо зарбаҳои ҳавоӣ ва заминӣ фашистонро шикаст дода, ба пеш ҳаракат мекард.
Бобои Аҳмад аз рӯзҳои мусоиди баҳорӣ истифода бурда, бо ду писараш дар ҳавлӣ ба киштукор машғул буд. Ҳамин вақт намояндаи ҷамоат ба номи Абдураҳмон даъватномаи ҷангро овард.
Намояндаи ҷамоат медонист, ки то ин муддат ду фарзанди бобои Аҳмад дар ҷанг шаҳид шудааст, аз ин рӯ хиҷолатмандона: – Чӣ кор мекунем, бобои Аҳмад? — гуфт
– Ҳеҷ боке нест, мудофиаи Ватан ва онро аз душмани қаттол раҳо кардан қарзи фарзандист, аз қисмат гурехта намешавад, – гуфт ӯ.
Абдураҳмон ҳам аз ҷанг барнагашт. Баъди чор моҳи дигар боз даъватнома омад. Ин дафъа он ба номи писари хурдии бобои Аҳмад – Аҳтами 18-сола буд. Бобои Аҳмад рӯи ҳавлӣ чарх мезад. – Охир, се писарамро ҷанги хонумонсӯз ба коми худ фурӯ бурд, наход, ки инашро ҳам баранд?
Ҳамаи ҳамсояҳо дар ҳавлӣ ҷамъ омаданд. Ба падари рангзардгардидаву модари муштипари аз ғами се фарзанди ҷигарбандаш касалманд нигариста, чӣ кор карданашонро намедонистанд.
Илоҷи дигар набуд, аҳли деҳа ба Аҳтам дуои нек дода, гусел карданд. Хушбахтона, вақте ки ӯро аз ташхиси тиббӣ ва дигар санҷишҳо мегузарониданд, аз тарафи роҳбарияти Комиссариати ҳарбӣ маълумотнома пешниҳод гардид, ки тибқи он бинобар сабаби се нафар аз як оила дар ҷанг шаҳид шуданашон Аҳтамро дар ақибгоҳ нигоҳ доштанд. Ӯ бо супориши Комиссариати ҳарбӣ ба колхози худашон баргашт.
Замони ҷанг соати корӣ ва рӯзи корӣ набуд. Мардум шабу рӯз меҳнат мекарданд, то ки фарзандонашон дар ҷанг азоби гуруснагӣ накашанду сару танашон пӯшида бошад, онҳо нақшаҳои ба зимма гирифтаашонро барзиёд, ҳатто ду-се баробар иҷро мекарданд.
9 майи соли 1945 – рӯзи фаромӯшнашаванда, рӯзе, ки дар таърих абадӣ нақш гузошт- Рӯзи Ғалаба бар Германияи фашистӣ фаро расид.
Аҳтам то соли 1947 ҳамоно дар ақибгоҳ кору хизмат мекард. 10 августи соли 1947 Президиуми Совети Олии СССР хизматҳои Аҳтам Аҳмадовро дар ақибгоҳ ба инобат гирифта, ӯро бо медали «Барои меҳнати шоён дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945» сарфароз гардонид.
Бобои Аҳтам Аҳмадов 56 сол дар соҳаҳои гуногун – аз деҳқони одӣ сар карда, то вазифаҳои роҳбарикунандаи сатҳи ҷамоату колхоз бо дили поку виҷдони соф меҳнат кардааст. Ӯ соли 1991 ба нафақа баромад ва ҳоло дар иҳотаи беш аз 100 нафар фарзандону наберагон ва аберагону чаберагонаш давлати пирӣ меронад.
70-солагии Рӯзи Ғалаба ба шумо муборак бошад, бобои Аҳтам!
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»