Бо кӯмаку дастгирии раиси шаҳри Роғун Шариф Шарифов соҳибкорон ва чанде аз шахсони саховатманд панҷ ҷуфт навҷавонон аз оилаҳои камбизоат соҳиби шаҳодатномаи ақди никоҳ гардиданд. Инчунин бо ҳиммати аҳли масҷидҳо, маҳаллаҳо ва ҷамоатҳои шаҳраку деҳот 18 нафар фарзандони оилаҳои ниёзманд хатнасур карда шуданд.
-Чунин корҳои хайр мунтазам аз ҷониби Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр дастгирӣ ва амалӣ мегардад,- гуфт мудири шуъбаи рушди иҷтимоиёт ва робита бо ҷомеаи Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Роғун Абдухолиқ Ҷойлобов.
Ҳокими САФАР