Зафар Гадоев хатмкардаи факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон буда, дар вазифаҳои масъули мақомоти корҳои дохилӣ, аз ҷумла муфаттиш, корманди фаврии Раёсати мубориза ба муқобили ҷиноятҳои иқтисодӣ ва муташаккилонаи Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори шуъбачаи милитсияи нақлиёти роҳи оҳан, сардори шуъбаи Раёсати корҳои дохилии шаҳри Душанбе, сардори шуъбаи Хадамоти муҳоҷирати Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон, сардори ШВКД дар ноҳияи Муъминобод кор кардааст. Ҳоло сардори ШВКД дар ноҳияи Тоҷикобод мебошад, рутбаи полковники милитсияро дорад. Бо Ифтихорномаи Ҷумҳурии Тоҷикистон (соли 2002) қадрдонӣ шудааст.
Бо Зафар Гадоев доир ба фаъолияти шуъбаи Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Тоҷикобод ҳамсуҳбат гардидем.
-Мақомоти Вазорати корҳои дохилӣ дар ноҳияи Тоҷикобод фаъолияти худро тибқи супориш, фармону амрҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, фармону дастурҳои Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон ба роҳ мондааст.
Давоми панҷ моҳи соли ҷорӣ дар ҳудуди ноҳия 11 ҷиноят ба қайд гирифта шудааст, ки асосан амалҳои ҷиноятии вобаста ба дузанагӣ, ба шавҳар додани ноболиғ, никоҳи ноболиғ, расонидани зарари ҷисмонӣ, дуздӣ ва ғайраро ташкил мекунад. Айни ҳол нисбати нуҳ ҷиноят тафтишоти пешакӣ ба итмом расонида, ду парванда барои моҳиятан баррасӣ намудан ба суди ноҳия ирсол гардид. Дар ҳудуди ноҳия ду ҳодисаи дуздии молу амволи ғайр аз тарафи ноболиғон ба қайд гирифта шудааст,- мегӯяд Зафар Гадоев.
Яке аз самтҳои муҳиме, ки мавриди таваҷҷуҳи роҳбарияти Вазорати корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон қарор дорад, ин кушодашавии ҷиноятҳои солҳои пешин мебошад. Дар шуъбаи кор-ҳои дохилии ноҳия гурӯҳи фаврӣ- тафтишотӣ оид ба ҷиноятҳои солҳои пешин созмон ёфтааст.
Гурӯҳи мазкур ҳар моҳ дар назди роҳбарият ҷаласаи фаврӣ гузаронида, оид ба корҳои ба сомон расонида маълумот медиҳад. Дар ин давра нисбати панҷ парвандаи ҷиноятии солҳои пешин, ки бо моддаи 244 қ.2 Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон боздошт шуда буданд, корҳои оперативӣ- ҷустуҷӯйӣ гузаронида, як ҷинояти солҳои пешинро ошкор намуданд. Нисбати он қарори қонунӣ қабул гардид ва баррасии чор ҷинояти дигар идома дорад. Дар ин самт корҳои фаврӣ- ҷустуҷӯйӣ ва фаҳмондадиҳӣ бурда мешаванд.
Оид ба иҷрои фармони Президенти мамлакат дар бораи халъи силоҳ кормандони мақомоти корҳои дохилӣ бо аҳолӣ суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд. Натиҷаи ин тадбирҳо буд, ки дар ин давом як адад автомати тамғаи Калашников, се адад яроқи оташфишони тамғаи карабин, як гулӯлаандоз, як яроқи рахмили ТОЗ -8, шаш адад норинҷаки дастӣ, 143 дона тири гуногунқутр, 12 дона тири зермил, як адад дурбин, ду дона ратсияи дастӣ дарёфт ва ба шуъбаи корҳои дохилӣ супурда шуданд.
Полковник Зафар Гадоев дар идомаи суҳбат гуфт, ки риояи қонуният ва интизоми хизматӣ зери назорати қатъии роҳбарияти мақомот қарор дорад. Мувофиқи талабот, сардорони шуъбачаю гурӯҳҳо нақшаҳои фардӣ- тарбиявӣ тартиб дода, кормандонашонро дар рӯҳияи ватандӯстӣ, худшиносӣ ва эҳтиром ба қонун тарбия менамоянд. Андешидани ин тадбирҳо ба он мусоидат намудааст, ки дар мақомоти корҳои дохилӣ ягон ҳодисаи вайрон кардани қонуният ва интизоми хизматӣ ба қайд гирифта нашудааст.
Барои ба амал баровардани супоришу дастурҳои Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, ки аз Паёмашон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон (аз 26 апрели соли 2013) бармеоянд, нақша -чорабиниҳо тартиб дода, барои бурдани корҳои фаҳмондадиҳӣ ҳайати шахсӣ сафарбар шудааст. Кормандони мақомоти корҳои дохилӣ дар минтақаҳои хизматиашон дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии маҳаллӣ муҳтавои Паёмро ба аҳолӣ мерасонанд. Чунин суҳбату вохӯриҳо дар Ҷамоатҳои деҳоти Ширинчашма, Лангари шоҳ, Қалъаи лаби об ва Нушор гузаронида шудаанд.
Оид ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» кормандони милитсия бо ҳамроҳии комиссияи ноҳиявӣ ва ҷамъиятии маҳалҳо тадбирҳои судманд меандешанд. Дар ин давра ду ҳолати вайрон кардани қонуни мазкур ба қайд гирифта шуд, ки вобаста ба он парвандаи маъмурӣ тартиб дода, барои баррасӣ ба суди ноҳия ирсол шуд.
Вобаста ба иҷрои Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» дар ҳамкорӣ бо мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатӣ ва масъулини муассисаҳои таълимӣ дар ҷамоатҳои деҳот суҳбату вохӯриҳо мегузаронанд. Дар ин самт кормандони мақомоти корҳои дохилии ноҳия ҳашт оилаи ноустуворро ба қайд гирифта, 23 маводи ҳуқуқвайронкунии маъмурӣ бо моддаи 90 Кодекси ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон тартиб дода, барои баррасӣ ба суди ноҳия ирсол намуданд. Кормандони мақомот 944 протоколи маъмурӣ тартиб додаанд, ки аз ин ҳисоб ду ҳолат оид ба вайрон намудани Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», 18 ҳолати майдаавбошӣ, 25 ҳолати вайрон кардани ҳифзи табиат, 16 ҳолати халалдор намудани оромӣ, 206 ҳолати вайрон намудани реҷаи шиносномавӣ, 51 ҳолати вайрон намудани қоидаҳои зиддисӯхтор, 527 ҳолати вайрон кардани қоидаҳои ҳаракат дар роҳ, шаш адад дар ҳолати мастӣ пайдо шудан дар ҷойҳои ҷамъиятӣ ва ғайра мебошад.
Ҳайати шахсӣ ҳама кӯшишро ба он равона намудааст, ки волоияти қонун ҳукмфармо бошад ва ҷинояту ҷинояткорӣ кам гардида, мардум тинҷу ором зиндагӣ намоянд,- изҳор дошт дар хотимаи суҳбат сардори ШВКД дар ноҳияи Тоҷикобод, полковники милитсия Зафар Гадоев.
Ҷумъахон НАБОТОВ, Аъзам МӮСОЕВ,
«Садои мардум»