Ваҳдат аз ҷумлаи ҷашнҳои барои сокинони кишвар арзишманд маҳсуб меёбад. Бинобар ин, ҳар сол барои сазовор истиқбол гирифтани он омодагии ҷиддӣ мебинанд. Аз ҷумла бо дастовезҳои меҳнатӣ ва корҳои ободонию бунёдкорӣ пешвоз гирифтани ҷашн ба ҳукми анъана даромадааст. Дар робита зимни суҳбат бо хабарнигорамон роҳбари дастгоҳи раиси ноҳияи Файзобод Сафарбек Нуров чунин иброз намуд:
-Дар ноҳияи Файзобод ба ҷашни ифтихории Рӯзи Ваҳдати миллӣ омодагии зиёд диданд. Махсусан корҳои ободонӣ ва сохтмони иншооти гуногуни маишӣ, хизматрасонӣ ва фарҳангӣ вусъат гирифт. Дар натиҷа, дар арафаи ҷашн, аз ҷумла дар деҳоти Мискинобод корхонаи коркарди варақаҳои оҳанин бо иқдоми соҳибкор Холмаҳмад Розиқов ба фаъолият пардохт. Ин имкон медиҳад, ки мардум маҳсулоти сохтмониро бевосита аз маҳалли зисташон дастрас намоянд. Ҳамзамон якчанд нафар соҳиби ҷойи кор шуданд.
Бо ташаббуси соҳибкор Додарбек Абдуллоев сехи истеҳсоли оби нӯшокӣ бо номи «Хоҷа Ёқуб» дар деҳаи Бобои Валии деҳоти Қалъаи Дашт ба истифода дода шуд. Дар шаҳраки Файзобод боз як бинои дуошёнаи Маркази хизматрасонӣ қомат афрохт, ки аз мағоза, кошонаи ҳусн, сартарошхона ва суратгирхона иборат аст. Дар ин кор соҳибкори маҳаллӣ Ҷамшед Ғафуров саҳмгузорӣ намуд. Рӯйдоди дигари тоза ин ба истифода додани хатҳои оби нӯшокӣ дар кӯчаи Зебунисои маркази ноҳия ва деҳаи Кӯлобиёни деҳоти Чашмасор мебошад, ки бо маблағгузории Хазинаи Оғохон анҷом ёфт.
Барномаи чорабиниҳои оммавии фарҳангӣ ва варзишӣ низ рангорангу пурмазмун аст. Аҳли фарҳанг бо иштироки ҷавонон ва мактаббачагон бахшида ба Рӯзи Ваҳдати миллӣ намоиши театрикунонида ва барномаҳои консертӣ омода карданд. Дар китобхонаҳо маводи зиёд оид ба Ваҳдат, созандагиҳои Ватан, саҳмгузорони бунёдкориҳо, саъю талошҳои Президенти кишвар баҳри таҳкими давлату давлатдорӣ ва сулҳу оромӣ ҷамъоварӣ ва дар намоишгоҳҳо манзури ихлосмандон гардонида шудааст.
Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»