23 августи соли равон бахшида ба ҷашни 23-солагии Истиқлолияти давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ноҳияи Шаҳринав иди «Асал ва сайри харбуза» доир гардид.
Мувофиқи маълумотҳои оморӣ дар ноҳия 3211 оилаи занбӯри асал мавҷуд аст, ки нисбат ба ҳамин давраи соли 2013-ум 160 оила зиёд мебошад.
Барои иштирок дар иди «Асал ва сайри харбуза» ва ярмарка-фурӯши маҳсулоти кишоварзӣ асалпарварону кишоварзони беш аз 30 хоҷагиҳои деҳқонии деҳоти «Чуст», «Истиқлол», «Сабо» ва ба номи Акрам Ҳасанов дар боғи фарҳангу фароғатии маркази ноҳия ҷамъ омаданд.
Онҳо зиёда аз як тонна асал, панҷ тонна тарбуз, панҷ тонна харбуза ва беш аз шаш тонна маҳсулоти дигари кишоварзиро ба сокинон ва меҳмонон нисбат ба нархи бозор то 20-30 фоиз арзонтар пешкаш карданд. Кишоварзон дар баробари асал ва харбуза, намудҳои дигари маҳсулоти кишоварзиро низ ба намоиш ва фурӯш гузоштанд.
Зикр кардан бамаврид аст, ки дар ҳамаи шаҳраку деҳоти ноҳияи Шаҳринав имсол занбӯриасалпарвон ҳосили баланд ва фоидаи хуб ба даст оварданд.
Чунки шароит ва иқлими ноҳияи Шаҳринав барои парвариши занбӯри асал ва маҳсулоти полезӣ мувофиқ мебошад.
Дар ин чорабинӣ намояндагони деҳоти «Чуст», «Истиқлол» ва шаҳраки Шаҳринав асалпарварони беҳтарин шинохта шуданд. Харбузапарварони деҳоти «Чуст» ва «Истиқлол» сазовори ҷойҳои ифтихорӣ гардиданд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»