Рӯзи ба деҳаи Тоқабунаи ноҳияи Муъминобод рафтанамон синни Раҳмон Шарифов, собиқадори ҷангу меҳнат, ба 90-солагӣ расида буд. Хонадон ба тӯйи набераи 50-уминашон омодагӣ мегирифтанд. Аз 90 соли ҳаёташ 700 рӯзашро ин марди шуҷоъ дар фронтҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ гузаронидааст. Нахустин шуда ӯ, сипас акаҳояш Сафаралию Маҳмадалӣ, ба муборизаи зидди фашистон рафтанд. Баъдтар писарамакҳояш Мусо Назаров, Худойназар Раҳимов ба ин мубориза пайвастанд.
Амалиётҳои ҷангиро Раҳмон аз шаҳру деҳаҳои Смоленск оғоз намуда, ҷангкунон дар озодкунии шаҳрҳои Ҷумҳурии Беларус ширкат кард. Аз сарфармондеҳи Олӣ Иосиф Виссарионович Сталин барои озодкунии шаҳрҳои Смоленск, Орша ду «Раҳматнома» дорад. Ҳамроҳи дигар қисмҳои аскарони советӣ Полшаро озод карда, ба хоки Германия даромаданд. 9 майи соли 1945 Раҳмон ҷашни ғалабаро дар назди дари Элба истиқбол кард. Аз он тарафи дарё қӯшунҳои иттифоқчиён -америкоиҳою англисҳо меистоданд.
Дар яке аз амалиётҳои безараргардонии лавозимоти ҳарбӣ, соли 1947, сахт ярадор шуд ва пас аз табобат дар госпитали шаҳри Новгороди наздики Ленинград ӯро ба ақибгоҳ ҷавоб доданд. Имрӯз сари синаи ӯро ордени Ҷанги Бузурги Ватанӣ дараҷаи II, медалҳои «Барои корнамоӣ», «Ба муносибати ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бар Германияи фашистӣ» ва якчанд медалҳои ҷашнӣ зеб медиҳанд.
Соли 1948 бобои Мирзошариф –падари Раҳмон писари далерашро хонадор кард. Дертар онҳо аз деҳаи Тихоро ба деҳаи Тоқабуна кӯчида омаданд ва 56 сол аст, ки дар ин деҳа зиндагӣ дорад. Корро аз вазифаи котиби колхозҳои «Байналмилал», «Коммунаи Париж» ба номи Ленин оғоз карда, то ҳисобчию мудири фермаи совхозҳои «Муъминобод», «Муъминобод-4» расид. Нуҳ фарзандро ба камол расонида, соҳиби хонаю дар кард.
Имрӯз давлати пирӣ меронад. Дар мавзеи Ҳоитуни болои Тихоро боғи зебое бунёд кардаасту аз он ҳосили зиёд мегирад. Ин меҳнатқариниро имрӯз фарзандону набераҳо дар паҳлуяш истода, идома медиҳанд.
Нурулло ҲАСАНОВ, ноҳияи Муъминобод