Дараи зебоманзари Ромит, воқеъ дар шаҳри Ваҳдат, ҳазору як оби шифою гӯшаҳои зебо дорад. Осоишгоҳи «Ромит» дар деҳаи хушобуҳавои ин мавзеъ — Калтучӣ воқеъ аст. Он асосан барои собиқадорони ҷангу меҳнат махсус гардонида шудааст. Мо давоми даҳ рӯз аз рӯйи ташхиси бемории остеохондроз дар ин осоишгоҳ табобат гирифтем. Оби шифои «Зайрон», лойтабобатии духтурони ботаҷриба Холмурод Абдуллоев, Ҷамила Алиева, Бунафша Абдуллоева, лаҳни ширину муносибати неки роҳбари осоишгоҳ Муқаддас Мирзоева, дастурҳои саривақтии духтур Диловар Солеҳов, таомҳои лазизи ошпазҳо Бибигул Салимова ва Эмом Нозимов, хизматрасонии пешхизматҳо Рӯзигул Раҳимова, Дилафрӯз Ҷабборова на танҳо ба мо, балки ба кулли табобатгирандагон писанду мақбул буд. Офарин ба роҳбарони ин осоишгоҳ, ки тавонистаанд гулу буттаҳои ороишӣ, дарахтони табиии сояафканро нигоҳ дошта, боз садҳо бех дарахтони мевадиҳандаи зардолую гелос, тут, хурмо, ангур парвариш намоянд. Аз садои марғуладори рӯди Кофарниҳон, ки аз паҳлуи ин осоишгоҳ мегузарад, асабҳо орому хотирҳо ҷамъ мегарданд.
Шумо ҳам метавонед барои табобату истироҳат ба осоишгоҳи «Ромит» биёед.
Нурулло Ҳасанов, ноҳияи Муъминобод.