Бо ҳидояти Сарвари давлат

Баракат ва самараи ваҳдату дӯстӣ

№135 (3120) 24.10.2013

DSC_0082Ҳангоми аз ноҳияи баландкӯҳи Ҷиргатол дидан кардан руҳияи болида ва чеҳраи кушоду гарми мардуми онро ба хубӣ эҳсос намудем. Дар суҳбатҳо мардум аз сафари Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон ба ноҳия, пазиройии гарму самимӣ ва мулоқоти ошкору гуворо ҳарф мезаданд. Ин сафари Сарвари давлат ба онҳо рӯҳу илҳоми тоза бахшид. Мардум бо дарки баланд моҳияти соҳибдавлатӣ ва меҳанпарастиро  эҳсос мекунанд ва онро омили асосӣ, пешравии тамоми соҳаҳои  иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангӣ медонанд.

Дар ноҳияи Ҷиргатол асосан намояндагони ду миллати сарбаланд – тоҷикону қирғизҳо чандин қарн аст, ки якҷоя ҳаёт ба сар мебаранд. Дӯстии онҳо ба мурури замон санҷишҳои бузургеро паси сар карда, мустаҳкаму пойдор гардидааст. Ҷиргатол диёри  мардуми меҳмоннавоз ва маъвои  дӯстиву бародарист. Тоҷикону қирғизҳо дӯш ба дӯши ҳам бо меҳнати созандаю бунёдкоронаи худ дар ҳама соҳаҳои хоҷагии халқ ба дастовардҳои назаррас ноил гардидаанд.

- Дар тӯли солҳои  соҳибистиқлолии Ҷумҳурии Тоҷикистон ноҳияи Ҷиргатол дар натиҷаи  таваҷҷуҳи  ҳамарӯза ва бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар самти сохтмону бунёд ва барқарорсозии иншоотҳои муҳими хоҷагии халқ, аз он ҷумла каналу нассосҳои обкашонӣ, хатҳои оби нӯшокӣ, бунёди муассисаҳои таълимӣ, тиббӣ, фарҳангӣ, роҳҳо, пулу гузаргоҳҳо дастовардҳои беназирро ноил гардид, — мегӯяд раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир.

-Чунончӣ, агар дар соли 1997 корҳои барқарорсозӣ ва ободонӣ ба андозаи 131 ҳазору  440 сомонӣ ба анҷом расида  бошанд, солҳои минбаъда маблағгузориҳо  ба ин соҳа сол то сол  зиёд гардида, соли 2013 ин нишондод ба 39 млн. 992 ҳазор  сомонӣ расид.

«Имрӯзҳо кулли сокинони кишварамон, аз ҷумла мардуми заҳматкаши ноҳияи Ҷиргатол аз баракати сулҳу оромии мамлакат азму талош доранд, ки ҷиҳати тақвият бахшидани корҳои созандагӣ ва боз ҳам ободу пешрафта гардонидани Тоҷикистони азиз иқдомҳои тоза нишон диҳанд ва мо инро дар чеҳраҳои гарму самимии мардуми ноҳияи баландкӯҳи Ҷиргатол хуб эҳсос мекунем»

(Аз суханронии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар мулоқот бо сокинони ноҳияи Ҷиргатол,  26 сентябри соли 2013)

Бо ин маблағҳо тӯли солҳои 1997-2013 дар ноҳияи Ҷиргатол 415 иншооти муҳим сохта ва таъмиру барқарор шудааст, ки ҳамаи онҳо дар маҷмуъ мавриди истифода қарор доранд. Аз он ҷумла дар ин давра 39 адад кӯпрук сохта, таъмир гардида, бинои 27 мактаби нав бунёд  ва 76 адад мактаб аз таъмири асосӣ ва ҷорӣ бароварда шуд. Ба 38 деҳаи ноҳия хатҳои оби нӯшокӣ сохта, ба истифода дода шуданд. Давоми ду соли охир ду адад муассисаи  табобатӣ  сохта,  10 адад бунгоҳи тиббӣ азнавсозӣ шуда, бо таҷҳизоти замонавии тиббӣ таъмин гардид. Соли ҷорӣ бинои мактабҳои ибтидоӣ, муассисаҳои томактабӣ  дар  деҳоти Сартало, Пилдон, Ҷиргатол ва Янгишаҳр азнавсозӣ, таъмиру барқарор ва ба фаъолият оғоз намуданд. Боғчаи бачагон дар деҳоти Пилдон мавриди истифода қарор дода шуд, ки аз ин ҳисоб ҳоло шумораи муассисаҳои томактабии бачагона дар ноҳия чор ададро ташкил менамояд.

DSC_0113

Дар маркази ноҳия муассисаи таълимии давлатии литсейи  хонандагони болаёқат ба фаъолият шуруъ намуд. Зимни сафари  корӣ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон бо фаъолияти ин муассисаи  таълимӣ  шинос гардид. Литсей дорои шароити  мусоиди таълим буда, дар он 175 нафар хонанда таҳсил доранд. Минбаъд имконоти таълим васеъ мегардад.

- Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Ҷаноби Олӣ муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон зимни сафари корӣ дар ноҳия чандин объектҳои истеҳсолӣ, таълимӣ ва фароғатиро расман ифтитоҳ  намуданд ва онҳо мавриди истифодабарӣ қарор гирифтанд, — мегӯяд дар идомаи суҳбат  раиси ноҳия Умедхоҷаи Зоир.

Иштироки Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон дар маросими ба истифода додани боғи фарҳангӣ – фароғатӣ  ва мулоқот  бо сокинони ноҳия хеле самимӣ ва хотирмон буд. Дар ин мулоқоти самимӣ Сарвари давлат  таъкид намуд, ки тӯли солҳои соҳибистиқлолии мамлакат ноҳияи Ҷиргатол обод гардида, иншооти гуногун сохта, ба истифода дода  шуд.

Сарвари давлат моро ба корнамоиҳои нав ҳидоят намуданд.

Дастоварди муҳиме, ки дар ҳаёти хоҷагии халқи ноҳия ба даст омад, ин сохтмону баистифодадиҳии  Неругоҳи хурди барқи обии «Питовқул» мебошад. Ин неругоҳ дорои иқтидори 1000 кВт мебошад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия  азм дорад, ки бо дастгирии Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ва бо ҷалби сармояи  дохилию  хориҷӣ бунёди силсиланеругоҳҳоро дар ҳавзаи дар ҳудуди ноҳия будаи дарёи Сурхоб идома диҳад.

Сохтмони иншооти варзишгоҳи марказии ноҳия барои 5000 ҷойи нишаст  низ яке аз дастгириҳои Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон мебошад. Айни ҳол сохтмони иншооти мазкур идома дошта, то ҷашни Наврӯзи  соли 2014 ба истифода супорида шудани он дар назар аст.

Дар ин робита Сарвари давлат зимни мулоқот бо сокинони ноҳияи Ҷиргатол таъкид доштанд, ки имрӯз ба хотири тарғиби тарзи ҳаёти солим, ташаккули неруи ҷисмонӣ ва ҳисси зебоипарастии ҷомеа, пеш аз ҳама наврасону ҷавонон, варзиш на танҳо дар сатҳи шаҳру ноҳияҳо, балки дар деҳоти кишвар низ рушд меёбад.

Дар ноҳияи Ҷиргатол картошкапарварӣ соҳаи муҳим ва афзалиятнок ба ҳисоб меравад. Мувофиқи барномаҳои давлатӣ ва дастуру супоришҳои Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон барои рушди минбаъдаи ин соҳа заминаи мустаҳкам фароҳам оварда шудааст. Истеҳсоли картошка соли 2011 ба 63501 тонна расонида шуда буд. Меҳнаткашони ноҳия бо мақсади саҳмгузорӣ дар таъмини амнияти озуқавории мамлакат барои солҳои 2012-2013 то ба 100 ҳазор тонна расонидани ҳаҷми истеҳсоли солонаи картошка дар ноҳия иқдом гирифта буданд. Соли 2012 масоҳати кишти картошка дар ноҳия ба 3812 гектар расонида шуда, ҳаҷми истеҳсоли он 83 ҳазору 676 тоннаро ташкил намуд. Дар соли 2013 кишоварзони ноҳия масоҳати майдони кишти ин намуди зироатро ба 4036 гектар расониданд ва азми қавӣ доранд, ки ҳаҷми истеҳсоли картошкаро ба 100 ҳазор тонна мерасонанд.

Гирифтани ин миқдор ҳосили картошкаро низ Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон таъкид доштанд. Картошкапарварӣ ҳамчун соҳаи сердаромади кишоварзӣ сол то сол тараққӣ  карда, майдони он аз ҳисоби ба кор андохтани иншооти обёркунӣ ва заминҳои нав васеъ гардонида мешавад.

Сарвари давлат дар мулоқот бо сокинони ноҳия таъкид доштанд, ки бо мақсади афзоиши маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка, фароҳам овардани ҷойҳои иловагии корӣ ва афзун намудани даромади аҳолӣ аз имкониятҳои мавҷуда ҳар чӣ пурраву оқилона истифода карда шавад. Дар ноҳия тамоми шароит мавҷуд аст, ки хоҷагиҳои деҳқонӣ ва инфиродӣ, инчунин дигар минтақаҳои ҷумҳуриро  бо тухмии хушсифати картошка таъмин намояд.

- Ба амал татбиқ намудани ин супориши Сарвари давлат аз самтҳои асосӣ ва афзалиятноки фаъолияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳия ба ҳисоб меравад, -  гуфт дар хотимаи суҳбат раиси ноҳияи Ҷиргатол Умедхоҷаи Зоир.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум»

Дар сурат: намуди имрӯзаи маркази ноҳия.

Маркази ноҳияи Ҷиргатол ободу зебо гардида, биноҳои маъмурӣ, истеҳсолию фарҳангӣ сохта, ба истифода дода мешаванд.

Суратгир  М. Ризвонов.