Баргузории машқҳои махсуси тактикӣ дар шароити кӯҳсор

№83 (3229) 30.07.2014

1380311412_1

Бо мақсади омодагии доимии ҳайати шахсии воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ ва дигар мақомоти қудратии кишвар аз санаи 3-юм то 17-уми июли соли ҷорӣ дар заминаи Маркази таълимии минтақаи «Мағоб», воқеъ дар дараи Ромити шаҳри  Ваҳдат, курсҳои кӯтоҳмуддати машқҳои махсуси тактикӣ гузаронида шуд.

Дар ин курсҳо хизматчиёни воҳидҳои таъиноти махсуси Вазорати корҳои дохилӣ якҷоя  бо дастаҳои таъиноти махсуси Гвардияи миллӣ ва Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон фаъолона ширкат варзида, барои маҳв намудани гурӯҳи террористони шартӣ дар шароити кӯҳсор маҳорати касбии худро тақвият доданд.

Дар намоиши асосии гузаронидани машқҳои махсуси тактикии муштарак, ки 19-уми июл баргузор гардид, таҳти роҳбарии ситоди фавран созмондодашуда гурӯҳҳои фаврӣ аз ҳисоби хизматчиёни воҳидҳои махсуси дастаи таъиноти махсуси милитсия, ротаи махсуси зудамали милитсияи ВКД, дастаи таъиноти махсуси Гвардияи миллӣ ва дастаи «Алфа»-и КДАМ Ҷумҳурии Тоҷикистон дар амалиёти безараргардонии гурӯҳи террористони шартӣ, дигар гурӯҳҳои созмондодашуда, аз қабили фаврӣ-тафтишотӣ, кинологӣ, сӯхторхомӯшкунӣ, криминалистӣ ва тиббӣ барои азназаргузаронии ҷойи ҳодиса, таҳқиқу санҷиш ва бартараф намудани хатар ба фаъолият шурӯъ карданд.

Ин амалиёти муштарак бомуваффақият анҷом ёфта, гурӯҳи террористони яроқноки шартӣ, ки дар кӯҳсор маскан гирифта буданд, несту нобуд ва оқибатҳои нохуши он бартараф карда шуд.

Ҳадаф аз гузаронидани машқҳои тактикии мазкур, пеш аз ҳама, муборизаи беамон бо гурӯҳҳои террористию экстремистӣ, қочоқчиён ва дигар афроди ҷиноятпеша мебошад.

Дар ин амалиёт вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон  генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро, раиси Кумитаи давлатии амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Саймумин Ятимов, директори  Агентии назорати маводи нашъаовари назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенант Рустам Назарзода, фармондеҳи Гвардияи миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-майори гвардия Бобоҷон Ҷамолзода иштирок намуданд.

Дар назди ҳозирин вазири корҳои дохилии Ҷумҳурии Тоҷикистон генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро суханронӣ намуда, зикр кард, ки аз ҷониби роҳбарияти ҷумҳурӣ баҳри мустаҳкам намудани иқтидори мудофиавӣ ва амниятии кишвар аз таҳдидҳои муосири ҷаҳонӣ ва дар ин раванд ҷиҳати баланд бардоштани маҳорату малакаи касбии ҷангии воҳидҳои таъиноти махсуси сохторҳои қудратӣ ва ҳифзи ҳуқуқ таваҷҷуҳи хосса зоҳир карда шуда, тамоми шароити зарурӣ фароҳам оварда мешавад.

Мавсуф дар идома гуфт, ки аз аввали соли равон ситоди байниидоравии ҷумҳуриявӣ таъсис дода шудааст, ки имрӯз фаъолияти худро тибқи дастуру ҳидоятҳои Роҳбари давлат ва санадҳои меъёрии ҳуқуқӣ дар ҳамбастагӣ бо мақомоти ҳифзи ҳуқуқ идома дода истодааст.

Мавриди зикр аст, ки воҳидҳои таъиноти махсуси мақомоти ҳифзи ҳуқуқи ҷумҳурӣ дар амалиёти безарар гардонидани дастаҳои муташаккили ҷиноӣ ва гурӯҳҳои экстремистӣ-террористӣ таҷрибаи кофӣ доранд. Шуҷоату далерии онҳо дар устувор гардонидани сулҳу осоиш ва оромии ҷомеа ҳамчун намунаи олии садоқат ба Ватан ва давлату миллат назаррас мебошад.

Моро зарур аст, ки ба муқобили терроризм ва экстремизм, ки аз таҳдидҳои хавфноки ҷаҳони муосир маҳсуб меёбанд, якҷоя муборизаи беамон бурда, барои таъмини ваҳдату ягонагӣ ва муттаҳидию якпорчагӣ, алалхусус дар фазои амнияту субот нигоҳ доштани  давлати куҳанбунёди худ азму талош намоем.

Машқҳои низомии имрӯза нишонаи ҳамоҳангсозии воҳидҳои таъиноти махсус ба шумор меравад. Зарур аст, ки гузаронидани чунин чорабиниҳо якҷоя бо  мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ва сохторҳои қудратӣ мунтазам ба роҳ монда шавад.

Ҳамзамон чунин ҳамкориҳоро бо давлатҳои дӯсту ҳамсоя қавӣ намуда, дар мубориза бар зидди терроризм дар доираи талаботи санадҳои байналмилалӣ бояд фаъолона иштирок намоем.

Барои нишон додани маҳорати баланди касбӣ ва иштироки фаъолона дар курсҳои кӯтоҳмуддати воҳидҳои таъиноти махсус оид ба омодагии ҷангӣ ва гузаронидани амалиёт дар шароити кӯҳсор бо фармони вазири корҳои дохилӣ генерал-лейтенанти милитсия Раҳимзода Рамазон Ҳамро як қатор кормандону хизматчиёни воҳидҳои таъиноти махсуси ВКД, КДАМ, Гвардияи миллӣ ва барои ҳамкориҳои дуҷониба, намояндагони як қатор сохторҳои қудратӣ бо ифтихорнома, сипоснома ва туҳфаҳои арзишнок сарфароз гардонида шуданд.

Дар ин хусус аз маркази матбуотии ВКД Ҷумҳурии Тоҷикистон хабар доданд.

А. МӮСОЕВ, «Садои мардум»