Боғдорӣ соҳаи сердаромад мебошад

№52 (3037) 29.04.2013

богдори

Хоҷагии деҳқонии «Наимӣ»-и ноҳияи Рашт, ки сарвараш Маҳмаднаим Наимов мебошад, 12 гектар замини корам дорад. Иқлими ин ҷо ба боғдорӣ мутобиқ буда, хоҷагӣ асосан ба  ниҳолпарварӣ машғул аст.

Кишоварзони хоҷагӣ ҳоло майдони боғи  дарахтони  мевадиҳандаро ба ҳашт гектар расондаанд. Хоҷагӣ аз ҳисоби  ҷамъоварии мева ва фурӯши ниҳолҳои ҳосилдеҳ даромади зиёд мегирад. Чунончӣ, соли гузашта аз ин ҳисоб бештар аз 100 ҳазор сомонӣ даромад ба даст оварда шуд.

Дар мавсими ниҳолшинонии имсола аз ҷониби деҳқонони хоҷагӣ ба хоҷагиҳои деҳқонӣ ва аҳолии ноҳия бештар аз 70 ҳазор бех ниҳол  фурӯхта шуд.

Хоҷагӣ баробари ин, ба кишти картошка, сабзавот ва дигар зироатҳои  кишоварзӣ низ машғул аст.  Дар натиҷаи хуб ба роҳ мондани ташкили кор, истифодаи таҷрибаи пешқадам вазъи молиявии хоҷагӣ сол то сол  беҳтар  мегардад. Ин имкон медиҳад, ки  саҳмдорон бо маоши хуб таъмин гарданд. Аз ҳисоби маблағгузории хоҷагӣ порсол бинои бунгоҳи тиббӣ ва  ошхонаи мактаби деҳаи Қалъаи Шайх таъмир гардид. Ба мактабҳои ҳудуди хоҷагии деҳқонӣ ба маблағи 4820 сомонӣ ниҳоли себ, нок ва ғайра дода шуд. Ба масофаи бештар аз ду километр роҳи деҳа сангфарш гардид.

Тавре роҳбари хоҷагӣ Мирзонаим Наимов мегӯяд: «Минбаъд ба боғдорӣ аҳамияти бештар дода мешавад, зеро он аз соҳаҳои сердаромад ба ҳисоб меравад. Ҷиҳати рушди боғдорӣ Барномаи давлатӣ қабул шудааст ва мо мекӯшем, ки дар татбиқи он саҳми муносиб гузорем».

Дар сурат: роҳбари хоҷагии деҳқонии «Наимӣ» Мирзонаим Наимов.

Матн ва сурати  Мирзосафар  РИЗВОНОВ