Боғҳои нав бунёд мешаванд

№36-37 (3021-3022) 21.03.2013

НОРАК. (Ҳусейн МИРЗОЕВ) Меҳнаткашони шаҳри Норак азм доранд, ки 20 гектар боғу токзори нав бунёд карда, 40 гектар боғоти куҳнаро аз нав барқарор намоянд. Бо мақсади фаровонии ҳосили боғот навъҳои беҳтарини себу нок ва гелос интихоб ва барои сабзиши хуби ниҳолҳо қитъаҳои алоҳида тахту ҳамвор карда мешаванд.ҶДММ «Боғи анор», ки сарвараш Алимурод Асоев мебошад, дар замини санглох ба масоҳати 53 гектар боғи анорро  бо тариқи ҳашар барқарор намудааст. Аллакай дар ин замин 25 ҳазор бех ниҳоли анор шинонида шудааст. Ҷамъияти мазкур қарор додааст, ки то охири мавсим боз 20 ҳазор бех навниҳоли анор мешинонад. Бо ин мақсад аз Ҷумҳурии Исломии Эрон ҳазорҳо ниҳоли анор харидорӣ  шудааст.