Чанд рӯз пештар, хонандаи фаъоли рӯзнома Маҳмадулло Беков занг зада, хабар дод, ки Аҳмад Бердиев – иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ, ки барои ширкат дар яке аз чорабиниҳои бонуфуз ба пойтахти Федератсияи Россия – шаҳри Москва даъват шуда буд, баргаштааст ва пешниҳод намуд, ки бо ӯ суҳбат карда, дар рӯзномаи «Садои мардум» мавод чоп намоем. Хоҳиши ин бародарро рад накардем ва роҳи Файзободро пеш гирифтем.
Бобои Аҳмад ба синни 91 даромадааст ва дар маркази ноҳия зиндагӣ мекунад. Моро гарму ҷӯшон истиқбол кард ва изҳори миннатдорӣ намуд. Бо вуҷуди пиронсолӣ мӯйсафед бардаму болидарӯҳ аст ва суҳбатро на аз солҳои мудҳиши ҷанг, балки аз тинҷию осоиштагии имрӯз ва шукри даврон оғоз кард:
- Раҳмат ба Президенти муҳтарам, писарам Эмомалӣ Раҳмон, ки ба шарофати сарвариаш шуҳрати Тоҷикистон дар ҷаҳон баланд гардидааст. Мо — мӯйсафедон, иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ ҳамеша ғамхориҳои Ҷаноби Олиро эҳсос мекунем ва дар айёми пирӣ дилпуру хотирҷамъ ҳастем. Бубинед, ки мани мӯйсафеди 91-соларо фаромӯш накарда, ба Москва даъват карданд. Мо се нафар аз Тоҷикистон, бо даъвати Осорхонаи марказии Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945 ва якчанд ташкилоти хайриявии россиягӣ ба маҳфиле, ки таҳти унвони «Базми ғолибон» дар ин осорхонаи бузурги шаҳри Москва баргузор гардид, даъват шудем. Дар тамоми ҷое, ки будем, моро иззату икром карданд, бо ҳамсолонамон, ки даврони ҷавониро дар сангарҳо гузаронидем, суҳбату мулоқотҳо доштем.
Аз бобои Аҳмад дар бораи солҳои ҷанг пурсидем. Аз чӣ бошад, он қадар майли ба хотир овардану гуфтани он лаҳзаҳои мудҳишро надошт. Вале барои ба саволи мо ҷавоб додан мухтасар баён кард:
-Чӣ гӯям, ки аз ёдоварии он лаҳзаҳо нохуш мешавам. Маро соли 1944, замоне, ки 18 — сола будам, ба сафи Армияи Советӣ даъват карданд. Якчанд муддат дар шаҳри Самарқанд курси омӯзиши ҷангиро гузаштем ва аз он ҷо рост ба фронт, ба Полша рафтем. Дар ҳайати қӯшунҳои пиёдагард душманро то лонааш пайгирӣ кардем. Ҳангоми гурез фашистон муқовимати сахт нишон медоданд, аз тамоми яроқҳои вазнин сӯйи мо оташ мекушоданд. Зимни муҳорибаҳо қӯшунҳои пиёдагарди мо низ талафоти гарон дод. Рӯзи Ғалабаро дар Рейхстаг пешвоз гирифтем ва баъдан боз се соли дигар хизмат кардем. Дар Венгрия, дар ҳайати қисми комендатураи ҳарбӣ низому тартибро ҷорӣ мекардем. Бо вуҷуди он ки миёни обу оташ будем, шукри Худо аз ҷанг захме набардоштам. Танҳо дар садамаи нақлиётӣ поям осеб дид ва маро ҷавоб доданд.
Хизматҳои ин марди корзор бо 20 ордену медалҳои ҷангӣ қадрдонӣ шудааст. Аз ҷумла соҳиби орденҳои «Ҷанги Ватанӣ («Отечественная война») ва «Жуков» мебошад.
Мавсуф, ки ҷавони тануманд ва заҳматпеша буд, баъд аз ба Ватан баргаштан бо ғайрати дучанд меҳнат кард, оила бунёд намуд ва ҳоло соҳиби обрӯю эҳтироми зиёд мебошад. Беш аз 40 сол дар Стансияи санитарӣ- эпидемиологии ноҳия кор карда, ҳамзамон ба деҳқонӣ, боғдорӣ машғул буд. Ҳоло ҳам баъзан ҳамроҳи фарзандону наберагон даст ба кор мезанад ва ба онҳо маслиҳатгар аст. Писаронаш Рустам, Ҳотам, Раҳмат ва Маҳмуд соҳиби маълумоти олӣ ва касбҳои пуршарафи омӯзгорӣ ва духтурианд, се нафар духтараш низ хонаю дари обод ва фарзандони хуб доранд. Соҳиби 90 набераю абера аст.
Зимни дидорбинӣ албоми суратҳояшро тамошо кардем. Суратҳои зиёду гуногуни Сталинро маҳфуз медорад ва бо эҳтироми хоса дар бораи ин марди бузург ҳарф мезанад. Миёни суратҳои солҳои охир аккосишуда сурати бо Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон гирифтаро хеле азиз медонад. Онро ба мо нишон дода, бо ихлосу самимият гуфт:
-Бисёр хурсандам, ки ду бор, ҳангоми Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон ба Файзобод омаданашон, бо он кас вохӯрӣ карда, суҳбат намудем. Мисли писаронам дӯсташ медорам ва дар ҳаққи эшон ҳамеша дуои хайр мекунам.
Б.КАРИМЗОДА, «Садои мардум»
Суратҳо аз бойгонии Аҳмад Бердиев истифода шудаанд.