Ба истиқболи сеҳазорсолагии ноҳияи Ҳисор дар марказ ва шаҳраку деҳоти он корҳои созандагиву бунёдкорӣ бомаром идома дошта, дар баробари маблағгузории Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо саҳми соҳибкорони маҳаллӣ низ иншооти гуногуни истеҳсоливу хизматрасонӣ сохта, ба истифода дода мешавад.
Дар деҳаи Гаҷаки деҳоти «Деҳқонобод» чунин як маркази хизматрасонии маишӣ ба истифода дода шуд, ки ба таъсиси ҷойҳои нави корӣ мусоидат намуд. Иншооти мазкур аз ду ошёна иборат буда, дар он коргоҳи дӯзандагӣ, сартарошхона, дорухона, толори саққобозӣ, нонпазхона ва маркази савдо ҷойгир шуда, 15 нафар соҳиби ҷойи кори доимӣ ва маоши хуб гардиданд.
Баъди мавриди баҳрабардорӣ қарор гирифтани ин иншоот сокинони деҳаи Гаҷак маҳсулоти зарурии худро бо нархи дастрас харидорӣ менамоянд. Акнун занону духтарони соҳибҳунар дар коргоҳи дӯзандагӣ бо кор ҷалб мегарданд.
Дар маросими ифтитоҳи маркази хизматрасонӣ соҳибкорони ватандӯст иброз доштанд, ки нақша доранд барои тарбияи насли наврас ва фароҳам овардани шароити мусоид дар ҳудуди деҳоти «Деҳқонобод» барои 300 нафар кӯдакон як боғчаи ҳозиразамонро ба истифода диҳанд.
Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»