НУРОБОД. ( Мирзосафар РИЗВОНОВ) Аз тарафи соҳибкор, истиқоматкунандаи деҳоти «Ҳакимӣ» -и ноҳияи Нуробод Ҷаъфар Қаноатов неругоҳи хурди барқи обӣ бо иқтидори 30 кВт соат сохта ба истифода дода шуд. Неругоҳи мазкур бинои шуъбачаи деҳоти «Ҳакимӣ»- и ШКД- и ноҳия, чойхонаи «Сари пулак» ва қисми хоҷагиҳои деҳаи Сари пулаки ноҳияи Нурободро бо барқи доимӣ таъмин менамояд.