Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 3 декабри соли 2011 таҳти №600 Барномаи рушди иҷтимоию иқтисодии ноҳияи Рашт барои солҳои 2012-2016 қабул гардидааст.
Мутобиқи ин барнома, сохтану ба истифода додани корхонаю иншооти истеҳсолӣ, муассисаҳои таълимӣ, тандурустӣ ва фарҳангӣ дар нақша мебошад. Баҳри татбиқи ин барнома аллакай чандин иншооти муҳими хоҷагии халқ сохта шудааст. Аз ҷумла дар ноҳия сохтмони таълимгоҳҳои нав ва синфхонаҳои иловагӣ ба нақша гирифта шуда, аксарияти онҳо ҳоло дар арафаи анҷомёбӣ мебошанд.
Солҳои зиёд буд, ки мактаби деҳаи дурдасти Кӯли деҳоти Аскалон дар ҳолати садамавӣ қарор дошт. Вазъи баамаломада роҳбарияти ноҳияро бетараф гузошта натавонист. Ин буд, ки бо дастгирии молиявии мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии ноҳия ва Хазинаи кӯдакони СММ дар Тоҷикистон бо маблағгузории беш аз 200 ҳазор сомонӣ толибилмони ин деҳа соҳиби мактаби замонавӣ шуданд.
Таълимгоҳ дорои 12 синфхонаи барҳаво буда, сохтмончиёни ҶДММ «Наимӣ» онро бо сифати баланд сохта, мавриди истифода қарор доданд.
Дар расми кушодашавии бино раиси ноҳия, узви Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон С.Абдураҳмонов дар назди падару модарон ва сокинони деҳа баромад намуда, иброз дошт, ки маҳз бо шарофати истиқлолият, Ваҳдати миллӣ ва дастгириҳои пайвастаи Роҳбари давлатамон Ҷаноби Олӣ Эмомалӣ Раҳмон соҳаи маорифи ноҳия рушду такомул ёфта, ба пешравиҳои назаррас ноил мешавад. Вазифаи ҳар як падару модар аз он иборат аст, ки ба таҳсили фарзандон таваҷҷуҳи хоса зоҳир намоянд, садди роҳи таҳсили онҳо нагарданд, зеро заминаи дониш ва омода намудани мутахассисони касбӣ аз мактаби миёна ибтидо мегирад.
Дар сурат: маросими ифтитоҳи мактаби нави деҳаи Кӯли деҳоти Аскалон.
Матн ва сурати М. Ризвонов