Бунёди муассисаҳои нави соҳаи кишоварзӣ

№13 (3314) 29.01.2015

Бо Қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон соли 2014 дар шаҳри Ваҳдат барои бунёди муассисаи навъсанҷию тухмипарварӣ 15 гектар замин ҷудо шуда буд. Айни замон дар ин минтақаи ҷудогардида сохтмони иншооти мазкур бо вусъат идома дорад. Дар иншооти бунёдшаванда аз рӯи нақша дар оянда истеҳсолу коркарди чор намуди беҳтарин навъҳои тухмии ғалладона ба роҳ монда мешавад. Дар ин ҷо коркарди тухмии аълосифати пунбадона низ дар назар дошта шудааст.

Дар шафати муассисаи навъсанҷию тухмипарварӣ сохтмони коргоҳи нави қабул ва коркарди пахта оғоз гардидааст. Барои коргоҳи мазкур аз Ҷумҳурии Халқии Хитой таҷҳизоти муосири коркарди маҳсулоти пахта ворид гардид. Тибқи лоиҳа корхона соли равон ба истифода дода мешавад.

Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат барои таъмини ин корхонаҳо бо маҳсулот давоми соли 2014 заминҳои корами обиро ба саҳмдорон ҷудо карда дод. Дар натиҷа, дар ҳудуди 11 деҳот ҳазор хоҷагии нави деҳқонӣ таъсис ёфт. Хоҷагидорон ҳамасола аз як замин то ду-се ҳосил ба даст меоранд. Соли гузашта дар маъракаи кишти тирамоҳӣ барои таъмини барномаи амнияти озуқавории мамлакат навъҳои беҳтарини серҳосили тухмии гандум ва пиёзу картошка кишт карда, нақшаи пешбинишударо 105 фоиз иҷро намуданд.

Имрӯзҳо кишоварзони шаҳри Ваҳдат ба маъракаи кишти баҳорӣ омодагии ҷиддӣ гирифта истодаанд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»