Ҷиҳати хизматрасонии тиббӣ дар ноҳияи Тавилдара 30 муассисаи тандурустӣ ба аҳолӣ хизмат мерасонад, ки аксарияти ин биноҳо солҳои охир бо шарофати соҳибистиқлолии кишвар бунёд шудаанд. Агар соли гузашта барои сохтмону азнавсозии се муассисаи тиббии деҳоти «Чилдара», «Вахё» ва «Сангвор»-и ноҳия аз буҷети маҳаллӣ 654275 сомонӣ ҷудо шуда бошад, пас дар ҳашт моҳи соли 2014 барои сохтмони ду бунгоҳ дар деҳоти «Сангвор» ва таъмири се бунгоҳи тиббӣ дар деҳоти «Тавилдара» 842 ҳазор сомонӣ маблағ аз буҷети маҳаллӣ ва Хадамоти Оғохон оид ба тандурустӣ ҷудо гардид. Ин бунгоҳҳо барои чор ҳазор аҳолии деҳот хизмати тиббӣ мерасонанд.
Дар баробари бунёду азнавсозии муассисаҳои тандурустӣ ва таъмини онҳо бо таҷҳизоти муосири тиббӣ сифати хизматрасонӣ беҳтар шуда, барои табибони соҳибкасб шароити хуби корӣ муҳайё гардидааст.
Муҳаммад Зокир , «Садои мардум»