Дар тарбияи насли наврас омӯзгор ҳам масъул аст

№23 (3169) 08.03.2014

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ҷиҳати таълиму тарбияи насли наврас на танҳо муассисаҳои таълимӣ, балки падару модарро низ вазифадор намудааст.

Дар қисми якуми моддаи 5-уми қонуни мазкур дар таълиму тарбияи фарзанд аз ҷумла омӯзгорон вазифадор шудаанд.

Мувофиқи моддаи 40 Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф», ба фаъолияти омӯзгорӣ шахсоне машғул шуда метавонанд, ки дорои таҳсилоти миёнаи касбӣ, олии касбӣ буда, малакаи зарурии касбӣ  ва сифатҳои баланди ахлоқӣ дошта бошанд. Гузоштани чунин талабот беҳуда нест, зеро аз он метавон натиҷагирӣ кард, ки таълиму тарбия фаъолияти хеле мураккаб мебошад ва қонун ба зиммаи омӯзгор вазифаи мураккабу пурифтихорро гузоштааст. Азхудкунии барномаҳои таълимӣ, мусоидат ба инкишофи қобилияти толибилмон, дар рӯҳияи муносибати самимона ба давлату миллат, арзишҳои миллӣ, расму оин тарбия намудани онҳо вазифаи омӯзгор мебошад.

Дар ин ҷода худи омӯзгор бояд намуна бошад. Бо доштани чунин хислатҳои наҷиб ӯ миёни ҳамкасбону хонандагон соҳибэҳтиром мегардад. Дастпарвари омӯзишгоҳи педагогии шаҳри Кӯлоб ва Донишгоҳи давлатии омӯзгории Тоҷикистон ба номи С. Айнӣ ҳастам ва  бештар аз 30 сол собиқаи корӣ дорам. Аз рӯйи ихтисос дар синфҳои ибтидоӣ ба хонандагон дарс медиҳам. Ба хонандаи бори нахуст ба мактаб қадамгузошта кор бурдан осон нест. Донишу маҳорат ва сабру тоқат лозим, ки хонанда саводнок гардад. Меҳри беандоза доштан ба ин касб, омӯзиши пайваста, истифодаи усулҳои пешқадами методию таълимӣ  ба ман дар корам кумак мерасонанд. Бо хурдсолон аз синфи якум то чорум кор мебарам. Аз натиҷаи заҳматҳоям хурсанду қаноатмандам. Тӯли солҳои фаъолияти педагогиам бисёр дастпарваронам мактабро хатм карда, соҳиби касбу кор, оилаи обод гаштаанд. Ифтихор аз он дорам, ки меҳнат, саъю кӯшишҳоям натиҷаи нек додаанду шогирдонам дар зиндагӣ мавқеи худро ёфтаанд.

Ҳоло низ ба хонандагони синфҳои ибтидоӣ таълим медиҳам. Муваффақияти кори мо — омӯзгорон аз алоқаи мактаб бо падару модарони хонандагон вобаста аст. Тавре дар қонуни мазкур омадааст, падару модар дар низоми кори муассисаи таълимие, ки фарзандаш таҳсил мекунад, бояд иштирок намояд. Ин нуктаи қонун ҳар як падару модарро водор менамояд, ки ҷараёни таҳсили фарзанди худ ва муҳити тарбиявии ӯро назорат барад, барои ба роҳи рост ҳидоят  намудану тарбияи ахлоқи ӯ масъул бошад. Ин, бешубҳа, дар ҳамбастагӣ бо омӯзгорони муассисаҳои таълимӣ даст медиҳад. Хонандагони хурдсол хислатҳои ба худ хосро доро мебошанд. Ин марҳилаест, ки онҳо чӣ гуна тарбия мегиранд, ташаккул меёбанд. Одобу рафтор, сатҳи донишомӯзии онҳо гуногун аст. Хонандагоне ҳастанд, ки хониши хуб, рафтори намуна доранд. Аммо баъзеи онҳо, баръакс, душвортарбия буда, ба хондан чандон рағбат надоранд. Мо — омӯзгоронро лозим аст, ки маҳз  ба ин гурӯҳи наврасон кор барем. Пеш аз ҳама алоқаи мустаҳкам бо падару модар, муҳити зиндагии онҳо доштан лозим аст. Робитаи доимӣ бо падару модарон маълум менамояд, ки дар оила на ҳама хонандагон зери назорати волидайнашон қарор доранд. Чунончӣ, модари хонандае шикоят дорад, ки писараш баъди дарс  вақташро бештар ба сагбозӣ сарф мекунад. Ба дарсомӯзӣ ва кори хона рағбат надорад. Баъзе наврасон бошанд, ба оворагардӣ машғуланд.

Барои пешгирӣ ва ба роҳи дуруст ҳидоят намудани чунин хонандагон мо тадбирҳо меандешем. Бо падару модарон дар маҳали зист ва мактаб суҳбату вохӯриҳо доир менамоем. Ба онҳо мефаҳмонем, ки аз тариқи зӯроварӣ тарбия намудани фарзанд нодуруст аст. Баръакс, чунин фарзанд нисбати падару модараш ҳисси нобоварӣ пайдо мекунад ва минбаъд тарбияи ӯ душвор мегардад. Бояд худи волидайн дар рафтору кирдори худ барои фарзандон намунаи ибрат бошанд. Гузаронидани дарсҳои иловагӣ, ташкили мусобиқаҳои гуногуни варзишию фарҳангӣ  ба он мусоидат мекунанд, ки хонандагон бештари вақти худро ба корҳои фоиданок, азхудкунии дарсҳо сарф намоянд.

Ман баробари омӯзгор будан, модар ҳам мебошам. Дар кори таълиму тарбияи насли наврас худро масъул медонам. Аз он хурсандам, ки духтарам Марҷона касби маро интихоб кардааст. Дигар духтарам Меҳрона корманди соҳаи ҳифзи ҳуқуқ мебошад.

Дар мактаб омӯзгорон аз ҳисоби занон сол то сол меафзоянд. Ҳоло танҳо дар синфҳои ибтидоӣ 20 нафар омӯзгорон аз ҳисоби занон мебошанд. Бисёрии онҳо солҳои зиёд ба касби омӯзгорӣ машғуланд. Дар машғулиятҳо аз методу усулҳои пешқадам истифода бурда, кӯшиш ба харҷ медиҳанд, ки хонандагон дониши кофӣ гиранд. Мо бо дарки масъулияти баланд ба кори таълиму тарбия машғулем. Он раванди ниҳоят масъулиятнок ва ҷиддӣ буда, тақдири кӯдак ва насли ояндаи ҷомеа аз сифати он вобаста аст. Аз ин ҷиҳат ин кори душвору пурмасъулият дар мадди назари мо — кормандони муассисаҳои таълимию тарбиявӣ меистад.

Момаҷон МИРЗОЕВА,

омӯзгори мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №59, ноҳияи Рӯдакӣ