Духтарони деҳот соҳиби касб мешаванд

№138-139 (3123-3124) 01.11.2013

Рашт

Дар ноҳияи Ҷиргатол ҳангоми сафари кории Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон якчанд маркази тиҷоратӣ, таълимию табобатӣ ва фарҳангӣ ифтитоҳ ёфта, ба фаъолият шуруъ намуд. Маркази  маъмуриву тиҷоратии «Ваҳдат- Плаза» аз ҷумлаи онҳост. Ин бинои дуошёнаи хуштарҳу замонавӣ аз ҷониби соҳибкор Раҳмиддин Асоев бунёд гардидааст.

Дар ошёнаи якуми ин бино сехи дӯзандагӣ кушода шудааст. Тавре дар суҳбат сардори сех Шарофат Сайфиддинова ба мо гуфт, ҳоло ин ҷо 30 нафар духтарон ба кор ҷалб шудаанд. Шароит имкон медиҳад, ки минбаъд шумораи коргарон ба сад нафар расонида шавад.

Духтароне, ки ин ҷо фаъолият доранд, аз маркази ноҳия ва гирду атрофи он мебошанд. Баъди гузаштани муҳлати санҷишӣ онҳо мустақилона кор мекунанд. Дӯзандагон Орифзода Рафоат, Иноят Хоҷаева, Сурайё Қосимова, Гулнигор Исмоилова, Нигора Балтабаева, Фирӯза Ҳусейнова ва чанде дигарон ба хубӣ аз уҳдаи иҷрои  супоришҳо мебароянд. Кори хуби онҳост, ки дар муддати кӯтоҳ  муштариёни зиёде барои дӯхтани сарулибос муроҷиат намуда истодаанд. Мувофиқи дархост онҳо либосҳои ягонаи мактабиро барои хонандагони деҳоти «Пилдон», «Сайрон», «Яраш», мактаби таҳсилоти миёнаи умумии №1 омода карданд.

Бо хоҳиши мизоҷон ин ҷо ҷиҳози арӯсӣ, сарулибос барои хизматчиёни ҳарбӣ ва ғайра низ дӯхта мешавад.

Аз суҳбат бо сардори сехи дӯзандагӣ Шарофат Сайфиддинова ҳамзамон маълум шуд, ки ин ҷо маркази таълимӣ низ ташкил шудааст. Духтарон аз  деҳот омада, касби  дӯзандагӣ меомӯзанд. Баъди омӯзиш онҳо дар деҳаҳояшон ба дигар духтарон ин касбро меомӯзонанд. Ин як воситаи хуби ба касбукор ҷалб намудани занону духтарони деҳот мебошад.

Дар назар аст, ки минбаъд либосҳои ягонаи мактабӣ барои тамоми хонандагони мактабҳои ноҳияро ин ҷо омода менамоянд.

Аъзам МӮСОЕВ, «Садои мардум» 

 Дар сурат: сардори сех Шарофат Сайфиддинова (аз чап) сифати кори дӯзанда Гулнигор Исмоиловаро аз назар мегузаронад.

Суратгир М.РИЗВОНОВ