Аз Паём то Паём

Фарҳанги ҳуқуқӣ ва рушди ҷомеаи шаҳрвандӣ

№40 (3186) 22.04.2014

Бисту шашуми апрел аз Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон як сол мегузарад. Аз Паёми соли гузашта то ин Паём дар ҳаёти кишвар навгониҳои муҳим ба вуқӯъ пайвастанд ва дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ, ваҳдати миллӣ, сулҳу субот ва фарҳанги баланди сиёсии шаҳрвандӣ баргузор гардидани интихоботи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, гузоштани қадамҳои аввалин дар муносибатҳои байналмилалии иқтисодӣ  ба сифати узви комилҳуқуқи Созмони Умумиҷаҳонии Савдо, тақвият ёфтани дастгирии давлатии соҳибкорӣ ва ҷалби сармояи хориҷӣ,  дар доираи барномаву нақшаҳои давлативу минтақавӣ бунёд гаштани корхонаҳои нав, муассисаҳои таълимӣ, фарҳангӣ ва иҷтимоӣ, тадриҷан афзудани некуаҳволии мардум, маърифатнокӣ ва масъулияти баланди шаҳрвандӣ далолати бевоситаи он ҳастанд.

Бояд тазаккур дод, ки Паём давоми солҳои охир ҳамчун институти нави муайянкунандаи самтҳои асосии сиёсати дохилӣ ва хориҷии кишвар аз ҷониби Президенти мамлакат ба унвони мақоми олии қонунгузор манзур мегардад. Он ҳуҷҷати сиёсӣ — барномавиест, ки на танҳо ҳолати феълӣ, балки роҳҳо ва стратегияҳои муҳими рушди иҷтимоӣ-иқтисодии кишвар, аз ҷумла ҳамкории байналмилалии мамлакатро аз нуқтаи назари Сарвари давлат ба ояндаи наздик ва дарозмуҳлат муайян менамояд. Ҳадафҳое, ки аз Паём бармеоянд, тавассути таҳияву татбиқи чораҳои ташкилӣ, ҳуқуқӣ, иқтисодӣ, молиявӣ, фарҳангӣ ва ғайра ҷомаи амал мепӯшад, ки дар он масъулияти аввалро мақомоти давлатӣ — аз маҳал то марказ ба дӯш доранд. Дар ин робита, Маҷлиси миллӣ ҳамчун мақоми давлатӣ ва ҷузъи таркибии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар татбиқи Паём, тақвияти сохти давлатдорӣ, таҳкими давлати демокративу дунявӣ, ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиву ягона, таъмини волоияти қонун, тавсеаи ҷаҳонбинии ҳуқуқии аҳолӣ саҳми басо муҳим дорад.

Фаъолияти  Маҷлиси миллӣ ҳамчун мақоми олии намояндагӣ ва қонунгузор дар соҳаи қонунгузорӣ амалҳои вобаста ба баррасӣ ва ҷонибдории қонунҳо, такмили қонунҳои амалкунанда, риоя ва татбиқи  қонунҳо, таъмини қонуният, таҳкими фарҳанги ҳуқуқии аҳолӣ, омӯзиш ва муайян намудани муносибатҳое, ки ба танзими ҳуқуқӣ ниёз доранд, муайян намудани мутобиқати дохилии қонунҳо, мутобиқати қонунҳо бо ҳамдигар ва ба санадҳои ҳуқуқии байналмилалие, ки Тоҷикистон онҳоро эътироф намудааст, бартараф  сохтани  мухолифат байни онҳо, истифодаи якхелаи истилоҳоти ҳуқуқӣ, забон ва сифати онҳо, таъмини низоми мантиқии меъёрҳои қонунҳо, баргузории экспертизаи илмии қонунҳо, бо ҳам мутобиқгардонии манфиатҳои марзиву маъмурӣ бо манфиатҳои умумидавлатӣ, таъмини амнияти манфиатҳои ҳаётан муҳими шахсият, ҷамъият ва давлатро дар бар мегирад.

Дар Паёми соли гузашта зикр шудааст, ки мақомоти қонунгузори кишвар ва субъектҳои ташаббуси қонунгузорӣ ҳамасола барои рушди соҳаи қонунгузорӣ корҳои хубу босамар анҷом дода истодаанд ва мувофиқи мақсад аст, ки фаъолияти қонунгузорӣ боз ҳам густариш дода шавад.  Дар ин росто, 11 июни соли 2013 Шӯрои Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон бо қарори худ Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи Паёмро тасдиқ намуд.  Рафти иҷрои Нақшаи мазкур собит сохт, ки дар  самти фаъолияти қонунгузорӣ аз ҷониби аъзои Маҷлиси миллӣ шахсан ё якҷоя бо вакилони Маҷлиси намояндагон лоиҳаи зиёда аз 20 санади қонунгузорӣ бо истифода аз ҳуқуқи ташаббуси қонунгузорӣ пешниҳод шудааст, ки дар қатори онҳо месазад инҳоро номбар намуд:

Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи   дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор»;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи амният»;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи фаъолияти суғуртавӣ»;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қисми якуми Кодекси граждании Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мониторинги экологӣ»;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот  ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи разведкаи ҳарбии Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи иҷозатномадиҳӣ ба баъзе намудҳои фаъолият»;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи савдо ва хизматрасонии маишӣ»;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Кодекси ҷиноятии Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи низоми иҷозатдиҳӣ»;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи маориф»;

Қонуни конститутсионии  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйиру иловаҳо ба Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон»;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани  тағйирот ба Қонуни  Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи тартиб ва шароити дар ҳабс нигоҳ доштани гумонбаршуда, айбдоршаванда ва судшаванда»;

Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Оид ба ворид намудани тағйирот ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти амнияти миллии Ҷумҳурии Тоҷикистон».

Таҳлил нишон дод, ки шумораи умумии лоиҳаҳои пешниҳодгардида нисбат ба солҳои гузашта ба маротиб зиёд аст. Маҷлиси миллӣ раванди фаъолияти ҳуқуқэҷодкунии хешро такмил дода, дар ин ҷода идомаи ҳамкориро бо  институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ ва намояндагони муассисаҳои ҳуқуқии кишвар бо ташкилу баргузории муҳокимаи илмӣ ва  ҷамъиятии лоиҳаҳои қонунҳо ба роҳ монд. Масалан, дар Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон (26 апрели соли 2013) дастгирии давлативу ҷамъиятии кӯдакони ятим махсус таъкид шудааст, ки муносибатҳои ба он вобаста мавзӯи танзими ҳуқуқии лоиҳаи Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи дастгирии давлатии кӯдакони ятим ва бепарастор» гардид. Лоиҳаи мазкур мавриди муҳокимаи илмии ҳайати профессорӣ-омӯзгории факултети ҳуқуқшиносии Донишгоҳи миллии Тоҷикистон қарор гирифт. Рафти муҳокимаи он ва баҳсу талоши илмӣ собит сохт, ки мактаби ҳуқуқии кишвар барои рушди оянда  қадамҳои устувор гузоштааст.

Ҳамзамон,  дар ҳамкорӣ бо вакилони Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон лоиҳаи Кодекси манзили Ҷумҳурии Тоҷикистон бо иштироки институтҳои ҷомеаи шаҳрвандӣ мавриди муҳокимаи ҷамъиятӣ қарор дода шуд. Хулоса ва таклифҳое, ки  дар муҳокимаҳои илмӣ ва ҷамъиятӣ пешниҳод шуданд, барои такмил ва иншои матни ниҳоии лоиҳаҳои зикргардида мусоидат намуд.

Дар Паёми соли гузашта таъкид шудааст: «Қонун бояд дар навбати аввал инсон ва ҳуқуқу озодиҳои ӯро ҳамчун арзиши олӣ эътироф ва ҳифз намояд, яъне барои зиндагии хубу шоистаи афроди ҷомеа, фаъолияти пурсамари ташкилоту корхонаҳои давлативу ғайридавлатӣ, соҳибкорону тоҷирон, пешрафти иқтисодиёти кишвар, сулҳу субот, оромии сиёсӣ шароити мусоид фароҳам орад ва самтҳои мушаххаси ҳаёти ҷомеаро ҳаматарафа танзим намояд». Бо назардошти ҳолати кунунии қонунгузории кишвар, рӯз аз рӯз беҳтар намудани моҳияту мундариҷа ва сифати қонунҳо, се лоиҳаи қонун дар заминаи иҷрои супориши протоколии Маҷлиси миллӣ ва Шӯрои Маҷлиси миллӣ баҳри бартараф намудани номутобиқатии баъзе  қонунҳо таҳия шуданд.

Бояд тазаккур дод, ки дар давраи зикргардида шаш иҷлосияи Маҷлиси миллӣ баргузор гардид, ки дар он 109 қонун ҷонибдорӣ гардид. Қонунҳои ҷонибдоришуда шароит фароҳам овардаанд, ки ҳар як шахси воқеиву ҳуқуқӣ аз манфиатҳои худ пуштибонӣ кунад. Дар ин замина кафолати зуҳури ҷомеаи шаҳрвандӣ, давлати демократию ҳуқуқбунёд ва иҷтимоиву дунявӣ таъмин мешавад. Қонунҳои нав, аз қабили Кодекси мурофиаи ҳуқуқвайронкунии маъмурии Ҷумҳурии Тоҷикистон, «Дар бораи фаъолияти аудиторӣ», «Дар бораи танзими асъор ва назорати асъор», «Дар бораи кооперативҳо», «Дар бораи сарфаҷӯӣ ва самаранокии энергия», «Дар бораи маориф», «Дар бораи таълиму тарбияи томактабӣ», «Дар бораи минтақаҳои кӯҳии Ҷумҳурии Тоҷикистон» дар такмили қонунгузорӣ, рушду нумуи кишвар ва баланд бардоштани некуаҳволии халқ мусоидат мекунанд. Чанде аз қонунҳои қабулгардида барои иҷрои уҳдадориҳои байналмилалии Тоҷикистон дар самти муқовимат ба қонунигардонии даромадҳои бо роҳи ҷиноят бадастоварда ва маблағгузории терроризм, инчунин  самтҳои дигар ва мутобиқсозии қонунгузории ИДМ, нигаронида шудаанд. Дар робита ба ин, лоиҳаи қонунҳои намунавӣ, тавсияҳо ва дигар ҳуҷҷатҳои аз ҷониби Ассамблеяи Байнипарламентии давлатҳои иштирокчии Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил, Ассамблеяи Байнипарламентии Иттиҳоди иқтисодии Аврупову Осиё, Ассамблеяи Парламентии Cозмони Аҳдномаи Амнияти Дастаҷамъӣ, Ассамблеяи Парламентии Созмони Амният ва Ҳамкорӣ дар Аврупо ба Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои пешниҳоди таклиф ворид гардида, таҳти роҳбарии кумитаҳои дахлдори Маҷлиси миллӣ ва дар робита бо вазорату идораҳои марбута мавриди омӯзишу таҳлил қарор гирифта, унвонии созмонҳои байнипарлумонии зикргардида таклифҳои асоснок ирсол шуданд.

Яке аз вазифаҳои аввалиндараҷа ва принсипи фаъолияти тамоми мақомоти давлатӣ риоя ва эҳтироми ҳуқуқ ва озодиҳои инсон ва шаҳрванд аст, ки як ҷанбаи он баррасии саривақтӣ ва воқеъбинонаи муроҷиати шаҳрвандон мебошад.

 

Ин ҳолат, ки яке аз нуктаҳои асосии Паём ба ҳисоб меравад, ҷойи худро махсус дар Нақшаи чорабиниҳо доир ба татбиқи Паём ва фаъолияти Маҷлиси миллӣ ва Дастгоҳи он дарёфт намуд. Дар ин росто, маврид ба зикр аст, ки аъзои  Маҷлиси миллӣ дар маҳалҳо, инчунин тавассути воситаҳои ахбори омма, баромад намуда, таваҷҷуҳи  аҳолиро ба мазмуну муҳтавои Паёми Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати таъмини зиндагии шоистаи мардум, таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, риоя ва таъмини волоияти қонун, хусусан дар бахши риоя ва амалисозии талаботи Қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд», инчунин пешгирии содиршавии амалҳои номатлуб миёни ноболиғон ва дигар паҳлуҳои ҳаёти иҷтимоиву иқтисодии кишвар ҷалб намуданд. Дар ин ҷода кормандони шуъбаи ҳуқуқ низ дар қатори дигар кормандони Дастгоҳ бо масъулияти том ва мутобиқи талаботи қонунгузории кишвар фаъолият намуда, як қатор чорабиниҳоро барои татбиқи амалии Нақшаи зикргардида,  аз ҷумла мусоидат намудан ҷиҳати самарабахш гаштани фаъолияти кумитаҳои Маҷлиси миллӣ, расонидани кумаки ҳуқуқӣ, машваратӣ ва методӣ ба мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ, таҳлили қонунгузории кишвар оид ба энергетика ва маориф амалӣ намуда, ҷойгиронии матни пурраи қонунҳо (16 адади онҳоро қонунҳои конститутсионӣ ва 21 ададашонро кодексҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон ташкил медиҳанд) дар сомонаи интернетии Маҷлиси миллӣ (www. majlisimilli.tj)  идома дод. Итминони комил дорем, ки ин амал минбаъд  низ дар таҳкими маърифати ҳуқуқии шаҳрвандон, бархӯрдор шудан аз ҳуқуқҳо ва шаффофияти фаъолият саҳми босазо хоҳад дошт.

Дар иҷлосияи ҳабдаҳуми Маҷлиси миллӣ ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 мавриди баррасӣ ва муҳокимаи ҳамаҷониба қарор дода шуд. Прокурори генералӣ доир ба нуктаҳое, ки аз татбиқи Паём бармеоянд, алалхусус мубориза бар зидди терроризм, савдои одамон, коррупсия, муомилоти ғайриқонунии воситаҳои нашъадор, ҷиноятҳои муташаккили фаромарзиро махсус зикр намуда, зарурати рӯз аз рӯз беҳтар намудани фаъолиятро ҷиҳати такмили назорати прокурорӣ  ва сифати таъмини қонуният таъкид сохт. Дар самти назорати умумии прокурорӣ  — таъмини риоя ва иҷрои қонунгузории кишвар оид ба ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ, замин ва шаҳрсозӣ, андоз, маориф ва фарҳанг аҳамияти хоса доштанд.  Бояд зикр намуд, ки мақсаду мароми баррасии ҳисоботи Прокурори генералӣ дар самти риояи талаботи қонун моҳиятан масъулияти мутақобилаи ҳам мақомоти прокуратура ва ҳам аъзои Маҷлиси миллиро тақозо дорад, зеро яке аз функсияҳои худи Маҷлиси миллӣ иборат аз таъмини қонуният аст. Зиёда аз ин, масъулияти мазкур бо маънои том масъулияти муқаррарӣ нест, чунки дар радифи ҳисоботи мазкур мо амалан ҳама гуна фаъолияти давлатии марбут ба ҳифзи ҳуқуқро натиҷагирӣ менамоем. Ҳисобот ва муҳокимарониҳо собит сохтанд, ки анқариб дар ҳама самтҳои назорати прокурорӣ, ки Қонуни конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи мақомоти прокуратураи Ҷумҳурии Тоҷикистон» пешбинӣ намудааст, вазифаҳое, ки аз Паём бармеоянд, инчунин дар қарори марбутаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон роҷеъ ба ҳисоботи Прокурори генералии Ҷумҳурии Тоҷикистон дар хусуси ҳолати назорати риояи дақиқ ва иҷрои якхелаи қонунҳо дар қаламрави Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соли 2013 гузошта шудаанд, дар ҳақиқат кори зиёд ба анҷом расида, волоияти қонуну тартиботи ҳуқуқӣ,  суботу оромии ҷомеа тадриҷан таҳким ёфта, афкори ҷамъиятӣ бобати нақшу нуфуз ва мавқеи прокуратура дар низоми идоракунии давлатӣ ва муносибати оштинопазирона нисбати қонуншиканиҳо ва пешгирии ҳуқуқвайронкуниҳо боз ҳам қавитар гардид.

Паёми навбатии Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон дар соле ироа мегардад, ки мо ба таҷлили 20-солагии Конститутсияи (Сарқонуни) Ҷумҳурии Тоҷикистон, 90-солагии шаҳри Душанбе ҳамчун пойтахти Ҷумҳурии Тоҷикистон ва 600- солагии Мавлоно Абдураҳмони Ҷомӣ омодагӣ мебинем. Боварамон комил аст, ки ҳар фарди ҷумҳурӣ, ҳар мақоми давлативу ҷамъиятӣ, ҳар корхона, муассиса ва ташкилот баҳри иҷрои вазифаву дастурҳое, ки аз Паёми навбатӣ бармеоянд, кӯшиш ба харҷ медиҳанд ва дар рушди соҳаҳои иҷтимоӣ-иқтисодии ҷомеа, таъмини некуаҳволии халқ ва болоравии мавқеву нуфузи кишвар саҳми муносиб ва сазовор мегузоранд.

Нарзулло Маҳмудов, мудири шуъбаи ҳуқуқи Дастгоҳи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон