«Ганҷобод» ободтар шуд

№71 (3056) 13.06.2013

 Шаҳраки Ганҷобод дар ноҳияи Рӯдакӣ, чанд сол пеш бо номи  «Нефтянник» маълум буд.  Дар ин ҷо дармонгоҳи бузурге дар хизмати мардум қарор дошт. Аз Маҷмааи хизматрасонии тиббӣ, яъне дармонгоҳ, таваллудхона, дорухона ва бемористоне, ки каме дуртар, сари шоҳроҳи Душанбе-Ваҳдат, дар деҳаи  Моинкаҷ воқеъ буд, аҳолии  ду ҷамоати  калонтарини ноҳия- Гулистон ва Роҳатӣ истифода мебурданд. Бар асари ноамнии солҳои ноороми 90-уми асри ХХ ин маркази тандурустӣ қариб пурра хароб гашта, аксар мутахассисони он ба дигар ҷойҳо ба кор рафтанд ва коллективи на чандон зиёди табибонро дар бинои таъмирталаби боғчаи кӯдакон ҷой доданд. Бо вуҷуди набудани шароити зарурӣ, табибон таҳти сарварии сардухтури беморхона Шомаҳмад Саъдуллоев то  ҷое метавонистанд, дар ҳифзи саломатии мардум саъй карданд. Барои барқарор кардани ин маркази табобатӣ, ки мардуми зиёд ба он муҳтоҷ буд, сардухтур давуғеҷи зиёд кард. Дар матбуот оид ба вазъи нобасомони дармонгоҳ ва аҳолии муҳтоҷи ёрии тиббӣ мақолаҳо ба табъ расиданд. Рӯзномаи «Садои мардум» низ оид ба ин масъала мавод нашр кард.

Инак, чанде  пеш ин масъала ҳалли худро пайдо кард.  Маркази саломатии деҳоти (МСД) «Ганҷобод» ба бинои нави дуошёна кӯчид. Ин бино бо ҳиммати ҷавонмардони баору номус,  соҳибкорони маҳаллӣ бародарон Анвар, Аҳтам (Худо раҳмат кунад. Ба таври фоҷиавӣ дар Федератсия Россия вафот кард), Саид, Акрам ва Ҳукмиддин Давлатовҳо дар деҳаи  Моинкаҷ бунёд ёфт.  Маркази саломатӣ дорои қариб 20 ҳуҷраи корӣ аз бахшҳои табобатӣ, лабораторияи ташхисӣ, таваллудхона ва ғайра иборат аст. Сардухтури ин Марказ Ш. Саъдуллоев дар суҳбат бо хабарнигори рӯзнома чунин иброз дошт:

-Ба ростӣ, аз ин рӯйдод мо — табибон ва мардуми деҳот хеле хушҳол шудем. Бинобар ин аз фурсати муносиб истифода бурда, мехоҳам ба воситаи рӯзномаи бонуфузи «Садои мардум» пеш аз ҳама ба ҷавонмардони сахӣ ва хайрандеш- бародарон Давлатовҳо изҳори сипос намоям. Ҳамчунин аз дастгирии Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии ноҳияи Рӯдакӣ низ миннатдорем. Дар маросими ифтитоҳи МСД «Ганҷобод» раиси Кумитаи Маҷлиси миллии Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон оид ба иқтисодиёту коммуникатсия, раиси ноҳияи Рӯдакӣ Саидмурод Тағоев, Нависандаи халқии Тоҷикистон Кароматулло Мирзоев иштирок ва суханронӣ намуданд. Онҳо ин рӯйдоди фараҳбахшро самараи истиқлолияти кишвар ва фазои сулҳу оромӣ арзёбӣ карда, аз ҳозирин даъват ба амал оварданд, ки ба қадри ин неъмати Худодод бояд бирасем. Воқеан, ҳамаи ин дастовардҳо ва созандагиҳо неъмати бузург ва натиҷаи ғамхорию дастгириҳои пайвастаи Давлату Ҳукумати кишвар, хоса Президенти мамлакат муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон, мебошад.

«Соҳаи тандурустии кишвар таҳти таваҷҷуҳи доимии Ҳукумати мамлакат қарор дорад. Соли равон барои маблағгузории соҳа зиёда аз 900 миллион сомонӣ пешбинӣ шудааст, ки ин нишондиҳанда нисбат ба соли 2000–ум 47 баробар зиёд мебошад. Музди меҳнати кормандони муассисаҳои тандурустӣ дар ҳафт соли охир 12 баробар зиёд карда шуд. Давлат ва Ҳукумат бо мақсади ҳифзи саломатии мардум андешидани чораҳои заруриро барои боз ҳам беҳтар ба роҳ мондани фаъолияти муассисаҳои тандурустӣ минбаъд низ идома хоҳад дод»,- зикр ёфтааст дар Паёми навбатии Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон. Ҳамаи ин мо- табибонро вазифадор месозад баҳри ҳифзи тандурустии аҳолӣ тамоми донишу ғайратамонро ба кор барем.

Имрӯз дар Маркази саломатии деҳоти «Ганҷобод» 22 нафар машғули расонидани хизмати тиббӣ ба аҳолии деҳотанд. Дар ин ҷо асосан ба сокинони деҳаҳои Мавлавӣ, Дара, Тезгари боло, Тезгари Поён, Моинкаҷ ва шаҳраки Ганҷобод хизмат расонида мешавад. Дармонгоҳ дорои шароити хуби корӣ ва табобат буда, доимӣ бо оби гарм ва барқ таъмин аст. Ба гуфти сардухтур, дар оянда лаборатория ва шуъбаҳои табобатӣ зиёд ва теъдоди табибони баландихтисос афзоиш ёфта, хизматрасонӣ ба аҳолӣ боз ҳам беҳтар мешавад.

Б. КАРИМЗОДА, «Садои мардум»