Даъвати тирамоҳӣ ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳ

Хизмат ба Ватан вазифаи пуршараф аст

№127 (3112) 10.10.2013

PHOT0108.JPG

Бо Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон аз 29 августи соли 2013 таҳти рақами 1503 «Дар бораи ба эҳтиёт рухсат додани хизматчиёни ҳарбие, ки муҳлати муқарраргардидаи хизмати ҳарбиро  адо намудаанд ва даъвати навбатии шаҳрвандони Ҷумҳурии Тоҷикистон солҳои таваллуди 1986-1995 ба хизмати ҳарбӣ» моҳҳои октябр-ноябри соли 2013 ҷавонони синну солашон мувофиқ ба хизмати ҳарбӣ даъват карда мешаванд.

PHOT0088.JPG

Ҳамасола  мавсими тирамоҳии  даъват ба хизмати ҳарбӣ аз якуми октябр  оғоз мегардад, ки он ҳамчун анъана «Рӯзи даъватшаванда» ном гирифтааст.

Рӯзи аввали даъват ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон ҳавлии комиссариати ҳарбии ноҳияи Ҳисор серодам буд. Ҷавононе, ки  ихтиёран ба хизмати ҳарбӣ рафтан мехостанд, ба он ҷо ҳозир шуда буданд. Ҳар кадоме аз онҳо хизмат ба Модар-Ватанро қарзи  шаҳрвандии худ медонистанд. Бисту чор нафар ҷавонони ба ору номус дар саҳни ҳавлӣ саф кашида, омодаи оғози муоинаи тиббӣ буданд. Даъватшавандагон баъди аз муоинаи тиббӣ гузаштан ба қисмҳои ҳарбӣ фиристода мешаванд.

Дар ҷамъомади тантанавии Рӯзи даъватшаванда раиси ноҳияи  Ҳисор Усмон Сабзов оид ба талабот, низоми хизмат дар қисмҳои ҳарбӣ изҳори андеша карда, ба ҷавонон фаҳмонд, ки ҳангоми хизмат талаботи Оинномаи хизмати ҳарбӣ, амру фармони командиронро иҷро намоянд, дар хизмат намуна бошанд.

-Мехоҳам, ки ба номи падару модаронатон, комиссариати ҳарбии ноҳия аз номи роҳбарияти қисмҳои низомӣ танҳо раҳматномаю сатрҳои  миннатдорӣ расад, — гуфт Усмон Сабзов.

Дар ҷамъомад инчунин собиқадорони ҷанги Афғонистон ва меҳнат, падару модарони наваскарон иштирок намуда, суханронӣ карданд ва  изҳор доштанд, ки хизмат дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ вазифаи муқаддас мебошад. Наваскарон низ зимни суханронии худ ваъда доданд, ки ин вазифаи пуршарафро бо сари баланд  ба ҷо меоранд ва ҳамеша  ба ҳифзи Ватан омодаанд.

- Аз рӯзи аввал маъракаи даъват муташаккилона оғоз ёфт,- гуфт зимни суҳбат ба мо комиссари ҳарбии ноҳияи Ҳисор полковник Бурихон Мирзоев ва афзуд:

- Бояд гуфт, сол аз сол шумораи ҷавонони ихтиёрӣ ба хизматраванда меафзояд. Теъдоди чунин ҷавонон дар мавсими тирамоҳии имсола низ хеле зиёд аст.

Аз суҳбат бо чанде аз наваскарон аз шаҳракҳои Ҳисор, Шарора, деҳоти «Алмосӣ», «Мирзо Ризо», «Ҳисор», «Навобод» ва «Деҳқонобод» маълум гардид, ки онҳо баъди хатми мактаби миёна ба хотири хизмати шоиста баҳри таъмини амнияти халқу Ватани маҳбубамон ба комиссариати ҳарбии ноҳия  муроҷиат кардаанд.

Муҳаммад ЗОКИР, «Садои мардум»