То қабули Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон» маросимҳои мотаму азодорӣ тадриҷан махсусияти худро гум карда, онҳоро дар бисёр маврид аз маъракаҳои хурсандӣ фарқ намекардагӣ шуданд. Дастурхонҳо тӯёна оро дода, одамон гӯё ба тамошо меомаданд. Зери ин намоишкориҳо бошад, миёни хамзадаи соҳиби маърака ва қарзҳои гирифтаи ӯ ноаён мемонд. Танҳо пас аз гузаштани маърака камбағалию тангдастӣ якҷо бо дигар мушкилиҳои рӯзгор бо соҳибхона даст ба гиребон мегардид.
Фарҳанги исломии мо низ оғоз аз Қуръони Карим то ҳадису фатвоҳои бузургон ҷилавгирӣ аз сарфи беҷои молро таълим дода, исрофро инкор кардааст. Худованди мутаъол исрофкориро манъ карда, исрофкунандагонро ба шайтонҳое шабоҳат медиҳад, ки мардумро ба гумроҳӣ мебаранд: «Ба ҳеҷ ваҷҳ исроф макун. Ба дурустӣ, ки исрофкорон бародарони шайтонҳоянд…».
Мутаассифона, теъдоди онҳое, ки имрӯз дидаю дониста талаботи қонунро вайрон мекунанд, кам нестанд. Дар давоми се моҳи соли ҷорӣ дар шаҳри Ваҳдат даҳ қонунвайронкунӣ ошкор карда шуд. Нисбати Давлатов Холбердӣ ва Донаев Мелик (деҳаи Адолати ҷамоати деҳоти «Гулистон»), Қаюмов Абдуалим (деҳаи Дӯстии ҷамоати деҳоти «Гулистон»), Ҳомидов Ашуралӣ (деҳаи Меҳрободи ҷамоати деҳоти ба номи Б.Бурунов), Ҳафизов Ҷурабек (деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти ба номи Карим Исмоилов), Саъдуллоев Раҷабмурод (деҳаи Холмуродии ҷамоати деҳоти ба номи Б.Бурунов), Самиева Зебинисо (деҳаи Қипчоқи ҷамоати деҳоти «Симиганҷ»), Раҷабов Кароматулло (деҳаи Симиганҷи ҷамоати деҳоти «Симиганҷ»), Собиров Ҳоҷӣ (деҳаи Навободи ҷамоати деҳоти ба номи Карим Исмоилов) ва дигарон мавод омода шуда, барои чораандешӣ ба суд пешниҳод гардид. Тибқи қонун, нисбати онҳо ҷазои маъмурӣ дар намуди ҷарима татбиқ шудааст.
Пешравиҳои зиёде дар татбиқи қонуни мазкур вуҷуд доранд. То қабули ин қонун, ки қонуни миллӣ номида мешавад, давомнокии ҷашну маросимҳо аз ду то чор рӯз ба муддати аз ҳашт то даҳ соат давом карда, хароҷот ниҳоят калон мешуд. Баъди қабули қонун давомнокии ҷашну маросимҳо то се соат муқаррар шуда, хароҷот се маротиба кам гардидааст.
Масъалаи дигари доғи рӯз ин тақдими сарулибос ба меҳмонони тарафайн буд. Ин ҳам пас аз амали қонун аз байн бурда шуд. Қонун пеши роҳи маъракаҳои серхароҷоту серташвишро гирифта, гузаронидани онро дар чорчӯбаи муайян танзим намудааст.
Айни замон дар шаҳри Ваҳдат 12 комиссияи доимии маҳаллӣ ва 115 комиссияи ҷамъиятӣ таъсис шудааст. Фаъолияти кори комиссияҳои мазкур таҳти назорати қатъии роҳбарияти Мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳри Ваҳдат қарор дорад. Дар ин самт фаъолияти пурсамари комиссияҳои доимии ҷамоатҳои шаҳраку деҳоти Карим Исмоилов, Нуъмон Розиқ, Раҷаб Исмоилов ва Баҳор назаррас мебошад.
Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Ваҳдат таҳти роҳбарии бевоситаи раиси шаҳр Амирзода Раҳмоналии Амир барои татбиқ ва амалӣ гардидани қонуни мазкур аз тамоми имкониятҳо истифода мебарад. Дар шаҳри Ваҳдат мунтазам корҳои фаҳмондадиҳӣ гузаронида мешаванд. Роҳбарияти мақомоти иҷроияи маҳаллии ҳокимияти давлатии шаҳр ҷиҳати риояи ҳатмии қонуни мазкур доимо корбарӣ менамояд. Чанде қабл дар бинои маҷлисгоҳи мақомот бо иштироки раиси шаҳр, роҳбарони мақомоти ҳифзи ҳуқуқ, раисони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот, раисони кумитаҳои маҳалла ва имомхатибони масҷидҳои ҷомеъ ва панҷвақта ҷамъомад доир гардид. Масъалаҳо вобаста ба иҷрои талаботи қонунҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи танзими анъана ва ҷашну маросимҳо дар Ҷумҳурии Тоҷикистон», «Дар бораи озодии виҷдон ва иттиҳодияҳои динӣ», «Дар бораи масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд» ва баргардонидани ҷавононе, ки ғайрирасмӣ дар таълимгоҳҳои мамлакатҳои хориҷӣ таҳсил менамоянд, мавриди баррасӣ қарор ёфт.
Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Ваҳдат бо шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон, Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, мақомоти ҳифзи ҳуқуқ ҳамкории зич дорад. Аз ҷониби шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон ба комиссияҳои доимӣ ва ҷамъиятии шаҳри Ваҳдат дастурамалҳои методӣ дар самти танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллӣ расонида шуд. Дар ҳамкорӣ бо Раёсати танзими анъана ва ҷашну маросимҳои Кумитаи оид ба корҳои дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон дар ҳудуди шаҳр рейду санҷишҳо гузаронида мешавад. Натиҷаи ин ҳамкориҳо буд, ки соли 2013 дар шаҳр 20 адад қонунвайронкунӣ ошкор ва пеши роҳи зиёда аз 50 адад қонунвайронкунӣ гирифта шуд.
Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон муҳтарам Эмомалӣ Раҳмон дар ин маврид таъкид доштанд, ки мо вазифадорем расму оинҳоро аз хурофоту таассуби барои имрӯзу ояндаи ҷамъият номатлуб тоза созем, онҳоро, бо дарназардошти имкониятҳои иқтисодиву иҷтимоӣ ва фарҳангии худамон, танзим намоем.
Ҷумҳур ҶАЪФАРЗОДА, узви Комиссияи доимии танзими анъана ва ҷашну маросимҳои шаҳри Ваҳдат, Аълочии матбуоти Тоҷикистон