Пули мошингузари болои дарёи Рағобаи деҳоти «Хонақоҳи Кӯҳӣ»-и ноҳияи Ҳисор солҳо вайрону валангор буд ва тавассути он пиёдагардон бо мушкилии зиёд мегузаштанд. Мардуми деҳа мошинҳояшонро дар он сӯи дарё монда, ба хонаҳояшон мерафтанд. Хушбахтона, ин душвории сокинонро марди саховатпеша Музаффар Рафиев бартараф сохт. Мавсуф ба ҷойи кӯпруки фарсуда пули калони мошингузари мустаҳкаме бунёд карда, ба истифодаи мардум вогузор намуд. Сокинони деҳа аз кори хайри ин марди наҷиб хурсанд буда, дар ҳаққаш дуои нек мекунанд.
Раҳмоналӣ ҲАБИБОВ, «Садои мардум»